Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД
Бо мақсади вусъат бахшидани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рӯзи 23-юми июли соли ҷорӣ сафари кории ҳайати вилояти Хатлон бо роҳбарии раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз гардид. Дар ин сафар инчунин раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ширкатҳо, палатаи савдо ва саноати вилоят ва соҳибкорон иштирок намуданд.

Сафари корӣ ду рўз давом карда, ҳайати вилоят аз корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар инфрасохтори вилояти Сурхондарё дидан хоҳанд кард.
Тавре сармуҳаррири нашрияи вилоятии “Хатлон” Носирҷон Маъмурзода, ки дар ин гурўҳи корӣ шомил аст, дар саҳифаи фейсбукии хеш иттилоъ додааст, миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ӯзбекистон соли 2018 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
“Имрӯз ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар муқоиса ба соли 2015-ум 30 маротиба афзуда, роҳбарони ду мамлакат вазифагузорӣ кардаанд, ки гардиши тиҷоратиро ба 500 миллион доллари амрикоӣ ва дар дурнамо то як миллиард доллар расонанд”,-навиштааст Н. Маъмурзода.
Сулаймони Давлат
Аксҳо аз саҳифиаи фейсбукии Носирҷон Маъмурзода
Добавить комментарий
Ахбор
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД



