Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ – ВАСИЛАИ МУҚОВИМАТ БО ИФРОТГАРОӢ
Дар даврони муосир, ифротгароӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеа маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди пешрафти илму техника ва дастрасии фаровони иттилоотӣ, баъзе ҷавонон ҳанӯз ҳам ба андешаҳои маҳдуд ва ғояҳои ифротӣ майл доранд. Дар мусоҳибаи навбатӣ Шарофат Дониёр, сармуҳаррири маҷаллаи “Меҳровар” нақши оила, мактаб ва расонаҳои иттилоотиро дар пешгирӣ аз ин зуҳурот баррасӣ мекунад ва маслиҳатҳои мушаххас барои тарбияи фарзандон ва рушди худогоҳии ҷавонон пешниҳод менамояд.
– ИМРӮЗ МАСЪАЛАИ ИФРОТГАРОӢ ЯКЕ АЗ МАВЗУЪҲОИ МУҲИМИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ МАҲСУБ МЕЁБАД. БА НАЗАРИ ШУМО, МАФҲУМИ ИФРОТГАРОӢ ЧӢ МАЪНО ДОРАД?
– Ифротгароӣ, пеш аз ҳама, маҷмуи андешаҳо ва амалҳое мебошад, ки ба қонунҳои амалкунандаи давлат, арзишҳои миллӣ ва меъёрҳои пазируфташудаи ҷомеа мухолифат дорад. Вақте шахс ё гурӯҳе кӯшиш мекунад диду назари худро бо роҳи зӯроварӣ ё таблиғоти нодуруст ба дигарон таҳмил намояд, чунин рафтор метавонад ҳамчун зуҳуроти ифротгароӣ арзёбӣ гардад. Ин зуҳурот аксаран бо экстремизм ва терроризм ҳамбастагӣ дошта, барои амнияти ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад.
– БО ВУҶУДИ ПЕШРАФТИ ИЛМУ ТЕХНИКА ВА ФАРОҲАМ БУДАНИ ИМКОНИЯТҲОИ ЗИЁД БАРОИ ТАҲСИЛУ РУШДИ ШАХСИЯТ, ЧАРО БАЪЗЕ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ИФРОТГАРО ШОМИЛ МЕШАВАНД?
– Сабабҳои ин раванд гуногунанд. Аммо яке аз омилҳои асосӣ сатҳи пасти маърифату ҷаҳонбинӣ мебошад. Ҷавоне, ки дониши кофӣ надорад ва воқеиятҳои ҷомеаро таҳлил карда наметавонад, ба осонӣ зери таъсири таблиғоти гурӯҳҳои ифротгаро қарор мегирад. Мутаассифона, баъзе ҷавонон кам китоб мехонанд ва бештар ба иттилооти тасодуфӣ ё муғризонае, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, такя мекунанд. Ин ҳолат онҳоро ба доми таблиғоти ғаразнок гирифтор месозад.
– ЯЪНЕ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ НИЗ МЕТАВОНАНД ДАР ИН РАВАНД ТАЪСИРГУЗОР БОШАНД?
– Бешубҳа. Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ ба як фазои бузурги иттилоотӣ табдил ёфтаанд. Дар баробари манфиатҳои зиёд, онҳо метавонанд воситаи паҳн намудани ғояҳои ифротгаро низ бошанд. Баъзе ҷавонон бидуни дарки паёмадҳои чунин иттилоот аз ин шабакаҳо истифода мебаранд. Дар натиҷа, тавассути мағзшӯии иттилоотӣ, ки аз ҷониби гурӯҳҳои иртиҷоӣ роҳандозӣ мешавад, ба ақидаҳои нодуруст бовар мекунанд.
– ДАР ИН МАВРИД НАҚШИ ОИЛА ТО ЧӢ АНДОЗА МУҲИМ АСТ?
– Суоли хеле бамаврид. Нақши оила бисёр калидӣ аст. Оила пойдевори ҷомеа мебошад. Тарбияи фарзанд маҳз аз муҳити оила оғоз мегардад. Агар дар оила муҳити солим, муносибати нек ва назорати оқилона вуҷуд дошта бошад, фарзанд бо ҷаҳонбинии дуруст ба воя мерасад. Волидон бояд ба фарзандон на танҳо дониш, балки фарҳанги истифодаи дурусти технологияҳои муосир, аз ҷумла интернет ва телефонҳои мобилиро низ омӯзонанд.
– ОЁ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ МЕТАВОНАНД ДАР ПЕШГИРИИ ИН ЗУҲУРОТ САҲМГУЗОР БОШАНД?
– Албатта. Мактаб ва донишгоҳҳо дар тарбияи маънавии ҷавонон нақши бузург доранд. Баргузории суҳбатҳои фаҳмондадиҳӣ, викторинаҳо, озмунҳо ва мулоқот бо мутахассисон метавонанд ба боло бурдани маърифати ҳуқуқӣ ва иҷтимоии ҷавонон мусоидат намоянд. Ин гуна чорабиниҳо бояд мунтазам ва бо усулҳои ҷолиб ба роҳ монда шаванд, то ҷавонон тавонанд хатарҳои ифротгароиро дуруст дарк кунанд.
– БА АНДЕШАИ ШУМО ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ИН РАВАНД ЧӢ НАҚШ ДОРАНД?
– Воситаҳои ахбори омма яке аз муҳимтарин абзорҳои таъсиррасонӣ ба афкори ҷомеа мебошанд. Расонаҳо метавонанд тавассути барномаҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳо, мақолаҳо ва гузоришҳои иттилоотӣ мардумро аз хатарҳои ифротгароӣ огоҳ созанд. Бо пешниҳоди мисолҳои воқеӣ ва таҳлилҳои касбӣ онҳо метавонанд дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии ҷавонон саҳми назаррас гузоранд.
– ИМРӮЗ ҶОМЕА БАРОИ ПЕШГИРИИ ИН ЗУҲУРОТИ ХАТАРБОР ЧӢ КОРҲОРО БОЯД АНҶОМ ДИҲАД?
– Пешгирии ифротгароӣ кори дастаҷамъона аст. Оила, мактаб, ҷомеа ва расонаҳои иттилоотӣ бояд ҳамкорӣ намоянд. Муҳим аст, ки ҷавонон ба роҳи худшиносӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят карда шаванд. Агар мо ба тарбияи дурусти насли наврас диққати ҷиддӣ диҳем, метавонем ҷомеаи солим ва устуворро бунёд намоем.
– ДАР АНҶОМИ СУҲБАТ БА ҶАВОНОН ЧӢ МАСЛИҲАТҲО МЕДИҲЕД?
– Ба ҷавонон мехостам бигӯям, ки дониш омӯзанд, китоб хонанд ва ҳар иттилоотеро, ки мегиранд, бо ақлу таҳлил қабул намоянд. Ҷавонони соҳибмаърифат ва худогоҳ метавонанд ояндаи давлат ва ҷомеаро устувор нигоҳ доранд. Танҳо бо дониш, маърифат ва ватандӯстӣ метавон аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ эмин монд.
Мусоҳиб М. Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
РОҲИ АВТОМОБИЛГАРДИ ЁВОН-ВАҲДАТ-НОРАК БОЗСОЗӢ КАРДА МЕШАВАД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
Тоҷикистон – Ватанам
ХОҲАРОНИ КИТОБХОН
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД



