БАНКАҲОИ ХАТАРНОК

- Солимӣ -


Фасли сармо ҳам фаро мерасад. Бонувон, ки дар давраи тобистон маҳсулоти гуногунро консерва намуда захира кардаанд, дар ин давра аз он васеъ истифода мебаранд. Оростани дастархони пурнозу неъмат мақсади ҳар як кадбону аст ва ҳар яки мо кўшиш мекунем, ки ба аъзои хонавода ғизои солим пешкаш кунем. Аммо ғизои омода намудаи мо ҳамеша солим аст? Он ба саломатии аҳли хонавода хатар надорад? Хўришҳои омоданамудаи мо ҳамеша бехатаранд?

Ба ин суолҳо Ҳаким Худойбердиев, директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон посух гуфт:

Дар давраи зимистону баҳор дар ҳар хонадон аз маҳсулоти консервашуда васеъ истифода мебаранд. Вале риоя накардани қоидаҳои дуруст омода кардани консерваҳо боиси сар задани бемории ботулизм, яъне заҳролудшавӣ мегардад. Ҳамасола ҳодисаҳои заҳролудшавии одамон аз консерваҳои хонагӣ мушоҳида мегардад, ки сабаби он нодуруст тайёр кардани консерваҳои сабзавотӣ дар шароити хона мебошанд.

Ботулизм чӣ гуна беморист?

Ботулизм яке аз намудҳои вазнини заҳролудшавӣ ба ҳисоб рафта, аз истеъмоли ғизои заҳролудгашта ба вуҷуд меояд. Ин беморӣ хусусияти иллатнок кардани системаи асабро доро мебошад. Клостридиум Ботулинум барангезандаи ин беморӣ буда, хеле сахту устувор аст. Аммо ин барангезанда наметавонад сабаби беморӣ гардад. Сабаби асосии заҳролудшавии одамон заҳри он аст. Заҳролудшавӣ ҳангоми истеъмоли хўришҳои консервагии дар шароити хона омодагашта, ҳасибҳо ва маҳсулоти қаннодии муҳлаташон гузашта, консервагиҳои гўштию моҳигӣ мушоҳида мегардад.

Банкаҳои хатарнок

Банкаҳои хатарнок гуфта мо ҳамаи он консерваҳое, ки дар хона аз соли гузашта мондаанд, банкаҳои сарпўшашон дамкарда ва ё зангзадаро дар назар дорем. Истеъмоли маҳсулоти ин гуна банкаҳо ба солимии инсон хатар дорад. Баъзан маҳсулоти ин гуна банкаҳое, ки боиси заҳролудшавӣ мегарданд, бўй, мазза ва намудашон тағйир намеёбад. Дар баъзе ҳолатҳо оби чунин банкаҳо тира мегардад. Сабаби дам кардани сарпўши банкаҳо риоя нагардидани қоидаҳои консервакунонӣ ва ба қадри кофӣ тамйиз (стерилизатсия) накардан аст, ки дар натиҷа ба афзоиши микроб дар дохили зарф оварда мерасонад. Микроб дар ҳарорати 120 С° маҳв мешавад.

Аломатҳои заҳролудшавӣ


Дар шахси заҳролудшуда дарди сахти шикам , дилбеҳузуршавӣ, қайкунӣ, хастагӣ, дарди сар, хирашавии чашм мушоҳида мегардад. Даҳони бемор хушк гашта, овозаш мегирад, васеъшавии гавҳараки чашм, фуромадани пилки болоӣ ва олусии чашм ба назар мерасад. Фурўбарии бемор мушкил мегардад, зеро фалаҷи ҳалқ ва коми нарм ба вуҷуд меояд ва набз шиддат меёбад, фишори хун паст шуда, нафастангӣ ба амал меояд. Қабзияти шикам, сустии мушакҳо ба назар мерасад. Ҳангоми мушоҳидаи чунин аломатҳо беморро оҷилан бояд ба беморхона бурдан лозим аст. Дар ҳолати сари вақт муроҷиат намудан ба муассисаҳои тандурустӣ ва гирифтани табобат беморон дар муддати 10-12 рӯз саломатиашон барқарор мегардад. Худтабобаткунӣ оқибатҳои ногувор дошта, одамро то ба фавт оварда мерасонад.

Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ

Қоидаҳои санитарию гигиениро ҳангоми коркард, омода намудани консерваҳо ва нигоҳ доштан риоя кунед. Аз сабзавоти вайроншуда, пўсида ва дигар иллатдошта барои консервакунонӣ истифода накунед. Ҳангоми харидани ҳамгуна консерваҳо ба муҳлати истифодааш аҳамият диҳед. Маҳсулоти банкаҳои сарпўшашон дамида ва обашон тирагаштаро начашед. Зеро миқдори камтарини заҳри ботулинӣ хатарнок аст. Ба сифати хўришҳои аз боимҷон, бодиринг ва карам, лўбиёи сабз, лаблабу, занбўруғ омодашуда аҳамият диҳед. Маҳсулоти дар шароити хона консервашударо, ки зиёда аз як сол нигоҳ дошта шудаанд, истеъмол накунед.

Таҳияи САФО

Добавить комментарий