Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
01 сен 17:50АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Иҷтимоъ / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ
ҶАЙҲУН. БУНЁДКОРӢ МАРОМИ СОКИНОН ГАШТААСТ
Чун дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори Хатлонзамин ба хотири шоиста истиқбол гирифтани ҷашни пурифтихори миллат, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкорӣ бомаром идома доранд.
Дар ноҳияи Ҷайҳун низ ба ифтихори ин санаи муборак дар баробари истеҳсоли фаровони маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун вусъати тоза касб кардааст. Мардуми шарафманду меҳнатқарини ин ноҳия азму талош доранд, ки дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гӯшаи диёрро боз ҳам ободу зебо намуда, ин санаи таърихиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоянд.

Тавре зимни суҳбат раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз иброз намуд, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёди 294 иншооти таъиноташ гуногун ба нақша гирифта шуда буд. Чун саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша зиёд мушоҳида гардид, нақшаи иловагӣ тартиб дода шуда, боз бунёди чанд иншооти дигар ба нақша гирифта шуд. Дар маҷмӯъ то инҷониб 299 иншоот ба истифода дода шуд, ки дар онҳо зиёда аз 400 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва муваққатӣ таъмин шуданд.
Иншооти бунёдшуда, ба монанди таваллудхона, боғи фарҳангию фароғатӣ, 13 адад майдончаҳои варзишӣ, 12 бунгоҳи тиббӣ, 8 нуқтаи хатна, 75 синфхонаи иловагӣ, корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ буда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум ҳиссаи арзанда мегузоранд. Илова бар ин дар ноҳия корхонаи банду басти маҳсулоти кишоварзӣ, бунёд гардид, ки маҳсулотро банду басти зебо карда, ба хориҷи кишвар содирот менамояд.
Инчунин 65 километр роҳҳои маҳаллии ҳудуди ноҳия мумфаршу сангфарш гардида, 104 кӯчаҳои шаҳраку деҳот чароғон карда шуданд. Ҳамзамон дар 14 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд, ки умедворем то ин ҷашни фархунда мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
-Итминони комил дорам, ки мардуми ба нангу ори ноҳияи Ҷайҳун зери сиёсати дурбинонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама аз як гиребон сар бароварда, ин гӯшаи зархези диёрро боз ҳам ободтару зеботар менамоянд. Илоҳо ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва Истиқлолияти комил дар Тоҷикистони азизи мо то абад устувору поянда бошад,- гуфт дар фарҷоми суҳбат раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз.
Сулаймон СУЛТОНОВ, ноҳияи Ҷайҳун
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД



