12 ноя 14:41Ахбор / Варзиш

ФУТБОЛ БА НАЗДИ ШУМО МЕОЯД

   Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар марҳилаи ҷамъбастии Фестивали “Футбол ба назди Шумо меояд” баргузор гардид. Мақсади асосии баргузории Фестивал тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммави гардонидани футбол, дарёфти истеъдодҳои нав миёни кӯдакону наврасон ва ҷалби онҳо ба футбол мебошад. Фестивали мазкур дар доираи ҳамкориҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати мобилии “Tcell” ташкил ва гузаронида шуд.

Дар фестивал 16 даста аз шаҳру навоҳии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон байни ҳам рақобат намуданд. Дар натиҷа, кӯдакони 6-7  сола (U-7)-и ноҳияи Ёвон ҷойи аввал, дастаи ноҳияи Шаҳритус ҷойи дуюм ва дастаҳои аз шаҳру ноҳияи Бохтару Балхӣ ба гирифтани ҷоий сеюм сазовор гардиданд. 

Миёни кӯдакони 8-9 сола (U-9) дастаи ноҳияи Балхӣ ҷойи аввал,  гурўњи кӯдакони Ёвон ҷойи дуюм ва дастаҳои аз ноҳияњои Бохтар ва Н. Хусрав ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.

Миёни кӯдакони 10-11 сола (U-11) бошад, дастаи кӯдакони ноҳияи А. Ҷомӣ ба гирифтани ҷойи аввал, дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Шарҳритуз ва  Панҷ зинаҳои баъдиро соҳиб шуданд. 

Минёи наврасони 12 сола дастаи шаҳри Бохтар - ҷойи якум, Ҷ. Балхӣ - ҷойи дуюм, ноҳияҳои Н. Хусрав ва Ёвон соҳиби ҷойи сеюм шуданд.  

Ҳамзамон, Умар Мирзоқулов, Хайрандеш Кабутов, Абдуҷаббор Ҳакимов, Муҳаммад Зоиров, Ҷаҳонгир Элмуродов, Юсуф Мирзоев, Самандар Ҳамроқулов, Қурбон Чиллаев, Шодмеҳр Шокиров беҳтарин бозингарон дар синну соли худ дониста шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд. 


Толибзода Толиб
Добавить комментарий