Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ "ОБОДГАРИ ВАТАН" МУАЙЯН ШУДАНД
Озмуни вилоятӣ таҳти унвони “Ободгари Ватан”, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ эълон гардидааст, аз рӯйи натиҷаҳои семоҳаи сеюми соли 2019 ҷамъбаст ва ғолибони он муайян шуданд. Бино ба иттилои Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибкорон, шахсони ташаббускору саховатпеша, ки саҳми худро дар корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят гузоштаанд, аз ҷониби Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода Сипоснома ва ҳадяҳои хотиравӣ тақдим шуд.
Дар асоси хулосаи комиссияи тадорукотӣ шахсони зерин ғолиби озмуни вилоятии “Ободгари Ватан” дониста шуданд:
1. Умар Раҳматов, соҳибкори инфиродӣ аз шаҳри Бохтар, барои сохтмони майдончаи варзишӣ;
2. Дӯстмурод Азимов аз шаҳри Кӯлоб, барои саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ;
3. Меҳроҷ Давлатов аз ноҳияи Восеъ, барои саҳмгузорӣ дар бунёди мактаб бо 340 ҷойи нишаст дар як баст;
4. Сангалӣ Юсупов аз ноҳияи Вахш, барои бунёди беморхонаи клиникӣ;
5. Моҳинав Раҳмонова аз ноҳияи Балҷувон, барои бунёди корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахш;
6. Идихон Сафаров аз ноҳияи Муъминобод, барои корхонаи меваю сабзавот ва меҳмонхона;
7. Лутфия Арсланова аз ноҳияи Дӯстӣ, барои бунёди коргоҳи дӯзандагӣ ва нонпазӣ;
8. Абдулмаҷид Ятимов, барои бунёди варзишгоҳи интегралӣ;
9. Далер Қунғуротзода аз ноҳияи Данғара, барои саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ;
10. Файзулло Ҷамилов аз ноҳияи Данғара, барои саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ;
11. Абдусаттор Сафаров аз ноҳияи Данғара, барои саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ;
12. Муродҷон Самиев аз ноҳияи Данғара, барои саҳми арзанда дар корҳои ободонию бунёдкорӣ;
13. Усмон Диллоев аз ноҳияи Қубодиён, барои бунёди бунгоҳи тиббӣ;
14. Абубакр Аҳмадхоҷаев аз ноҳияи Ҷ. Балхӣ, барои бунёди муассисаи таълимӣ;
15. Маҳмадалӣ Раҳимов аз ноҳияи Ховалинг, барои бунёди меҳмонхона, коргоҳи дӯзандагӣ;
16. Ҷумъахон Қосимов аз Ховалинг, барои кашидани хатти оби нӯшокӣ ва сохтани чоҳи амудӣ;
17. Абдусалом Ҳақназаров аз ноҳияи М.С.А. Ҳамадонӣ, барои барқарорсозии роҳ ва девори атрофи беморхонаи рақамӣ;
18. Нурмаҳмад Шоев аз ноҳияи Балҷувон, барои бунёди толори варзишӣ.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ғолибони озмуни вилоятӣ пирӯзиҳои наву комгорӣ орзу карда, барои саҳми муносибашон дар корҳои ободонию созандагӣ изҳори сипос намуданд.
Мақсад аз гузаронидани озмуни “Ободгари Ватан” беҳтар намудани шароити зисту зиндагии маишии аҳолӣ, суръат бахшидан ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, ободу зебо гардонидани кӯчаю деҳаҳо ва саҳм гузоштан дар ободии маҳалли худ мебошад.
Озмун давоми солҳои 2019-2021 идома ёфта, ҳар семоҳа аз он натиҷагирӣ карда мешавад.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ 13:25ХАТЛОН.РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН ТАҶЛИЛ ГАРДИД 15:18ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БОРИ НАХУСТ КУРСИ АЗНАВТАЙЁРКУНИИ КАДРҲОИ ДАР ЗАХИРАБУДАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ РОҲАНДОЗӢ ГАРДИД 11:12ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 10:05НАХУСТНАМОИШИ “МЕТРАНПАЖ” ДАР ТЕАТРИ ВИЛОЯТӢ 10:56ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК 10:49ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН 16:35Хунёгари нағмаҳои дилнавоз 10:40
Серхонандаҳо
МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АЗНАВСОЗӢ ВА ТАЪСИСИ МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТИИ БА НОМИ ШАМСИДДИН ШОҲИН ВА ОҒОЗИ АЗНАВСОЗИИ КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
ЁВОН. БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ РАФТИ БАРТАРАФСОЗИИ ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ВА СУҲБАТ БО СОКИНОНИ ЗАРАРДИДА
ҶАЙҲУН. 1,1 КИЛОМЕТР РОҲ МУМФАРШ КАРДА ШУД
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ЛЕВАКАНТ. НИЁЗМАНДЕ СОҲИБИ ХОНА МЕШАВАД
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ НЕРУГОҲИ БАРҚИИ ОФТОБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД
ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГ - НИШОНАИ ЭҲТИРОМ БА ТАЪРИХ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА АЁДАТ ВА ТАБРИКИ ИШТИРОКДОРИ 103-СОЛАИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ РАФТАНД
ҶАВОНОН ВА МАСЪУЛИЯТИ ОИЛАДОРӢ
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ МУАССИСАИ ТОМАКТАБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН БОЗДИД НАМУДАНД