ЁДГОРИИ ҚАДИМА
- Дар моварои таърих -
«Ҳифз кардани арзишҳои фарҳангӣ ва бегазанд ба фардоиён расонидани онҳо вазифаи муқаддасу ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад.» Эмомалӣ Раҳмон
Тибқи маълумоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварамон зиёда аз 2020 ёдгории таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст, ки яке аз онҳо ёдгории таърихию қадимаи Аҷинатеппа мебошад. Ин ёдгорӣ дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки «Киров»-и ноҳияи Вахш ҷойгир буда, ба асрҳои VII-VIII мелодӣ тааллуқ дорад.
Аввалин маротиба ин ёдгориро олими бостоншинос Т. И. Зеймал кашф намудааст. Солҳои 1959-1960 бошад, гурўҳи экспедитсияи бостоншиносии Тоҷикистони Ҷанубӣ таҳти роҳбарии олимон Б.А. Литвинский ва Т.И. Зеймал тадқиқоти археологӣ гузарониданд.
Аҷинатеппа яке аз харобаҳо ва ёдгориҳои дини буддоии асрњои VII-VIII мебошад. Аз рӯйи сарчашмаҳои таърихӣ, пеш аз пайдоиши дини ислом дар Тоҷикзамини Шарқӣ дини буддоӣ паҳн гардида буд. Мувофиқи тахмини олимон дар қисматҳои тоҷикнишини ба Ҳиндустон наздик як қисми мардум ба дини буддоӣ гаравида буданд.
Дар байни олимон оид ба паҳн шудани дини буддоӣ дар қаламрави имрӯзаи Осиёи Марказӣ ақидаҳои гуногун мавҷуд аст. Бисёриҳо бар он назаранд, ки пеш аз дини ислом дини мардуми кишвари мо зардуштӣ будааст.
Бохтар дар шафати роҳи корвонгузари «Роҳи бузурги абрешим» воқеъ гардида буд. Аз ин лиҳоз, дар сари роҳҳои корвонгузар ибодатгоҳҳо пайдо шуданд. «Роҳи абрешим» ба масофаи 1 200 километр аз Чину Ҳиндустон оғоз мешуд ва аз Осиёи Марказӣ гузашта, ба кишварҳои Аврупо рафта мерасид.
Аҷинатеппа ягона ёдгории давраи буддоист, ки дар Тоҷикистон то соли 1973 аз тарафи олимони бостоншинос пурра таҳқиқ гардидааст.
Ба иттилои сардори Раёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихии Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ бостоншинос Музаффар Азизӣ дар баландиҳои теппаи наздикии деҳаи Қайнари ноҳияи Восеъ низ ёдгории буддоӣ мавҷуд аст. Вале, мутаассифона, он ҳанӯз таҳқиқ нашудааст.
Бисёр дайрҳои буддоӣ ва насронӣ, ки дар шаҳрҳои тиҷоратӣ ёфт шуданд, дар назди работҳо ва дайрҳои ҳиндӣ арзи вуҷуд доштанд ва ба мардуми савдогари маҳаллӣ хидмат мекарданд. Пайдо шудани чунин ибодатгоҳҳо маънои онро надорад, ки мардуми маҳаллӣ саросар буддоӣ шуда буданд.
Тахмин мекунанд, ки дар замони Кӯшониён дар Бохтар буддоия хеле равнақ меёбад ва ибодатгоҳҳои зардуштӣ маъбади оташи шаҳри Балх ба дайри Буддоӣ табдил дода мешавад. Дар Балх дар замони истилои арабҳо дар наздикии маъбади оташи Навбаҳор хонаи авестоӣ буд, ки онро нодуруст буддоӣ номиданд.
Олими таърихнигор Юсуфшо Яъқубов навиштааст: «Аз сабаби он ки дар дини буддоӣ ҳайкалсозӣ ва расмкашӣ хеле маълум буд ва ҳамаи фаъолияти Буддо аз лаҳзаи таваллуд то ба дараҷаи бемаргӣ расидан бо ҳайкалу расмҳо тасвир шудааст ва бо зурвония хеле шабоҳат дошт. Аз ин сабаб мардуми одӣ онро бо дини зардуштӣ як дониста, Буддоро ба ҷои Ҳурмуз ва фариштагони маздаясно парастиш кардаанд».
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар шаҳри Бомиёни Афғонистон низ ёдгориҳои меъмории давраи Буддо вуҷуд дошт. Мутаассифона, ин ёдгориҳо дар давраи ҷангҳои бисёрсолаи Афғонистон аз ҷониби Толибон валангор ва нобуд карда шуданд.
Дар асари «Тоҷикон»-и устод Бобоҷон Ғафуров омадааст, ки дар Тоҷикзамини Шарқӣ мардум дини ягона ва муайяне надоштанд. Як гурўҳ мардум оташпарасту бутпараст, гурўҳи дигаре буддопараст, сеюм монипараст ва гурўҳе насронӣ ҳам буданд.
Чӣ тавре ки сокинони деҳаҳои гирду атрофи ин ёдгорӣ нақл карданд, дар гирду атрофи он 4 теппаи калон вуҷуд дошт, ки масофаи байни онҳо як километр будааст. Аз ҳамин хотир, деҳаро Чоргултеппа меномиданд. Ҳоло аз он теппаҳо танҳо яктоаш боқӣ мондааст, ки ёдгории Аҷинатеппа дар шафати он воқеъ гардидааст. Дар байни ин теппаҳо роҳи зеризаминӣ мавҷуд буд, ки ҳамаи он чор теппаро бо ҳам пайваст мекард.
Ёдгории Аҷинатеппа бинои росткунҷа буда, андозааш 100 м х 50 м ва баландиаш 6 метр будааст. Он аз ду қисми мутаносиби бо роҳрав пайваст иборат аст, ки шартан «дайр» ва «маъбад» номида шуданд. Иморати ҳар як қисми бино аз рӯи тарҳи иморатсозии чорайвона сохта шудааст.
Бинои ин ёдгории нодири таърихӣ (ягона ёдгории буддоии дар Тоҷикистон таҳқиқшуда) аз похса, хишти хом ва таҳкурсии он аз хишти пухта сохта шудааст.
Фарши ҳуҷраҳо, рӯйи ҳавлӣ ва девори бинои ибодатгоҳ бо хишти пухта рӯйкаш шудаанд. Равоқҳо камбар ва биноҳо гумбазнок буданд. Дар маркази нимаи дайр ҳавлии чоркунҷае ҳаст (19 м х 19 м), ки дар атрофи он ҳуҷраҳо ибодатгоҳ, толор ва биноҳои хоҷагӣ ҷой гирифтаанд. Ҳамаи ин биноҳоро як роҳрав бо ҳам мепайвандад. Ороиши меъмории ибодатгоҳи дайр мураккаб, шифту девор, нақшу нигор ва муҷассамаҳои бисёр дошт. Ҳангоми ҳафриёт пораҳои муҷассамаи калони баландиаш 4 метр ёфт шуд, ки дар маркази бино воқеъ гардида буд.
Поёни деворҳо, рӯйи суфаҳо ва поёни ҳайкалҳо бо нақшу нигор оро ёфтаанд. Дигар биноҳои дайр ба шумули ҳуҷраҳои роҳибон намуди одӣ доштанд. Дар яке аз роҳравҳо муҷассамаи 12 - метраи якпаҳлӯ хобидаи Буддо ва дар тоқчаҳо муҷассамаи хурди Буддои нишаста ёфт шудаанд.
Муҷассамаҳо аз гил сохта шуда, рангу бор карда шуданд. Тасвироти ёдгории буддоии Аҷинатеппа дар асоси анъанаҳои наққошии ҳамонвақтаи мардуми Осиёи Марказӣ ба ҷо оварда шудааст.
Дар байни бозёфтҳои Аҷинатеппа нақши иблис (ба мисли ҳайкалчаҳои хурд), роҳиб ва одамони одӣ низ дида мешавад. Дар вақти ҳафриёт аз ин ёдгории таърихӣ инчунин дигар бозёфтҳо – сафол, шиша, фулузот, ҳайкалчаҳои гуногун ва тангаҳо низ пайдо карда шуд. Хусусан дар байни бозёфтҳо тангаҳо хеле диққатҷалбкунандаанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ёдгории Аҷинатеппа дар вақташ (асрҳои VII-VIII ) тақрибан 100 сол арзи вуҷуд доштааст. Тахмин меравад, ки он дар солҳои 40-уми асри VIII дар арафаи истилои арабҳо тадриҷан хароб гардидааст.
Ёдгории Аҷинатеппа нахустин ва ягона ёдгории буддоӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад. Ҳоло ҳам ҳангоми тамошои ин ёдгории таърихӣ аз зери хок хиштпораю сафолпораҳо ва дигар ашёҳои хурди нодирро пайдо кардан мумкин аст.
Ҳолати имрӯзаи ин ёдгории таърихӣ нигароникунанда аст. Роҳи мошингарде, ки аз шоҳроҳи Бохтар – Левакант то ин ёдгорӣ 5-6 километрро ташкил медиҳад, ноҳамвор аст. Хуб мешуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш ба ободу зебо гардонидани ин мавзеъ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роҳи автомобилгарди онро таъмиру тармим намояд.
Дар доираи эълон гардидани «Солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кушодани хатсайри сайёҳӣ ба ин мавзеъ боиси ҷалб намудани сайёҳони дохилию хориҷӣ мегардад.
Аъзам БОБОЕВ, рӯзноманигор