26 сен 11:25АСОСӢ

ХУРОСОН ОБОД МЕГАРДАД

     Симои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон бо шарофати соҳибистиқлолӣ боз ҳам ободу зеботар шуда, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Аз 174 иншооте, ки дар ноҳия то истиқбол аз 30 - солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад, алакай 57 иншооти таъиноти гуногун ба маблағи зиёда аз 20 миллион сомонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 21 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуд. Дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон пеш аз ҳама ба бунёди биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, толорҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳхои тиббӣ диққати бештар додаанд. Дар Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод бинои маъмурии муассисаи давлатии нигоҳдории роҳхои автомобилгарди ноҳия меҳмонхона, ошхона, ҳаммом ва бунгоҳи тиббӣ дар рӯзҳои тантанаҳои 28 - солагии соҳибистиқлолӣ ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин бунёди Маркази саломатии деҳаи Гулрез аз ҳисоби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Саодат» бо шаш утоқи корӣ ба истифода дода шуд. Ин имкон фароҳам овард, ки боз 12 нафар ҳамватанон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд. Бинои дуошёнаи ҳаммом, мағоза ва ошхона низ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ бунёд шуда истодааст. Дар рӯзи ҷашни 28 - солагии Истиқлолият ҳаммоми замонавӣ, дорои ҳама шароити замони муосир ба истифода дода шуд.

Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Садриддин Айнӣ аз 39 иншооти сохташаванда 13 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.Бинои дуошёнаи маркази хизматрасонӣ бо иқдоми соҳибкори ватанӣ иборат аз ошхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва мағоза бо 14 ҷойи корӣ ба истифода дода шуд. Бино бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, фардо барои хуб ба роҳ мондани сифати кору хизматрасонӣ ҳама шароит муҳайё хоҳад шуд.

Дар деҳаи Неъматуллои Асадулло бо иқдоми соҳибкори маҳал бунгоҳи тиббӣ дар рӯзҳои тантанаҳои соҳибистиқлолӣ дар хизмати мардум қарор  гирифт. Бино аз чор утоқи корӣ иборат буда,чор нафар мутахассисони соҳаи тиб ба кор ҷалб гардиданд.

Ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бунёди майдончаҳои варзишӣ дар ноҳияи Хуросон пайи амал қарор дорад.Чунин майдончаҳо бозгӯ ба талаботи замон бунёд шуда,ба рушди варзиш ва солимии аҳли ҷомеа заминаи воқеӣ фароҳам меоранд. Дар Ҷамоати деҳоти «Қизилқалъа» бошад бинои дуошёнаи бозгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ бунёд ёфтааст. Дар ошёнаи якум агромағоза ва интернет - кафе, дар ошёнаи дуюм бошад маркази забономӯзӣ ва меҳмонхона бо ҳама шароити арзанда дар рӯзҳои таҷлил аз 28 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар таҳхонаи ин бино барои машқу тамрини наврасону ҷавонон ва дӯстдорони варзиш ҳама шароити бозгӯ ба талаботи замони муосир фароҳам оварда шудааст.

Дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40 бунёди бинои нави таълимӣ иборат аз се синфхонаи барҳаво анҷом ёфта, бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва сокинони маҳал синфхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегарданд. Корҳои сохтмонии бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 59 низ оғоз ёфта, бо дастгирии соҳибкори ватанӣ мактаб бо мизу курси низ таъмин хоҳад шуд.Чунин тозакориҳо дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон ба истиқболи сазовор аз ҷашнҳои ифтихории миллат вусъати тоза пайдо кардааст.

Дар баробари таъмини рушди босуботи дигар соҳаҳо дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустии ноҳияи Хуросон бо бунёди марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва ворид кардани дастгоҳу таҷҳизоти муосир рушду такомул ёфт.

Истиқлолият, ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимии аҳли ҷомеа имкони воқеӣ фароҳам овард, ки сифати кору хизматрасонӣ дар ноҳияи Хуросон зина ба зина беҳтар гардад. Дар муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, 11 марказҳои саломатӣ ва 28 бунгоҳҳои тиббӣ имрӯз 56 духтури дорои маълумоти олӣ ва 244 ҳамшираи шафқат фаъолияти самарабахш доранд. Бунёди бунгоҳхои нави тиббӣ ва марказҳои саломатӣ, дастрасии таҷҳизоту дастгоҳхои муосир, ҷалби мутахассисон ба кор бо мақсади нигоҳдории солимии сокинони маҳал заминаи воқеӣ фароҳам овард.Имрӯз дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия фаъолият тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 600  ва фармоиши Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз муоинаи тиббӣ гузаштан тибқи қарори 770 ба роҳ монда шудааст. Пешравиҳои соҳаи тибро масъулин аз баракати соҳибистиқлолӣ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ доштанд. Дар баробари ин таъкид гардид, ки то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия боз даҳҳо бунгоҳхои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ бунёд гардида, дастгоҳу таҷҳизоти нави тиббӣ ворид хоҳад шуд.

Духтурони беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон истиқлолиятро сарчашмаи сулҳу субот, оромии сарзамин, пешрафт ва ободии ҷомеа, ифтихор ва нангу номуси ватандорӣ арзёбӣ медоранд. Имрӯз бо мақсади ҳифзи солимии аҳли ҷомеа дар ин боргоҳи саломатӣ 485 нафар духтурон ифои вазифа доранд, ки 88 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ буда, дигарон хоҳарони шафқат ва кормандони техникӣ мебошанд. Соли 2014 - ум барои духтурони беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон соли фаромӯшнопазир буд. Дар ин сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беморхона ташриф овард. Бо иштироки Роҳбари давлат шуъбаҳои эҳёгарӣ, таваллуд, занонаю ташхисгоҳ ва амалиётхона дар биноҳои нав ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти тиббии бозгӯ ба талаботи ҷаҳони мусоир ба фаъолият оғоз бахшиданд. Рӯи кор омадани ин шуъбаҳо файзу баракати истиқлолият ва ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат мебошад.

Миллати солимро ҷомеаи солим зарур аст. Чун аҳли ҷомеа солим бошад рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва ояндаи дурахшони мамлакатро интизор шудан орзуи кулли сокинони кишвар мебошад.


Шералӣ САИД
Добавить комментарий