ЗАНОНРО ПОСБОНИ СУЛҲ БУДАН ИФТИХОР АСТ
Аз ин воқеаҳо як сол гузашт, аммо таассуроти бардоштаам ба умри боқимондаам мерасад. Чизҳое ҳастанд, ки ба фаромўш кардани онҳо ҳақ надорем. Дар онҳо натанҳо як хотирот, мавқеъ, балки маънии зиндагӣ ниҳон аст. Бо гузашти вақт таҳлилу арзишдиҳии он комилтар мешавад.
Занонро эҳсосӣ мегўянд. Шояд ҳамин тавр бошад. Сирати зан нозуктар ва ҳар масъалаи зиндагиро ба дил наздик қабул менамояд. Барои ин самимӣ будан, ҳамдард будан, фидо кардани худ лозим мешавад. Аз ҳама бештар занон ҷангро маҳкум менамоянд. Марги ҳамсару фарзандон, дўстону ҳамсоягон онҳоро мутаассир мекунад. Таҳаммули ин дард гарон аст. Сўзиши гум кардани одамони наздик дар ҷанги шаҳрвандӣ дар дили ҳазорҳо модарону хоҳарони тоҷик имрўз ҳам аламу доғ аст. Афсўс, ки дар хориҷи кишвар бо ҳамон тоифаи ватанфурўшу хоинзанон низ ҳастанд. Бовариам намеомад. Ростӣ, рў ба рў шудан бо онҳо дар конфронси Варшава бароям хеле муҳим буд. Мехостам донам, ки оё зани тоҷик метавонад аз баҳри наздикон, халқ ва Ватани худ гузарад ва ин роҳи сарбастаи фиребу хиёнатро интихоб намояд. Агар занони аҳли оилаҳои худи террористонро сарфи назар кунем, ки маҷбуранд бо мардони оила бошанд, занон-журналистон ва адвокатҳое, ки андешаҳои онҳоро ҷонибдорӣ мекунанд, ба ин гурўҳ шомиланд. Муносибату илтифоти тоҷиконаи Муаззама Қодирова аз Гурўҳи 24 самимӣ буд. Ҳуқуқшинос, адвокат будааст. Аз Ёвону Бохтар ёдовар мешуд. Шояд ҷозибаи ҳамҷинс, ҳаммиллат буданамон буд, ки мехост бо ман бештар суҳбат кунад. Ҳеҷ яки мо дар куҷое набошем, аз решапайванди худ, аз Ватан, забон, одобу анъанаҳои халқи худ дур рафта наметавонем. Ин эҳсоси табиист. Шахсе, ки мусофир шудааст, қадри дур будан аз зодгоҳу наздикон ва пазмон шуданро медонад. Фавқулода дар кўча шиносеро аз деҳааш вохўрад, аз диданаш чунон хурсанд мешавад, ки гўё барояш наздиктарин одам бошад.Чӣ будани самимият, ниёзмандӣ ба муошират, бозгашт ба хотираҳо дар бораи зодгоҳу солҳои беҳтарини зиндагӣ азизу гуворо менамоянд.
Рўзе Муаззама таклифам карду гуфт: Апа, донистам, ки хўроки ин ҷоро намехўред. Дар наздикӣ тарабхонаи арабӣ ҳаст, ҳама чизаш ҳалол. Биёед бо мо равем. Шумо аз Тоҷикистон омадед, ба ҳар ҳол меҳмонед, мусофиред.
Ба ў миннатдорӣ кардам. Ба илтифоти ин зани ночору ғариб гуфтам: Муаззама! Ташаккур барои таклифатон. Шумо ҳам дар ин шаҳри бегона мизбон нестед. То кай ин сарсониҳо давом меёбад? Мусофирии мо якчандрўза. Боз ба Ватан бармегардем. Ба назди оилаи худ, дўстону пайвандон ва коргоҳи худ. Боз сари дастурхони тоҷикӣ мешинему барои ҳаёти худ ҳаросе надорем.
Ваҷоҳаташ дигар шуд. Шояд эҳсоси тарс, дудилагӣ ва умед омезиш ёфтанд. Намедонам чиро авлотар медонист. Ҳолаташро тасаввур карда наметавонам, аммо дар доми раҳо карданаш хеле мушкил афтоданаш аён буд. Бо маълумоти ҳуқуқшиносии тоҷикӣ, надонистани забони хориҷӣ дар давлати аврупоӣ кор карда тавонистан амри муҳол аст. Сатҳи зиндагӣ дар ин кишвар хуб, аммо дар муқоиса нарху наво хеле гарон. Аз кадом ҳисоб ў дар ин ҷо зиндагӣ мекунад? Агар оила, фарзандонаш бошад-чӣ? Таҳсили онҳо, хароҷоти иҷораву хидмати коммуналӣ. Барои ғизо, либос мувофиқи мавсим маблағи зиёд лозим аст, – фикрҳои паёпай дар сарам чарх мезаданд. Андешаҳои рўзгордории занона ва масъулияти кадбонуи хона будан ором намегузоштанд. Шояд меҳри ғамхории беғаразонаи модарона боло гирифт. Аммо медонистам, ки дар бораи Ватану ватандорӣ дигар хел фикр дорем. Аз баромадҳояш дар конфронс фаҳмидам, ки дастгирии молиявии ў кайҳо тарҳрезӣ шудаву маҳз ба ин шаҳр омаданаш сабаб дорад. Барои ҳимояи пўшидани сатру ҳиҷоби занониТоҷикистон даъво мекарду худаш ва ҳаммаслаконаш Шабнаму Ҳумайро дар либоси танги аврупоӣ замонавӣ буданашонро намоиш медоданд. Тақлид ба хориҷиён аён буд. Магар ҳимояи фарҳанги ғайр аз арзишҳои миллӣ болотар меистад? Атласу чакани зани тоҷик дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудаву ҳамагонро тасхир кардааст. Вақте ки пўшидани либоси ягонаи расмии занону духтарони тоҷикро дар муассисаҳои таълимии кишвар интиқод мекунанд, намефаҳмӣ, ки кадом арзишҳоро тарафдоранд. Раҳгумзадаанд, чунки дар ниҳоди онҳо эҳсоси ифтихор аз бонуи тоҷик будан қариб, ки намондааст. Вагарна чаро он ҷавонзанони маълумотдору ба қавли худашон муборизи роҳи демократия дар 4-5 соли дар назди хоҷагони хориҷиашон будан чунон кину ғараз доранд, ки ҳатто саломи тоҷикиро ба ҳаммиллатони хеш фаромўш кардаанд. Дар ҳама давру замон занон барои муросову мадоро кўшидаанд. Ин рисолати модарӣ, хоҳарӣ барои ҳидояти мардон ба кори нек ҳеҷ гоҳ аз байн нарафтааст.
Дар таърихи тоҷикон бонувони сиёсатмадору ҷасур танҳо барои беҳбудии миллат ҷоннисорӣ кардаанд. Ҳеҷ зани хирадманди тоҷик ба Ватан хиёнатро раво надидааст. Билқис, Томирис, Гурдофариду Рухшона, Бухорхудот барин бонувони мубориз барои озодию адолат маргро аз асирию мағлубият авлотар донистаанд.
Агар гузаштаро намедонем, ба имрўзу фардо баҳо дода наметавонем. Инсон бояд сабақи дигаронро омўзад, роҳи дурустро интихоб намояд, то иштибоҳ накунад. Неруи азалии истиқлолхоҳӣ дар замири инсони комил ба ҷасорату корнамоӣ водор мекунад. Аммо он бояд ба манфиати мардум, барои сулҳу ободӣ бошад. Намедонам дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин ҷавонзанон дар кадом вазъият буданд. Барои ман даҳшати ҷанги хонумонсўз, навҳаи модарам барои шаҳид шудани падарам, бародарам ва додарам, таркишу сўхтани хонаҳо, гурезогурез, фиғони кўдакону занон ҳар лаҳза ба ёдам меоянд. Дасти дуо мебардораму номи ҳар якеро, ки дар ҷанг қурбон шудаасту мешинохтам, ба забон мегирам. Ин ниёишро то умр боқист ба Худованд хоҳам кард, то ҳеҷ кас ин рўзҳои мудҳишро набинад.
Китоби устод И. Усмоновро варақ зада мухотироти хуберо дарёфтам, ки воқеияти он вақтаро инъикос мекунад, андешаи маро тақвият мебахшад: «Дарди ҷанг, дарди марг, дарди адами осоиш, дарди набудани нон, дарди набудани пул, дарди зўри кор, ҳама охири охирон дар сари модар ҷамъ меомад… Тоқатро, дандонро ба дандон монда, дардро фурў нишонда, дар Ватан мондан. Ин қаҳрамонӣ буд. Зеро он солҳо дар Тоҷикистон истодан, тарки ҷою Ватан накардан ва ба ин васила ба Ватан дигаронро ҳидоят кардан, қаҳрамонӣ буд».
Оре, зан наметавонад дар рўзҳои мушкили мард дар бари ў набошад, ба вай кумак нарасонад, барои ҳифзи аҳли оилааш талош накунад.
Ҳар боре, ки дар кўчаву майдонҳои шаҳр занони хушбахту хандонро мебинам, занони дар ғарибӣ буда ба ёдам меоянд. Чӣ ҳол доранд онҳо? Шояд пулу мол дошта бошанд, аммо беватанӣ чӣ? Азоби виҷдон чӣ ? Ҳаёти мо пастию баландӣ дорад. Иштибоҳҳо моро ҳушдор медиҳанд. Аммо иштибоҳе ҳаст, ки ислоҳаш гоҳо имкон надорад.
Бо ҳамин андешаҳо ба мошин савор шудам. Ин пагоҳӣ ҳам ронандаи мошин мусиқӣ монд:
Суруди Ҷўрабек Муродов ба гўш мерасид:
Набошӣ марди майдон ҷилва дар майдон хатарнок аст,
Ки бозӣ бо дами мору думи шерон хатарнок аст.
Зи мушти обдори душмани бадқаҳр боке нест.
Валекин заҳрханди душмани пинҳон хатарнок аст.
Зи дандонхойии ин наврасони хом эмин бош,
Забони заҳрдори пири бедандон хатарнок аст.
Хуб мешуд, ки ҳамаи мо ба маънии он сарфаҳм мерафтем. Зиндагӣ як бор дода мешавад ва намеарзад, ки онро барои мақсадҳои зишт ва бадномӣ сарф кунем..
Дилором МАҲКАМОВА, ш. Бохтар