ХУСУСИГАРДОНӢ: МУШКИЛОТ ВА Ё ПЕШРАФТ?!

- Саноат -

Комбинати хонасозии шаҳри Кўлоб даврони собиқ Шўравӣ ташкил ёфта, то замони соҳибистиқлолии кишвар бо тамоми иқтидораш фаъолият дошта, шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин менамуд. Баъдан, то соли 2010 замони хусусӣ гардидан комбинати мазкур гоҳ-гоҳе ба истеҳсоли маҳсулот машғул шуда, кормандонашро бо музди маош таъмин мекард. Баъди хусусӣ гардидани ин корхона танҳо дар сурати дарёфти фармоиш аз ҷониби муштариёнаш баъзе масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол менамуд. Пас аз ташрифи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва баррасии масоили рушди истеҳсолот масъулони ҶДММ “Комбинати хонасозии шаҳри Кӯлоб” ба ҷоннок намудани фаъолияти комбинат даст зада, шумораи коргарони худро аз 10-12 нафар то 35 коргар зиёд намуданд. Тавре коргарони ҶДММ “Комбинати хонасозии шаҳри Кӯлоб иброз медоранд, барои ба кор даровардани корхона ва ба роҳ мондани истеҳсолот ба ҷуз қуму шағал боз семент ва арматура харидан лозим меояд. Корхона бо коркарду истеҳсоли қуми тоза, омехтаи сангу қум, тахтасанги болопўш, новаи обрав ва пояҳои бетонӣ коргарони худро бо музди маоши аз 800 то 1000-1200 сомонӣ таъмин менамояд.

Ба иттилои Муҳиддин Нодиров, сармуҳандиси ҶДММ «Комбинати хонасозии шаҳри Кўлоб» таъмини саривақтии маоши коргарони корхона аз истеҳсоли маҳсулот ва саривақт харидорӣ намудани он аз ҷониби фармоишгарон мебошад. Зеро корхона дар суратҳисоби худ маблағи лозимеро надорад, ки бидуни пардохти фармоишгарон масолеҳи ниёзи мардумро истеҳсол намуда ба фурӯш гузорад. Яъне, дар сурати пайдо шудани фармоишгарон ва пардохти арзиши маҳсулоти истеҳсолнамуда мо метавонем, ки маҳсулоти хомро харидорӣ намуда ва ё музди маоши коргаронро бипардозем,- иқрор меояд сармуҳандиси ҶДММ «Комбинати хонасозии шаҳри Кўлоб».

Комбинати мазкур дорои 5 техникаи ёрирасон, аз ҷумла мошинҳои боркаш, экскаватор, мошини борбарор ва як адад автобус мебошад. Аммо аз ҳама нақлиёти барои фаъолияти корхона аввалиндараҷа ин экскаватор мебошад, ки баъзан аз норасоии таҷҳизот корҳои истеҳсолиро ба қафо мекашад.

Аз суҳбат бо масъулони ҶДММ "Комбинати хонасозии шаҳри Кўлоб" ва дигар муштариёни корхона бармеояд, ки сари вақт пардохт накардани андоз боиси дучанд гардидани мушкилоти иқтисодии ин корхона гардидааст. Бинобар гуфтаи Давлатназар Холов, директори ҶСК «Шабакаҳои барқи Кўлоб» имсол бори дуюм аст, ки барои фармоиши симчӯбҳо ба суратҳисоби ҶДММ “Комбинати хонасозии шаҳри Кўлоб" 300 ҳазор сомонӣ гузаронида будем, аммо бинобар сабаби сари вақт иҷро накардани фармоишҳои мо корхонаи мазкур дар оғози соли 2020 зиёда аз 170 ҳазор сомонӣ аз мо қарздор шуд. То имрӯз корхона моҳе ҳамагӣ 10-12 адад пояҳои бетонӣ истеҳсол намуда, ба мо медиҳанду халос, зеро ба гуфтаи роҳбарияти ҶДММ “Комбинати хонасозии шаҳри Кўлоб” онҳо аз ҳисоби маблағҳои пешпардохт намудаи мо қарзҳои андози корхонаро пардохт намуда, ҳамакнун фармоиши моро ба таъхир гузоштаанд. Ин ва дигар масъалаҳои дохилии ин корхона боис гардидааст, ки онҳо истеҳсолотро хуб ба роҳ монда наметавонанд. Вагарна, дар сурати иҷрои саривақтии фармоишҳоямон мо омода будем, ки бо пешпардохти то 1 миллион сомонии дигар ба комбинати хонасозӣ фармоишҳои дигар намоем,- мегӯяд Давлатназар Холов , сардори ҶСК “Шабакаҳои барқи Кӯлоб”.

 – Новобаста ба қарздориаш дар назди ҶСК “Шабакаҳои барқи Кӯлоб” мо ду маротиба ба миқдори 300 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби ҶДММ "Комбинати хонасозии шаҳри Кўлоб" гузаронидаем. Дар соли пешин бошад, барои фармоиши саривақтии пояҳои бетонӣ ба онҳо 900 ҳазор сомонӣ пешпардохт намуда будем. 

Дар умум, талабот ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхона зиёд аст, танҳо барои ҷоннок намудани фаъолияти онҳо нафарони кордону соҳибтаҷриба лозим аст, ки мутаассифона масъулони ҶДММ «Комбинати хонасозии шаҳри Кўлоб” ба ин эътибор намедиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки қаблан зимни нишасти матбуотӣ шаҳрдории Кӯлоб Вализода Қодир низ нисбат ба фаъолияти сусти ҶДММ «Комбинати хонасозии шаҳри Кўлоб” эрод гирифта буд, ки баъди хусусӣ намудани корхонаҳои пуриқтидор масъулонаш бояд фаъолияти онро ба роҳ монда тавонанд. Зеро ба мисоли ҶДММ «Комбинати хонасозии шаҳри Кўлоб” дар шаҳру ноҳияҳои минтақа ҳамагӣ ду корхонаи оҳану бетонӣ арзи ҳастӣ доранд, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаашон барои дилхоҳ ташкилоту ширкатҳои сохтмонӣ лозим аст.

                      Билоли ШАМС, аз шаҳри Кўлоб

Добавить комментарий