Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бохтар шаҳри саноативу шукуфон мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти комил ва Ваҳдати миллӣ дар баробари дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим ва калидии кишвар ба эҳёву рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ намудааст.
Саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат қабул шуда, рушди он барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.
Саноатчиёни шаҳри Бохтар баҳри татбиқи ин ҳадафи муҳим бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар даҳ моҳи соли ҷорӣ новобаста аз панҳшавии бемории коронавирус ва вазъи номусоиди иқтисодӣ аз тамоми захираю имкониятҳо самаранок истифода бурда, дар ин давра ба маблағи 173 миллиону 866,3 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуданд. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 8 миллиону 870,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш дар сатҳи 105,4 фоиз таъмин гаштааст.
Тевре зимни суҳбат сармутахассиси шуъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Юсуфзода Афзал иброз кард, дар шаҳр 47 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки самти фаъолияти онҳо ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, хӯрокворӣ, коркарди шир, коркарди пахта, истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонӣ, маҳсулотҳои чубин, чопи газетаҳо, маводҳои шустушӯӣ, заргарӣ, барқ ва об равона гардида, дар онҳо зиёда аз 20 намуди маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда мешаванд.
Дар ин давра аз ҷамъи умумии коргоҳу корхонаҳои саноатии шаҳр 39 ададаш фаъолияти хубу назаррас дошта, аз 100 то 400 фоиз истеҳсоли маҳсулоти саноатиро таъмин намуданд.
Ҳамчунин аз ҳаҷми умумии истеҳсол ҳиссаи саноати дӯзандагӣ 4 миллиону 865,3 ҳазор сомонӣ, саноати хӯрокворӣ 8 миллиону 36,3 ҳазор сомонӣ, пахта 12 миллиону 359,9 ҳазор сомонӣ, маҳсулоти
сохтмонӣ 2 миллиону 32,2 ҳазор сомонӣ, ҳиссаи маҳсулотҳои чўбию чопӣ, шустушӯӣ, заргарӣ ва трансформаторҳо 28 миллиону 884,3 ҳазор сомонӣ, об 9 миллиону 732,4 ҳазор сомонӣ, барқ 27 миллиону 410,4 ҳазор сомонӣ ва бахши хусусӣ 82 миллиону 345,5 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Ҳамсуҳбатам ҳамчунин қайд кард, ки дар баробари муваффақиятҳо камбудиҳо низ ҷой доранд. Дар давраи ҳисоботӣ ду корхона аз ҷумла ҶДММ “Майрамбибӣ”, ки ба коркарди маҳсулотҳои заргарӣ ва ҶДММ “Коргоҳи дӯзандагии 2016”, ки ба духти либосҳои мактабӣ машғуланд, бинобар набудани фармоишгар фаъолият накарданд.
Инчунин шаш корхонаи дигар аз қабили ҶСП “Баракат”, ҶДММ “Дилором”, ҶСП “Равғани сомонӣ”, ҶДММ “Коргоҳи дӯзандагӣ”, ҶДММ “ Маркази ҳунаромӯзӣ” ва ҶДММ “Насим” ки самти фаъолияташон ба истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, нонӣ, равған ва маҳсулоти сохтмонӣ равона шудааст, бо сабаби надоштани харидор, рақобатпазир набудан дар бозор ва надоштани ашёи хом ҳаљми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли сипаригардида коҳиш доданд.
Вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми соли 2018 ҳадафи чоруми миллӣ, саноатикунонии босуръати кишварро эълон карда буданд, бо ин мақсад ва бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059 ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр нақша – чорабиниҳоро тартиб додааст. То ин ҷашни фархунда дар шаҳр бунёди 18 корхонаву коргоҳи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аллакай қисмати зиёди онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд.
Гуфтан ба маврид аст, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили минтақаҳои саноатӣ, дар шаҳри Бохтар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2015 дар масоҳати 7,38 гектар барои сохтмони коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр замин ҷудо карда шуд. Дар ин минтақаи саноатӣ ба 11 нафар соҳибкорон барои бунёди корхонаҳо замин ҷудо гардидааст. Аллакай се корхона аз қабили ҶДММ “Қурғонтеппасохтмон”, ки самти фаъолияташ ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ бо таъсиси 100 ҷойи корӣ, ҶДММ “Сомон Байк” истеҳсоли дучарха ва нассоҷӣ бо 33 ҷойи корӣ ва ҶДММ “Артес” истеҳсоли маҳсулоти хӯрока бо фарогирии 135 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб дар ин минтақа фаъолият карда истодаанд. Дар шаш коргоҳу корхонаҳои дигар сохтмон бо маром идома дорад.
- Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намудаанд, ки “Дар 15 соли оянда бояд саҳми саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба таври назаррас афзоиш ёбад ва Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад”. Ин нишондодро масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар сармашқи кори хеш қарор дода, мекӯшанд солҳои минбаъда рушди саноатро суръати тоза бахшанд. Зеро бунёди корхонаҳои саноатӣ агар аз як ҷониб ба муҳайё гардидани ҷойҳои нави корӣ боис гардад, аз ҷониби дигар ба ғанӣ гардонии буҷети маҳаллу ҷумҳурӣ сабаб мегардад,-гуфт дар фарҷом Юсуфзода Афзал.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 15:48Чор иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд 15:03Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид 14:16Аввалин ҷарроҳии пайвандсозии ҷигар дар вилояти Хатлон анҷом дода шуд 16:48Ҷ. Балхӣ. Корхонаи ордбарорӣ дубора эҳё мешавад 15:36Беш аз 1000 нафар бо ҷои кор таъмин шуд 15:44“Тасмаи бехатарӣ муҳофизи шумо” 14:51Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд 13:30
Серхонандаҳо
Нурализода Наргис: Мароми мо - баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа
Ёвон. Майдончаи варзишӣ ифтитоҳ шуд
Ҷ. Балхӣ. Бунгоҳи тиббии нав ифтитоҳ шуд
Бохтар. Чорабинии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид
Дӯстӣ. Бунёди боз як иншооти соҳаи тандурустӣ
Бохтар. Кӯдакон соҳиби майдонаи варзишӣ шуданд
СУХАНИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ЧОРАБИНИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА
Нақши ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо баррасӣ шуд
Панҷ. Пиёзи барвақтӣ ба бозор бароварда мешавад
Фестивал намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид