Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷ. Балхӣ. Бунёди корхонаи парандапарварӣ

Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Алиҷон Аралов, рӯзҳои наздик дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи парандапарварӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кард.
Аз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд, ки соҳибкор барои рушди ибтидоии корхона аз фабрикаи парандапарварии ноҳияи Шаҳринав 500 мурғи зоти голландӣ харидорӣ кардааст. Барои нигоҳубини онҳо коргарони маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.
Корхона гарчанде фаъолиятро пурра ба роҳ намонда бошад ҳам, аллакай тухмҳои истеҳсолшударо ҳамарӯза ба таври яклухт ва бо нархи дастрас ба бозор мебарорад.
Биное, ки дар он корхона бунёд шуда истодааст, солҳо боз бекор буду ба таъмир ниёз дошт ва инак он пурра таъмиру навсозӣ гардид.
Соҳибкор ният дорад, ки рӯзҳои наздик чӯҷаҳои зоти бройлер ва марҷон харидорӣ карда, фаъолияти соҳибкориашро рушд диҳад.
Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон низ тасмим гирифтаанд, ки барои рушди соҳаи парандапарварӣ дар вилоят ба соҳибкор Алиҷон Аралов қитъаи замин ҷудо намоянд, то соҳибкор дар ин хоҷагии ёрирасон ҷуворимакка ва дигар маҳсулоти зарурии соҳаи парандапарвариро кишт намуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзандаи хешро гузорад.
Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо


