Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ОҒОЗИ САФАРИ КОРИИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ БА ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
Имрӯз, 15 октябр, сафари кории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оғоз гардид. Сарвазири мамлакат бо ҳамроҳии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст дар деҳаи Ҳақиқати ноҳияи Хуросон аз хоҷагии фермерии “Бибиузбекбӣ” боздид карданд. Хоҷагии мазкур соли 2019 дар майдони умумии 883 гектар дар Ҷамоатҳои деҳоти “Ғаллаобод”, “Ҳилолӣ” ва “Қизилқалъа” ташкил шудааст.
Бо дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи хоҷагӣ дар 150 гектар боғи ангури чойлобӣ бо ҳашт навъ бунёд мегардад. Сарвазир ва раиси вилоят бо рафти корҳои тахту ҳамворкунии майдони боғ ва кашидани хатти интиқоли об шинос шуданд.
Пасон Қоҳир Расулзода ва Қурбон Ҳакимзода аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои маркази хизматрасонӣ боздид намуданд.
Маркази хизматрасонӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шуда истодааст. Корҳои сохтмонии иншооти мазкур аз моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, бо ибтикори соҳибкор Мустафо Мирзоев амалӣ мешаванд. Иншоот аз 2 ошёна иборат буда, дар он ташкили ҳаммоми замонавӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, лойдармонӣ ва маркази савдо пешбинӣ гардидааст. Баъди ба истифода додани иншооти мазкур 12 нафар шаҳрвандони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ да ноҳияи Хуросон инчунин сохтмони фермаи бузпарварӣ барои 1000 сар бузи ширӣ аз тарафи ҶДММ Хоҷагии зотпарварии “Саодат” дар деҳаи Гулрези Ҷамоати деҳоти “Ҳилолӣ” ҷараён дорад.
Ба Сарвазири мамлакат маълумот дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи феврали соли 2018 оѓоз гардида, то ин давра зиёда аз 50%-и корҳо иҷро карда шудааст. Арзиши умумии иншоот 14 миллиону 898 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Корҳои сохтмонӣ то охири соли 2019 ба итмом расида, воридоти таҷҳизот ва чорво то ҷашни Наврӯзи соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.
Дар сурати ба истифода додани иншооти мазкур зиёда аз 25 нафар шаҳрвандони ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
Сафари кории Сарвазири мамлакат ба вилояти Хатлон идома дорад.

"САФО"
Добавить комментарий
Ахбор
Гулҳои Гулсара 12:47ПАНДИ МОДАР 12:43Гавҳари зиндагӣ 12:39Як хиёбон дард 12:34ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
МАРДИ МЕҲНАТ
МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ
РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД!