Бойгонӣ
23 янв 08:32АСОСӢ / Ахбор / Фарҳанг

ҒАЗАЛИ ОТАШ

ОЗАР


Рўзе, ки вошикофем рози камоли оташ,

Ёбем сурхрўӣ мо ҳам мисоли оташ.

Эй асли нур, аз ту хоҳем дар ниёиш

Боле чу боли оташ, ҳоле чу ҳоли оташ.

Ҳар гаҳ, ки қад фарозад, нахли баланди минуст,

Ҳамранги лаъл бошад барги ниҳоли оташ.

Рўзе, ки дид рўяш, як шоха нур гардид,

Шамъе, ки дошт дар дил фикру хаёли оташ.

Баъд аз тавоф ҷонро резад ба пои ҷонон,

Парвона мешиносад қадри висоли оташ.

Аз оташ аст рўшан хуршеди осмонҳо,

Бошад заволи хуршед рўзи заволи оташ.

Эй куштаи муҳаббат, тафсири ишқ ин аст:

Ойина асту дорад акси ҷалоли оташ.

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019