Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХУДОВАНД СУЛҲУ ОСОИШИ МОРО АБАДӢ НИГАҲБОН БОШАД!
- Изҳори сипос -

-мегӯяд депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 9-10), собиқадори меҳнат, сокини ноҳияи Панҷ Болта Нидоев
Имрӯз ба чеҳраи шоду лабҳои пуртабассуми мардум менигараму дилам аз фараҳ лабрез мегардад. Барои насли ҷавон, бахусус онҳое, ки баъди ба истиқлолият ноил шудани Тоҷикистон ба дунё омадаанд, шояд он мушкилоту душворию ғаму андуҳи гарон, ки мо – насли калонсол дидему эҳсос намудем, афсона намояд. Афсӯс, ки ҳақиқати ҳоли он рӯзҳои нахустини истиқлолият ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки қурбонии зиёди ҷонию молӣ боқӣ гузошт.
Бахусус, онҳое, ки дар минтақаи асосии даргириҳо – водии Вахш сокин буданд, медиданд, ки ҳар рӯз садҳо нафар ҷон аз даст медиҳанду ҳукумати вақт қудрати имкони пеши он ҳама хунрезӣ, баргардонидани гурезаҳоро надошт. Ана, дар ҳамон шабу рӯзҳо Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ барпо гардида, дар баробари ҳаллу фасли даҳҳо масъалаи муҳим шахсияти бузурги таърихӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард. Шоҳид будем, ки дар он рӯзҳо кам касон ҷуръат пайдо мекарданд, то бори сахту сангини масъулиятро ба зимма гиранд.
Аз қуллаи роҳи тайгардидаи 28– солаи иҷлосияи таърихӣ ба он рӯзҳои душвор менигараму мехоҳам як ҳодисаро, гарчанде нақли он бисёр мушкилу ғамгину дардолуд бошад ҳам, ёдоварӣ намоям. Агар хато накунам, 27 январи соли 1992 аз як деҳаи Максим Горкий (ҳоло Вахё) 140 нафар фарзандони беҳтарин, ки бегуноҳ буданд, аз дасти нохалафон кушта шуданд. Вале чун яроқ он замон дар дасти ашхоси бераҳму беандеша буд, аз дасти одамони солимақлу солимандеш коре ҳам намеомад.
Барои мани 90 –сола ба ёд овардани он рӯзҳо бисёр вазнину гарон бошад, ҳам вале андешаҳоро ба он хотир мехоҳам иброз намоям, ки насли ҷавон ба роҳи баду хато нараванд. Бояд дониста бошанд, ки ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ асру замон ҷангу хунрезӣ боиси хушнудию сарфарозӣ гашта наметавонад. Мо, пирон талхию ширинии бисёрро дар зиндагӣ чашида, вазифадор ҳастем, ки аҳамияти дастовардҳои таърихии
иҷлосияи мазкурро ба насли имрӯз ва ояндагон фаҳмонем, то ин ки онҳо ба роҳи хато нараванд.
Имрӯз ба сарзамини зебою шукуфони Тоҷикистони азиз, аз ҷумла Панҷи нозанин назар меафканаму пешравию оромию дастовардҳо хушнудам мегардонанд. Ҳангоми сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷ (соли 2014) ба ман муяссар гардид, ки бо ӯ аз наздик суҳбати самимона дошта бошаму ҷомаи бо ҳазорон меҳру муҳаббат барояш дӯхтаи мардуми ин гӯшаи диёрро пӯшонам. Зимни сафари кории Президенти мамлакат ба ноҳияи Панҷ соли 2017-ум низ боз дидори гарму мулоқоти фаромӯшнашаванда бо Пешвои муаззами миллат насибам гардид. Баҳри фаъолияти неку самарабахши минбаъда мардум ҳамеша дуои нек мекунанду барои пешравию дигаргуниҳои бузург дар Тоҷикистон, ки тавассути заҳмати шабонарӯзии Пешвои миллат ба даст омадаанд, изҳори сипос менамоянд.
Воқеан, хушбахту сарфарозем, ки Пешвои муаззаму ғамхор дорем. Ҳар рӯзу ҳар соат пешравию муваффақиятҳои азим муяссар мегарданд. Пас, биёед, ҳамватанони азизу арҷманд, барои мустаҳкамию абадияти сулҳу осоишу ваҳдат тамоми кори неки аз дастамон меомадаро ба иҷро расонем.
Таснифи Сулаймон СУЛТОНОВ, н. Панҷ

Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН