Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
01 май 13:50АСОСӢ / Ахбор / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Иҷтимоъ / Мақомот
ХАТЛОН. ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ЯК МАТОВУ САД РАНГ»
Дар саҳни Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, даври вилоятии фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, меҳмонон ва намояндагони шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар саҳни театр ба маърази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуда, бо намунаҳои нодири чакандӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, атласу адрасбофӣ ва дигар навъҳои ҳунарҳои миллӣ шинос шуданд.
Зимни суханронии худ Анзурат Абдусаломзода таъкид дошт, ки фестивал-озмуни мазкур дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ бо мақсади ҳифз ва рушди арзишҳои фарҳанги миллӣ роҳандозӣ гардида, ба тарғиби либоси миллӣ, баланд бардоштани мақому манзалати ҳунарҳои мардумӣ ва пешгирии бегонапарастиву тақлидкорӣ равона шудааст.
Қайд гардид, ки чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни ғании халқи тоҷик заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамзамон ба рушди ҳунармандӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи низомнома, фестивал-озмун дар се давр баргузор гардида, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, даври дуюм дар сатҳи вилоятҳо ва даври ниҳоӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Дар он беҳтарин ҳунармандон, тарроҳон ва эҷодкорон аз рӯи номинатсияҳои гуногун, аз ҷумла намоиши либосҳои миллӣ, маҳсулоти дастбоф ва ҳунарҳои мардумӣ байни ҳам рақобат мекунанд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии рангин манзури ҳозирин гардид.
Дар анҷом, ғолибони даври вилоятии фестивал-озмун бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
М. Маҳмадалиев
📷: Далер Шарифов
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
5 МАҲСУЛОТИ НОДИР БАРОИ САЛОМАТӢ
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР





