Нақши китоби «Тоҷикон» дар шинохти хештан

Хирадманде гуфтааст: “Шарт нест, ки барои аз байн бурдани як миллат китобҳояшро бисӯзонед. Фақат коре кунед, ки мардумонаш китоб нахонанд”.    
    Тоҷик аз бостон то остон ба китоб арҷ мегузошт ва барои дар кӯрароҳи зиндагӣ, ба вижа, дар гирудорҳои замонаҳои ошуфтабор аз ёд набурдани хотираи таърихии худ ва роҳи ростро аз норост ҷудо кардан, офаридаҳои гузаштагонро меомӯхт ва омӯзаҳои нав меофарид. Аз таърих огоҳем, ки ҳамлаварони ҳарису бадхоҳ борҳо сарзамини сарсабзу обшор, ороставу перостаи онҳоро дида, бо ҳилаҳову шабехунҳо бар сарашон метохтанд ва дороияшонро рабуда, китобҳояшонро месӯзонданд ва андешаву биниши ноёбашонро аз худ медонистанд. Аммо доноёни сарбаланду бузурге дубора пайдо мешуданд, ки хома ба даст гирифта, кӣ будани мардумонашро, саргузашти ҳазорсолаҳои фарҳанговариашонро нигошта, дар пеши рӯйи ҳама ҷаҳониён мегузоштанд.
    Искандари Макдунии ғоратгар, ки китоби муқаддаси “Авасто”-ро ба оташ афканд, натавонист суханҳои оташини онро аз синаҳои миллионҳо тоҷикзодагон битарошад. «Авасто» аз забон ба забон, аз дил ба дил гузашта, то ба замони мо омада расид. Дар пиромуни китобсӯзиҳои ҳамлаварони араб порае аз гуфтаҳои донишиёни худи араб ва тоҷикро меоварем. Ибни Халдун, ки дақиқтарин ва бузургтарин ҷомеашинос ва таърихнигори араб буд, дар бораи сӯзондани китобҳои тоҷикон чунин мегӯяд: "Вақте ки Саъд ибни Аби Ваққос ба Мадоин расид, дар он ҷо китобҳои зиёдеро дид. Вай ба Умар ибни Хаттоб нома навишта, дар бораи ин китобҳо пурсид. Умар посух дод, ки ҳамаро ба об партоед, ки агар он чӣ дар ин китобҳо ҳаст, роҳнамо бошад. Худо ба мо ҳидоят фиристодааст ва агар сабаби гумроҳӣ дар он китобҳо набошад, Худо моро аз онҳо ҳифз кардааст. Аз ин сабаб, онҳо ҳамаи он китобҳоро ба об ё дар оташ партофтанд. (Абдулҳусайни Зарринкӯб, “Ду асри сукут”).
   Абурайҳон Берунӣ дар китоби худ «Осор – ул - Боқия» дар ин бора менависад: «Вақте ки Қутайба Ибни Муслим Сардор Ҳаҷҷоҷ бори дувум ба Хоразм рафт ва онро кушод, касе ки хатти хоразмӣ менавишт ва аз таърих, илмҳо ва хабарҳои гузашта бохабар буд, бидуни дудилагӣ аз теғи риштарошӣ мегузашт ва коҳинону чӯпонон ба таври умда мардум ва китобро комилан несту нобуд мекард. Ҳашан ҳамаи онҳоро сӯзонд ва нобуд кард….» 
   Бад-ин тартиб сарзамини Хуросон аз китоби саргузашти  тоҷиктаборон, омӯзаҳои илму фарҳанги онҳо тиҳӣ гашт. Аммо модари Ватан писареро бо номи Фирдавсӣ ба мардумаш бахшид, ки бо сухани раъдосову ҳикматбор саргузашти бунёдгарони сарзамини озодзодагонро ба ёд овард. Фирдавсӣ чун бахше аз достонеро меофарид, шогирдони бешумораш онро бознавис карда, дар байни мардум паҳн мекарданд. Гаҳе корвонҳои  ҳанӯз борашонро пурра барои кашондан гирд наоварда, бо халтаи дастхатҳо аз Тӯс ба самти Бухоро, Марв, Нишопур, Шероз ва дигар шаҳрҳои форсигӯён мешитофтанд.
    Замони ҳамлаҳои муғулону туркони бодиянишин низ китобсӯзиҳо поён наёфтанд ва дар рӯзгори ҳамроҳи ҳукуматрониҳои Иттиҳоди Шӯравӣ будан, ба китобҳову офаридаҳои таърихиву адабӣ бо чашмони сиёсӣ нигариста мешуд. Ҳамин буд, ки намояндагони чандин қавмҳои бекитобу бехат, ки  ҳувияти таърихиашон дар навишторҳо сабт нагардидааст, ба ҳувиятсозии норост пардохта, аз роҳи ба раҳгумиҳо афкандани биниши давлатсозони замони шӯравӣ, ҷойгоҳи тоҷиконро дар давлатдориву фарҳанговарии мардумони Варорӯд бисёр хурду ночиз бозтоб намуда, гаҳе асолати миллии онҳоро дар зери қавси шакку тардид мегирифтанд. Маҳз дар ҳамон рӯзгоре, ки оҳангҳои миллатгароӣ ва худбузургбинии тангназарон дар Иттиҳоди Шӯравӣ меафзуд, шахсияти дигари таърихии тоҷикон, аллома Бобоҷон Ғафуров чун Ҳаким Фирдавсӣ қад боло карда, шоҳасари худ «Тоҷикон» - ро ба чоп расонд.
     «Тоҷикон» ба сони раъду барқе буд, ки танинаш гӯё аз осмонҳо ба замин фуруд омад. Ба сони барқе буд, ки ҳама шамъҳои нимхомӯшро фурӯзон кард. Тоҷик дубора бо сари баланд, бо ғуруру ифтихор мегуфт: «Ман тоҷикам! Маро кам набинед. Ман аз он мардумоне мебошам, ки испори барзгарӣ, досу осиёбу кӯзагарӣ ва ҳазорон шеваҳои росту дурусти кору пайкору зиндагиро кашф кардаам. Нахустин хонасозу боғкор, хатнавису нақшорой, шаҳрсозу суханорой будаму мемонам!».
   Аллома Бобоҷон Ғафуров, он давлатмарди  нобиға, бо тамоми ҳастӣ дарк намуд, ки дар пойтахти давлати Иттиҳоди Шӯравӣ – Москва дар сарварии Пажӯҳишгоҳи Шарқшиносии Шӯравӣ, ки яке аз марказҳои бузурги ховаршиносии ҷаҳон буд, метавонад заҳматҳои чандинсолаи худро бо номи «Тоҷикон» ба чоп расонад. Дар акси ҳол дар он муҳити иҳотаи тангназарон ҷой доштан, ин кор берун аз ҳавсалаи як пажӯҳишгар буд. Бигзор он пажӯҳишгар нобиға ҳам бошад.
Ҷолибу писандиданист, ки Бобоҷон Ғафуров дар шоҳкории худ аз «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ чандин бор ҳамчун асари фундаменталии таърихӣ ёд кардааст. «Тоҷикон» асари илмиву пажӯҳишиест, ки ба сони «Авасто» ва «Шоҳнома» дар рӯзгорони  ҳассоси таърихӣ рӯҳи  рӯ ба шикаст ниҳодаи  миллати тоҷикро такон дод, ба худнигарӣ хост ва бо садҳо далелҳои поядори илмӣ решаи дар оби таърих густаришдоштаи онро ба намоиш гузошт. Худбузургбинони тангназар дар доираҳои болоии академӣ ғавғо бардоштанд, ки дар нигориши таърихи Варорӯд ин аз ҳад беш бартарӣ бахшидан ба  тоҷикони дар паҳлӯи дигарон ҷойдошта дониста мешавад. Шикваҳои тангназарон то ба роҳбари давлати Иттиҳоди Шӯравӣ расид, аммо пас аз хулосаи комиссияи баландҷойгоҳи давлатӣ ва тақризҳои донишмандони бузург, китоби «Тоҷикон» дар матбааи Академияи илмҳои Шӯравӣ бо забони русӣ, дар муқоваи зебо, бо аксҳои гӯё ва коғази навъи аъло ба чоп расид. Дастрасӣ ба китобе, ки овозааш дар яки он бидуни хурдтарин реклама дар саросари мамлакати паҳновар интишор ёфт, осон набуд. Ба мо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) хабари аз фурӯшгоҳи китоби «Академкнига», имкони пайдо кардани «Тоҷикон» расид. Мо чор нафар дӯстон ба фурӯшгоҳ шитофтем ва чун ба он ҷо (рӯбарӯи чойхонаи “Роҳат”)  расидем, дар ибтидо ноумед гаштем, зеро навбатҷӯён ниҳоят бешумор буданд. Бо ҳар роҳ тадбире пайдо карда, соҳиби китоби ҷилодор бо муқоваи нақши девори бостон ва бо навиштаҳои заррини “ТОҶИКОН” гаштем. Роҳравон китобро сафҳагардонӣ мекардем ва ҳамзамон пай мебурдем, ки раҳгузарон, бештар душанбегиёни русу аврупоитабор ба чеҳраҳои хушнуди ҷавонони китоб рӯи даст бо нигоҳи хушбин менигаристанд.
    Таҳлилгарони доно даҳаи аввали солҳои 90–уми садсолаи гузаштаро низ ҳассостарин замони буду набуди тоҷикон шуморидаанд ва ин натиҷагирӣ дуруст аст. Аз миёни миллати ба як осонӣ дар вартаи гумномӣ гирифторгашта боз ҳам шахсияте қад боло кард, ки дар баробари барафроштани парчами ба замин афтодаи миллӣ, ба шоҳасари «Тоҷикон» идома бахшид. Бо дили пур метавон гуфт, ки китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» шарҳи дарунмояи шоҳасарҳои миллии тоҷикон- «Шоҳнома» ва «Тоҷикон» мебошад. Агар дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ саргузашт ва андешаварзии миллати тоҷик, гаҳе бо рамзу гаҳе бо овардани далелҳои таърихӣ нигошта шуда бошад ва аллома Бобоҷон Ғафуров дар китоби «Тоҷикон» сарзамини Варорӯдро аз бостон  зистгоҳи тоҷикони ҳунарманду фарҳанговару ободсоз бознамоёнда бошад, дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих», муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеҳни мардумро ба рисолати нигаҳдошти зодбуми ниёкон, худнигарӣ, худсозӣ ва арзиши хештаншиносии миллӣ равона сохтааст. Зимнан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавридҳои муайян рӯ ба «Шоҳнома» ва «Тоҷикон» оварда, хонандаро ба бознигарӣ ва бозбинии шикасту пирӯзиҳои тоҷикон дар масири таърих водоштааст.
Аслан омӯзиши таърих барои сохтани оянда нигаронида шудааст ва дуруст гуфтааст, хирадманди бузурги Чин Конфутсий: «Оне ки гузаштаашро намедонад, ояндаашро сохта наметавонад». 
     Ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди харидорӣ ва ба ҳар хонадони кишвар як ҷилд китоби «Тоҷикон»- и Бобоҷон Ғафуровро ройгон додан, беҳтарин подош ба муносибати ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мебошад. 
Боварам бар он аст, ки ин иқдоми Пешвои миллат дар худсозӣ ва миллатсозии тоҷикон нақши шоистаеро хоҳад дошт. 
  Зафар МИРЗОЁН, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ   

Добавить комментарий