ДУРАХШИ МАРВОРИД
Чеҳрааш гарм, тинаташ пок, номаш нек, рафтораш зебо, суханаш бурро, иродааш қавӣ, обрӯяш баланд ва пайкораш назаррас ин Анзурат Абдусаломзода аст.
Ӯ бонуест дар масири сиёсат, ки бо фаъолияти беш аз бист солаи худ дар ҷанбаҳои мухталиф хуб ба камол расида, имрӯз ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ифои вазифа дорад. Анзурат Абдусаломзода аз пешоҳангони кори худ буда, дар миёни ҳамтоёнаш фарқкунанда мебошад. Зеро ин зани хизматнишондода таҷрибаи зиёди роҳбарӣ дошта, дигаронро низ ба роҳи дуруст ҳидоят намуда метавонад. Аз ин лиҳоз ӯро дар доираҳои гуногун мешиносанду нисбаташ эҳтироми хос мегузоранд. Зеро вай воқеан ҳам тимсоли садоқату маърифат буда, фазлу карамаш фарох аст.
Анзурат зодаи рустои Ғижоваки (дар асл Хушобак) Љамоати деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара мебошад. Ӯ фарзанди тарбиятдидаи оилаи зиёӣ аст. Модараш Рӯзигул ва падараш Абдусалом ҳарду аз аҳли илму адаб буданд. Барои ҳамин ҳам меваҳои умри онҳо ҳама тарбиятдида ҳастанд. Анзурат Абдусаломзода аз овони хурдӣ миёни бародарону хоҳарон бо донишу заковаташ мисли марворид медурахшид. Ӯ мисраъҳои аввалин шеъри эҷоднамудаи овони мактабиашро дар ёд дорад:
Ғижовак деҳаи доимбаҳорам,
Туро ман мисли модар дӯст дорам...
Имрӯз ҳам вай эҳсоси муҳаббатро ба зодгоҳаш - як гӯшаи Ватан дар дил самимона мепарвараду замони наврасию ҷавониашро ба хотир меорад.
-Айёми донишҷӯии мо ба солҳои ноамнию хеле мушкил рост омад, - мегӯяд бону Анзурат. - Қиблагоҳам хеле барвақт олами фониро тарк намуданд. Барои модари танҳоям таълиму тарбияи даҳ фарзанд осон набуд. Аммо модарам завқу талошамро ба донишомӯзӣ дида, маро барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб фиристод.
Дар он вазъияти мураккаби ҷанги шаҳрвандӣ таҳсил кардан бахусус барои духтарон хатарнок буд. Аммо иродаи қавӣ, завқу хоҳиш ва масъулият Анзурат Ашӯроваро водор мекард, ки мубориз бошад.
Ба ғайр аз таҳсили хубу аъло, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ, маҳфилҳои эҷодию илмӣ аз донишгоҳ хотираҳои зиёде дорад ӯ. Зеро Анзурати ҷавон бахти худро бо ҳамкурсаш Зайниддин маҳз дар ҳамин боргоҳ ёфт.
Истеъдоди суханварӣ ва ровигӣ ӯро ба идораи телевизиони Кӯлоб овард. Як соли фаъолият дар ТВТ, сипас мухбири махсуси телевизиони “Хатлон” дар минтақаи Кӯлоб маҳорати муҳаррирӣ ва журналистии вайро такмил дод. Ҳамин тавр ӯву ҳамсараш ба шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) омаданд. Ин оилаи ҷавон соли 2000 дар маркази вилоят хонаеро ба иҷора гирифта, ба зиндагии мустақилона шурўъ карданд. Дар идораи телевизиони Хатлон Анзурат ба сифати муҳаррири калон ва шавҳараш Зайниддин Ҳоҷиев ҳамчун наворбардор кор кардаанд.
Солҳои 2001-2005 фаъолияти Анзурат Абдусаломзода ба ҳайси роҳбари Маркази матбуоти дастгоҳи раиси вилояти Хатлон самарабахш буд. Ӯ бо барномаи таҳлилии “Амал” дар телевизиони вилоят маъруф шуд. Як сол муовини сардори Раёсати фарҳанги вилоят дар самти таъбу нашр кор кард. Аз соли 2007 то 2014 ӯ ба ҳайси муовини раиси Идораи телевизион ва радиои вилояти Хатлон фаъолият намуд. Бо таъсис ёфтани телевизиони “Ҷаҳоннамо” Анзурат ҳамзамон ҳамкориро ба ин шабакаи иттилоотии кишвар ба роҳ монд.
Вай мактаби таҷрибаи сиёсатмадорони барҷаста Амиршо Миралиев ва Асадулло Раҳмонро гузаштааст.
Анзурат Абдусаломзода дар давраи фаъолияташ барои сифатан ва мазмунан беҳтар кардани барномаҳои телевизион ва радиои вилоят саҳми босазо гузошт.
- Он вақтҳо маводи таҳлилию танқидии журналист вокунишро ба бор меовард ва боиси рафъи ин ё он мушкилот мегардид. Мо бо ҳамкорон пайваста талош мекардем, ки барномаҳои ҷолибу мубрамро омода намоем, то ба завқи бинандаю шунаванда ҷавобгӯ бошад, - мегӯяд журналисти пуртаҷриба.
А. Абдусаломзода дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳам тӯли ду сол ба журналистони оянда дарс гуфтааст. Дар кафедраи сиёсатшиносӣ низ ӯ замоне омӯзгор буд.
Соли 2015 Анзурат Абдусаломзода роҳи хизмати давлатиро ихтиёр кард. Вай аввал мудири бахши кор бо занон ва оила, пас аз он мудирии шуъбаи маорифи шаҳри Бохтарро ба зимма дошт.
-Кор дар соҳаи маънавиёт бароям мактаби бузурге буд. Минбаъд тавонистам ин малакаҳоро дар пешбурди фаъолиятам истифода намоям, - идома дод вай. – Вақте соли 2015 ба иҷрои вазифаи муовини раиси ноҳияи Шаҳритус оғоз кардам, бароям сарпарастии соҳаи иҷтимоиёт чандон мушкил нашуд. Зеро замони журналистиам бо аксари сохтору ниҳодҳои давлатӣ ҳамкорӣ мекардам ва аз фаъолияти онҳо огоҳӣ доштам.
Ин зани арсаи сиёсат ташаккулу тафаккури миллиро дар фаъолияти касбии худ муҳим медонад. Зеро ба андешаи ӯ дар замони тазоду бархурди тамаддунҳо насли наврасу ҷавон бояд ба арзишҳои башарӣ арҷ гузошта, ҳувияти миллӣ ва таъриху фарҳанги бостонии аҷдодонамонро фаромӯш накунанд.
-Ҳамчун масъули бахши идеологии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамеша кӯшиш менамоям, ки бо ташкил ва роҳандозии тадбирҳои маърифатӣ, амалї намудани дастуру супоришҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбиқи амалии барномаҳои соҳавии давлатӣ рисолатамро иҷро намуда, миёни сокинон афкори солиму созандаро ба вуҷуд орам, - идома медиҳад А. Абдусаломзода.
Ӯ ғояҳои ватандӯстонаро меписандад. Ин бонуи сиёсат мутмаин аст, ки вақте наврас дар рӯҳияи солим ба воя мерасад, ҳатман ба қадру қимати обу хоки диёр мерасад ва баҳри ободии Ватан кори аз дасташ омадаро анҷом медиҳад.
Бо қобилияти ташкилотчигӣ ва дарку идроки Анзурат Абдусаломзода қаблан дар ноҳияи Шаҳритус ва ҳоло аз чорабиниҳои сиёсию фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ошно ҳастем. Ӯ ҳамеша бо ғояҳои тозаю ҷолибаш тадбиру ҳамоишҳоеро меорояд, ки онҳо ба баланд бардоштани маънавиёти халқ равона гардида, самарабахшанд. Дар ноҳияи Шаҳритус Анзурат Абдусаломзода вохӯрии ду наслро ташкил карда буд, ки дар он рӯзгордидагон ба ҷавонон аз таҷрибаи ҳаёташон нақл мекарданд ва аз он навхонадорон баҳравар мегардиданд.
Соли 2017 тантанаи бошукўҳи таҷлил аз ҷашни 26 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ то ҳол дар зеҳнҳо боқӣ мондааст. Дар ин чорабинии хотирмон бо ибтикори Анзурат Абдусаломзода беш аз ду ҳазор нафар сокинони ноҳия дар тан либоси идона ба майдон баромаданд. Занону духтарони хонашин бо куртаҳои рангоранги атласу адрас, чакану гулбарг ҳунарнамоӣ карда буданд. Ҷавонписарону кӯдакон бошанд, дар тан ҷомаю дар сар тоқии тоҷикӣ рақсу бозӣ карда, намунаи беҳтарин фарҳанги миллиро ба меҳмонони ҷумҳурӣ нишон доданд, ки он воқеан ҳам мояи ифтихор ва сарфарозӣ буд.
Хизматҳои шоёни ў бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Анзурат Абдусаломзода муваффақияти худро дар масъулиятшиносӣ дониста, муносибатсозиро бо аҳли ҷомеа барои ҳар як инсон муҳим мешуморад. Ӯ бахти худро дар оилаи солиму чор писару як духтараш мебинад. Ягона орзуи Анзурат ин аст, ки фарзандонаш нек ба воя расанду баҳри сарзамини худ содиқона хизмат намоянд.
Амонҷон МАҲКАМОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон