Бойгонӣ

Х А З О Н

- Қиссаҳои кўчак -


Мисли ҳамеша пирмард такя ба асои хеш карда, ларз – ларзон аз ҳуҷрааш берун омад, бо азоб аз зинаҳо поин шуд ва гаронборона болои ягона хараки ҳавлии иморати бисёрқабата нишаст. Дар ҳавлӣ кўдакони зиёде ғавғокунон бозию шўхӣ мекарданд. Пирмард бо чашмони камнураш муддате чанд даву този бачаҳоро назорат кард ва сипас ба дарахти пире, ки имсол аз нумў монда буд, дида дўхт. Вай ба хотир овард, ки анқариб чиҳил сол пеш ин дарахтро ў бо дастони хеш шинонда буд. Солҳо буданд, ки ҳар баҳор дарахт баргу гул мебаровард, бо қабои зумуррадгун худро оро медод ва аз дидани он дар қалби пирмард баҳор мешукуфт. Аммо имсол дарахт хушк шуд ва ҳеҷ чорае барои аз нав сабзонидани он набуд.

Оре, дарахте, ки як замоне ў шинонида буд, хушк мешуд.

Оҳи сарду сангине аз умқи дили пирмард берун омад ва баъди марги завҷааш, дар ин авохир бори дуввум буд, ки чанд қатра ашки гарм аз чашмонаш сарозер шуданд.

         САФО

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019