Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
МУЛОҚОТИ ХАЙРУЛЛО АМОНУЛЛО БО ҲАЙАТИ МЕҲМОНОНИ ХОРИҶӢ
Нимаи дуюми рӯзи, 21 октябр, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти муовини якуми раиси вилоят Хайрулло Амонулло бо роҳбари дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Душанбе Валериу Кивер сурат пазируфт. Тавре аз Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар доданд муовини якуми раиси вилоят ҳайати меҳмононро ба Бохтар хайрамақдам гуфта, қайд кард, ки дар асоси мувофиқаҳои дар миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҳосилшуда ҷиҳати рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбию ҳифзи сарҳадот тадбирҳои мушаххас амалӣ шудаанд.
Дар мулоқот зикр шуд, ки бо ҷалби мутахассисони САҲА тӯли 25 соли фаъолияти ин ташкилот дар Тоҷикистон дар самти поккории маҳалҳои наздисарҳадӣ аз минаҳо, таҳкими ҳифзи сарҳадот, вусъат бахшидани кори Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия дар назди ВКД ва раёсату шуъбаҳои он дар маҳалҳо як қатор корҳои назаррас ба анҷом расидаанд.
Валериу Кивер, роҳбари дафтари САҲА дар Душанбе, гуфт, ки ин ташкилот ба рушди равобит бо Тоҷикистон, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, алоқаманд буда, азм дорад, ки ҳамкориро дар самти ҳифзи сарҳадот, бо таҷҳизоти лозимии марзбонӣ таъмин намудани қисмҳои ҳарбӣ, фаъолгардонии кори шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия, ташкили давраҳои омӯзишӣ тақвият бахшида, инчунин дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию экологӣ низ саҳм гузорад.
Хайрулло Амонулло, муовини якуми раиси вилоят, доир ба зарфиятҳои иқтисодии Хатлон ба ҳайати меҳмонон маълумот дода, аз ҷумла қайд кард, ки айни ҳол дар вилоят 542 корхонаи саноатӣ фаъолият доранд. Ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар 9 моҳи соли равон ба 5,7 миллард сомонӣ расидааст.
Дар ҳудуди вилояти Хатлон се минтақаи озоди иқтисодӣ: МОИ “Данғара”, МОИ “Панҷ” ва МОИ “Кӯлоб” фаъолият мекунанд. Танҳо дар МОИ “Данғара” 52 субъект ва дар МОИ “Панҷ” 41 субъект ба қайд гирифта шуда, аксари онҳо аллакай ба истеҳсолот машғуланд.
Инчунин зикр гардид, ки айни ҳол дар вилоят 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 453,3 миллион доллари амрикоӣ амалӣ гардида, ба қадри 1,6 миллиард доллар сармояи хориҷӣ лоиҳаҳо татбиқ шуда истодаанд.
Муовини якуми раиси вилоят Х. Амонулло бо изҳори қаноатмандӣ аз ҳамкориҳои хуб бо ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ гуфт, ки онҳо дар якҷоягӣ бо мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои пешрафти хоҷагии вилоят саҳми арзанда мегузоранд ва нақши онҳо дар таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ калон аст.
Ҷонибҳо бо баррасии масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳ изҳори итминон намуданд, ки дар оянда ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла бехатарӣ дар сарҳадот, поккунии минаҳо, иқтисоду ҳифзи муҳити зист вусъат хоҳанд ёфт.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН 13:32БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД 14:02АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ 13:58РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД 16:52ЭҲЁИ АДОЛАТИ ТАЪРИХӢ 12:56ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД 15:47Ҳамоиш таҳти унвони "Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад" 12:36
Серхонандаҳо
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036»
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
НОРАК. 194 ИНШООТИ ТАЪИНОТИ ГУНОГУН БУНЁД ШУД
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
БОХТАР. ФУТБОЛИ ЗАНОНА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ЯК СИМОЮ ЯК САДО, АММО ДУ САРНАВИШТ
ДАҲСОЛАИ СУЛҲ: ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНИИ ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН
АЗ УМЕД ТО ХАТАР