Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ВАЗЪИ ДОРУСОЗИИ ВАТАНӢ
Замони соҳибистиқлолӣ соҳаи фармасевтии мамлакатамон ду марҳилаи мавҷудияти худро паси сар намуд. Нахуст даврони нигоҳдории комёбию иқтидорҳои аз замони Шўравӣ мерос монда ба шумор мерафт. Ин марҳила хеле сангин ва бемуваффақият буд, зеро тамоми имконияту иқтидорҳои мавҷуда аз даст рафта буданд. Муассисаҳои истеҳсолӣ ба яғмо рафтанд ва ё хусусӣ гардонида шуда, самти фаъолияташон тағйир дода шуд. Мутахассисон асосан ба савдо майл пайдо карданд, зеро истеҳсолот ба тамом аз байн рафт. Сатҳу сифати тайёр кардани мутахассисон дар донишгоҳи тиббӣ ва коллеҷу омўзишгоҳҳои соҳа ба ҳадди нигаронкунанда коҳиш ёфт. Дар солҳои нахустини истиқлол ба сабабҳои маълум касе ҷуръат намекард, то ба истеҳсол машғул шавад. Дар он даврон ҳатто фабрикаи замони Шӯравӣ маъруфият пайдокардаи пойтахт кор намекард.
Баъдан, солҳои пеш чанде аз ширкатҳои дорусозии Миср, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Эрон, хоҳиши ба бозори фармасевтии Тоҷикистон ворид шуданро доштанд. Лекин бо сабабҳои номаълум аз раъйяшон гаштанд. Аз сӯи дигар, ширкатҳои азими тавлидотӣ ҳеҷ гоҳ дар мамлакатҳои аҳолиашон кам ва бозори истеъмолиашон маҳдуд истеҳсолотро ба роҳ намемонанд. Ин ширкатҳо танҳо намояндагии худро барои ҷустуҷў ва мусоидат ба ворид кардани маҳсулоти тайёри худ ба бозори чунин давлатҳо таъсис медиҳанду тамом. Ҳамин тавр, кишварамон бо маводи давоии аз ҳисоби воридот ва ёрии башардўстонаи созмонҳои байналмилалӣ ва мамлакатҳои дохилшаванда вобастагӣ пайдо кард.
Набудани назорати дуруст ҳатто овозаҳоро дар бораи ба партовгоҳи доруҳои тақаллубӣ ва пастсифат табдил ёфтани мамлакат тақвият мебахшид. Ҷустуҷў ва заҳмати афроди ватандўст аз як тараф, аз ҷониби дигар талаботи замон буд, ки соҳаи фармасевтии мамлакат ба марҳилаи нави мавҷудияти худ бирасад.
Марҳилаи дуюм аз аввали солҳои 2000-ум ибтидо мегирад, ки ин давра замони эҳё ва рушди соҳа ба шумор меравад. Таваҷҷуҳи ҳукумат ба соҳа қатъӣ гардид, назорати соҳа ба сатҳу сифати нав ворид шуда, ба бесарусомониҳо хотима дода шуд. Чунончӣ, савдои дорувориро аз кўчаю дуконҳои ҳолати ғайрисанитаридошта ба дорухонаҳо ва дуконҳои тозаю барҳаво ва дорои тамоми шароити нигоҳдорӣ ва хизматрасонӣ интиқол доданд. Ин марҳилаи рушд дар таърих ҳамчун замони муҳайё гардидани имконияти васеъ барои машғул шудан ба фаъолияти фармасевтӣ, интихоби озод дар тавлиду воридот ва содироти маҳсулоти фармасевтӣ сабт мегардад.
Маҳз ба шарофати сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар соҳаи мазкур бесобиқа рушд намуда, заминаи моддию кадрӣ ва техникии муассисаҳои дорусозӣ беҳтар гардонида шуданд.
Дар солҳои охир, баъди қабули Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва сиёсати давлатии доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳбудии равандҳои танзими фаъолияти фармасевтӣ ва сифати маводи доруворӣ, дастрасии иқтисодии онҳо дар кишвар ҷиҳати такмили сохтори мақомоти назоратию иҷозатдиҳанда, таҳияи заминаи қонунгузории бахши фармасевтӣ ва истифодаи самарабахши маводи доруворӣ корҳои азим анҷом дода шуд.
Бо мақсади мубориза бо муомилоти маводи дорувории қалбакӣ (фалсификатсияшуда) соли 2008 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд.
Бо назардошти он, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо” фаъолият дар соҳаи муомилоти воситаҳои дорувории нашъадор монополияи давлатӣ баҳисоб меравад, ба Қонуни мазкур тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд, ки боиси афзоиши дастрасии воқеӣ будани маводи дорувории зикршуда гардид.
Имрўзҳо дар мамлакат зиёда аз 1300 муассисаи дорухонагӣ ба тавлидот, воридоту содирот ва таъмини аҳолӣ, муассисаҳои тиббӣ бо давоиёт машғул аст. Барои тавлидот ҳарчанд бозор маҳдуд аст, ба ҳар ҳол талабот ҳаст, инчунин аз ҷиҳати ашёи аввалия ва мутахассисон мушкилӣ намекашем.
Бо фароҳам омадани амнияти сиёсӣ, мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ ба шароити кунунӣ ва ба танзим даромадани бозори маҳсулоти фармасевтӣ ба бозори фармасевтии мамлакат соҳибкороне роҳ ёфтанд, ки дар баробари воридоти маҳсулоти тайёр инчунин ба истеҳсоли дорувориҳо дар асоси ашёи хоми ватанӣ ва субстансияҳои воридотӣ машғул мешудагӣ шуданд. Бо ташкили корхонаю коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ дар мавзеъҳои наздик ба макони дастрасӣ ба ашёи аввалия ва бозори истеъмолӣ, ин муассисаҳои истеҳсолӣ айни замон мувофиқи талаботи бозори дохила маҳсулот истеҳсол мекунанд. Бо ин васила имрўзҳо панҷ то даҳ дарсади талаботи дохилӣ ба дорувориро истеҳсолкунандагони ватанӣ таъмин мекунанд. Чунончӣ ширкатҳои “Тиб барои шумо”, “Шабнам-ШАР”, “Авитсена”, “Кўҳҳои Тоҷикистон”, “Сафар-фарма”, ҶСП “Аввалин”, ҶДММ “Мину-фарм” ҶДММ “Амон-Ш” ҶДММ ”Фарм текс”, ҶДММ ”Ғолиб Холов” ба истеҳсоли навъҳои тазриқии давоиёт аз қабили новокаин, витаминҳои гуногун, ҳалкунандаҳо, малҳамҳо, ҳабҳо, маводи таъиноти тиббию гигиенӣ, маводи доруворӣ дар асоси гиёҳҳои доруии мамлакат машғул шудаанд. Ин ширкатҳо маводи аввалия ва борпечҳоро асосан аз Чин, Россия, Қазоқистон, Эрон, Ҳинд дастрас мекунанд. Дар ҳар минтақаи мамлакат алҳол истеҳсоли маводҳои бандина, тамизкунандаи таъиноти тиббию гигиенӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҷануби кишвар ширкатҳое ба мисоли ҶДММ “Мину-фарм”, ҶСП “Аввалин” арзи ҳастӣ доранд, ки фаъолияташон ба коркард ва истеҳсоли ашёи хоми ватанӣ нигаронида шуда, маҳсулоти истеҳсолкардаашон барои содирот пешбинӣ шудааст. Дар баробари он ки ширкати дигар низ ҳавасмандии худро барои ташкили истеҳсолот изҳор намудаанд, ҳамчунин, чанде аз дорухонаҳои истеҳсолӣ, ки замони Шўравӣ фаъол буданд ва минбаъд аз нав эҳё шуда, ба тайёр кардани давоиёт дар асоси дархости инфиродии табибон ва талаботи муассисаҳои табобатию пешгирикунанда машғул шудаанд.
Ғайри ин арзиши пасттар доштани маводҳои доруии воридотӣ назар ба давоиёте, ки дар дохил имкони тавлидро доранд, истеҳсолкунандагони ватаниро аз таваккал кардан бозмедоранд. Ин омилҳо сабаб шуданд, ки дорухонаҳои истеҳсолӣ алҳол имкони тайёр кардани доруҳои тазриқӣ, стерилишуда ва мураккабтаркибро надоранд. Аммо мувофиқи имконияти мавҷуда малҳаму хокаҳо, омехтаи гиёҳҳои хушк, маҳлулҳо барои истифодабарии берунӣ ва истеъмоли даруниро тайёр мекунанд. Иқтидорҳои истеҳсолӣ нишон медиҳад, ки бо ҳамаҷониба дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони ватанӣ, додани бартарӣ ва имтиёз онҳо метавонанд, ки фаъолияташонро густариш диҳанд ва як қатор маводи муҳим ва рақобатпазирро бевосита худ истеҳсол кунанд. Ба монанди маҳдуд кардани воридоту содироти рустаниҳои давоӣ ва омехтаи онҳо, маҳдуд кардани воридоти маводҳои бандина ва гигиенӣ, аз қабили пахтаи тиббӣ, дока, маҳлулу малҳамҳо, дигар шаклҳои давоӣ ва маводи сермасрафе, ки имконияти дар дохил ба роҳ мондани истеҳсолоташон мавҷуд аст. Аз андозҳо озод кардан ва ё кам кардани андоз аз воридоти маводи аввалия барои тавлиди доруҳо дар дохил, то як муддат коҳиши андозбандии ширкатҳое, ки бевосита ба истеҳсоли давоиёт машғуланд. Дар васоити ахбори умум дуруст ба роҳ мондани тарғиби маҳсулоти ватанӣ ва бартарӣ додани онҳо барои роҳёбӣ то ба истеъмолкунандагон.
Ҳамаи ин боис мегардад, ки неруи тавлидотӣ дар мамлакат афзун ва мутахассисони соҳа бо ҷои кор таъмин шаванд. Ҳамзамон, назорат аз болои сифатнокӣ, судмандӣ, бехавфии давоиёт беҳтар ба роҳ монда шуда, арзиши маҳсулот коҳиш меёбад. Ҳамин тавр, бо муҳайё гардидани шароит ба бозорҳои хориҷа роҳ ёфтани маҳсулоти бо тамғаи “ Made in Tаjikistаn» имконпазир мешавад ва барои то 40%-и талаботи дохилиро таъмин кардани иқтидорҳои истеҳсолӣ ба давоиёт имконпазир аст.
Имрўз низ барои машғул шудан дар соҳаи фармасевтӣ тамоми мушкилот рафъ нагардидааст. Дарёфти роҳу усули бартараф кардани мушкилот масъалаи мубрам ба шумор меравад. Ин мушкилот бастагӣ дорад ба чанд омил, ки монеи аслии ба марҳилаи нави рушди худ расидани соҳа дониста мешавад. Аз қабили баланд будани тарифи андозҳо, гаронии фоизи қарзҳои бонкӣ, маҳдуд будани муҳлати баргардонидани қарзҳои бонкӣ, бо кундӣ татбиқ гардидани равзанаи ягонаи муроҷиати соҳибкорону ширкатҳои фармасевтӣ ба муассисаю мақомоти ваколатдори ҳукуматӣ, ки мутмаинам бо мурури вақт бартарафшавандаанд.
Абдураҳимзода К. Қ. сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ
ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
Наздики 20 километр заҳбуру заҳкашҳо тоза карда шуд 14:48БОХТАР. АРЧАИ СОЛИНАВӢ ҚОМАТ АФРОХТ 14:10ТАДБИРҲОИ ОБОДОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР 15:25ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД 13:51Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ 12:11Тақдими 30 ҳазор сомонӣ ба дастаи“Бохтар – ситӣ” 14:31Кӯшониён. Аёдати оилаҳои сарбозони шаҳидшуда 13:54Дар ноҳияи Вахш панҷ бинои баландошёна бунёд мешавад 14:12
Серхонандаҳо
БЕШ АЗ 2940 КОМПЮТЕР ТАЪМИР КАРДА ШУД
ИМЗОИ СОЗИШНОМАҲО БА МАБЛАҒИ 8 МИЛЛИОН ЕВРО
Кӯшониён. Тақдими сару лисоби зимистона ба ятимони кул
“ХАТЛОН – 1” МАҚОМИ АВВАЛРО ИШҒОЛ НАМУД
БЕШ АЗ 3 ТОННА МАҲСУЛОТИ ПАСТСИФАТ НОБУД КАРДА ШУД
ВАХШ. 23 СИНФХОНАИ ИЛОВАГӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
САОДАТИ БУЗУРГ - РӮЗИ ЭҲЁИ ВАТАН
ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ХАТЛОН
Ҷ. БАЛХӢ. ҶУДОШАВИИ ОИЛАҲО КОҲИШ ЁФТААСТ
ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ ҲАМА СОҲАҲО БА ЗИМИСТОН ОМОДААНД