Аз қобилият то муваффақият

- Зан ва ҷомеа -

Саодат миёни фарзандон барои волидонаш бештар дӯстдору нозпарвар буд. Зеро ӯ меваи муҳаббати самимию беолоиш ва нахустфарзандашон буду решаи муҳаббаташонро боз ҳам устувортару қавитар намуд.
Падараш Тағаймурод Ганҷалов дар беморхонаи марказии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сармуҳосиб буду модараш Иқбол Абдураҳмонова ба ҳайси духтур кор мекард.
Ӯ ҳангоми таҳсил дар мактаби миёна баъди анҷоми дарсҳо гоҳ-гоҳ ба ҷои кори волидонаш мерафт. Дар ибтидо мехост мисли модараш табиб шаваду ба мардум хизмат кунад. Вале баъдтар ба касби падараш – корҳои муҳосибӣ ва молия дил баст.
Ӯ дар мактаб духтараки фаъол буду шогирди беҳтарини устодонаш. Бештар ба фанҳои дақиқ рағбат дошт. Шавқу рағбаташ аз нигоҳи падараш дур намонд. Падар, ки вазифаи сармуҳосиби беморхонаи марказии ноҳияро ба уҳда дошт, дар вақтҳои зарурат ва рӯзҳои истироҳатӣ дар хона ҳисоботи муассиса ва ҳуҷҷатҳои омориро тартиб медод. Саодат бо кунҷкобии ба худ хос дар бораи моҳияти ҳар як ҳуҷҷат аз падар пурсон мешуд. Ҳанӯз дар давраи мактабхонӣ оид ба ҳуҷҷатгузории муҳосибӣ тасаввурот пайдо намуд.
Меҳри ҳамин касб буд, ки бо раҳнамоии падараш баъди хатми аълои мактаби миёна донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардид. Яке аз донишҷӯёни фаъол буду дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ фаъолона иштирок мекард. Аз устодонаш илму дониш омӯхту нозукиҳои соҳаи молияро аз худ намуд. Ҳангоми дар курсҳои болоӣ таҳсил кардан дар идораи андози ноҳияи Ҳамадонӣ таҷриба омӯхту дониши назариявиро бо амалия сайқал дод. Сирру асрор ва нозукиҳои ин касбро аз худ намуд.
Соли 2007 Саодат Ганҷалова донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, аз ҳамон сол инҷониб дар идораи нозироти андози ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳайси мудири шуъбаи баҳисобгирии даромадҳо фаъолият дорад.
Оре, ин духтараки дилбохтаи касби хеш ба ҳайси сардори шуъбае, ки яке аз самтҳои фаъолияти муҳими идораро пеш мебарад ва ҳамзамон рисолати пурмасъулиятеро ба зимма дорад. Иҷрои ин вазифа аз мутахассис масъулияти баландро тақозо мекунад. Барои иҷрои ин вазифа Саодат бештар китобу адабиёти соҳавиро мутолиа мекунад ва сатҳи ҷаҳонбиниашро васеъ мегардонад. Азму талошҳои зиёде менамояд. Шиораш дар фаъолияти корӣ ин гуфтаҳои Саъдии бузург аст:
Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.
Саодат аз зумраи мутахассисонест, ки дар соҳаи молия ва андоз бо донишу маҳорати баланди касбиаш миёни ҳамкорону мардум соҳибэҳтиром гардидааст. Ин обрӯро бо меҳнати ҳалол ва одобу ахлоқи нек ба даст овардааст.
Вақте ки мо барои суҳбат вориди ҳуҷраи кории ӯ шудем, ӯро миёни анбуҳи ҳуҷҷатҳо ва компютеру муҳосираи рақамҳо дарёфтем.
Ба гуфти ӯ мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозҳо – ин пардохти маблағҳои дорои хусусияти ҳатмӣ, бебозгашт мебошанд, ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ (аҳолӣ) ба буҷаи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар асоси қоида ва тартиботи қонунгузориҳои амалкунанда дар вақти муайяншуда пардохт менамоянд. Албатта, саривақт пардохт гардидани андозҳо боиси ғанӣ шудани хазинаи давлат ба ҳисоб меравад.
Тағйироти имрӯзаи иқтисоди бозоргонӣ аҳли ҷомеаро ба муносибатҳои нави андоз беш аз пеш ҳавасманд менамояд.
Хушбахтона, шурӯъ аз соли 2017 супоридани ҳисоботҳо ба тариқи электронӣ анҷом дода мешавад, ки ин усул ҳам кори андозсупорандагон ва ҳам кори кормандони нозироти андозро осон мегардонад.
Дар радифи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба бисёре аз субъектҳои андозсупоранда имтиёзҳо дода шудааст. Албатта, ин тадбирҳо барои ба шуғли пурмаҳсул таъмин кардани аҳолӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии сокинони кишвар мусоидат менамояд. Саодат Ганҷалова аз он қаноатманд аст, ки хушбахтона дар кишвари мо имрӯз усулҳои соддагардонии ҳамаи санадҳои қонунгузорӣ дар низоми андоз амалӣ мегарданд. Вале сатҳи маърифати ҳуқуқии мардумро боз ҳам баланд бардоштан лозим аст. Ин имкон медиҳад, ки кори андозсупорандагон осонтар шавад.
Саодат барои баланд бардоштани донишу таҷрибаи касбӣ борҳо аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият гузаштааст.
Ҳамчун мутахассиси фаъолу кордон дар якчанд конфронсу симпозиумҳои ҷумҳуриявӣ дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд иштирок ва баромад намудааст. Ӯ ҳамеша дар омӯзишу бозомӯзии касбӣ қарор дорад.
Шуғли дӯстдоштааш мутолиаи китоб ва пухтани хӯрокҳои гуногуни миллӣ мебошад. Ӯ ҳанӯз аз овони хурдӣ ба китоб шавқу ҳаваси беандоза дошт. Ҳамин шавқу рағбат буд, ки дар хонааш китобхонаи шахсӣ ташкил намуд.
Ба андешаи вай инсон метавонад маҳз ба воситаи мутолиаи китоб роҳи дурусти ҳаётро интихоб намояд ва аз таъриху фарҳанги ниёгони хеш бохабар бошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки хонаи бе китоб рӯзи бе офтоб аст. Дар бораи аҳамияти китоб олими машҳури рус М.В.Ломоносов дуруст гуфтааст: «Ҳамон хона зебост, ки рафҳои он бо китоб оро ёфта бошанд».
Саодат Ганҷалова аз он ифтихор дорад, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми духтарону занон дар ҷомеа хеле зиёд аст. Қабул гардидани чандин қарору барномаҳои давлатӣ, амалӣ шудани квотаҳо ва грантҳои президентӣ барои занону духтарон далели гуфтаҳои болоанд. Аммо ҳанӯз ҳам шумораи кормандон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла дар соҳаҳои молия, бонк ва андоз нисбат ба мардон камтар аст. Ҳол он ки дар олами муосир ва ҷаҳонишавӣ ҳам занон ва ҳам мардон имкониятҳои баробари ғанӣ гардонидани буҷаи оилавиро доранд.
Ӯ бар он назар аст, ки бонувон ҳам баробари мардон дар ҳамаи соҳаҳои ҷамъиятӣ фаъолона кор кунанду дар бунёдкорию созандагӣ ва рушди босуботи кишвар саҳмгузор бошанд.
Мехоҳад занону духтарони соҳибкасб дар идораи нозироти андоз бо ӯ ҳамкор бошанд. Дар идораи нозироти андози ноҳия ҳамагӣ ду нафар бонувон фаъолият доранду халос. Яъне бонувон низ бояд ҳамқадами ҷомеа бошанд.
Саодат Ганҷалова ҳамчун коршиноси ботаҷриба, соҳиби донишу малака ва масъулиятшиносии баланд барои фаъолияти босамар ва меҳнати ҳалол сазовори чандин ифтихорномаю сипосномаҳо ва мукофотҳои молию пулӣ гардидааст. Аз он ифтихорманд аст, ки оилаи хушбахт дораду 2 фарзанди дӯстрӯяк.
Боз аз он фахр менамояд, ки дар Тоҷикистони азиз дар фазои сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебараду дар рушду шукуфоии Ватани маҳбубаш саҳмгузор аст.
Ва ба қавли худаш «раҳнаварди шоҳроҳи зиндагӣ» мебошад.
                                  Аъзам БОБОЕВ, ноҳияи Мир Сайид Алӣ Ҳамадонӣ
Добавить комментарий