ИФТИХОРИ ПАРЧАМДОРӢ

- Муқаддасот -

“Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад”.
                                     
Эмомалӣ Раҳмон

Парчамдорию парчамбардории миллати мо, ки рамзи пирӯзиҳост, таърихи чандҳазорсола дорад. Роҳи пурифтихори Парчами осмонбӯси имрӯзаамон аз пешбанди чармини Коваи оҳангар, дирафши коваёнӣ оғоз гардидааст.
Аз аҳли бостон парчам ифодагари мавқеи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгари он ба пирӯзӣ дониста мешуд. Тавре дар достони “Заҳҳок ва Коваи оҳангар”-и “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тусӣ омадааст, Коваи оҳангар аз зулму истибдори Заҳҳок, ки дар қатори ҷавонони зиёди кишвар 17 писари ӯро низ туъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, ба рағми ин шоҳи хунхор шӯрида, пешбанди чармини худро ба сари найза кашида, халқро ба шӯриш даъват карда, ба пирӯзӣ расидааст.
Тоҷикон дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд ва ин худ далели маърифати баланд аст. Бостоншиносон истифодаи онро ҳанӯз то милод таъкид ва собит намудаанд. Дар замони Куруши кабир халқи тоҷик, ки соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда, дирафш – парчамро ба миён овард. Имрӯз ҳеҷ давлатеро бе парчам тасаввур наметавон кард.
24 –уми ноябри соли 1992 таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия масъаларо “Дар бораи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ баррасӣ намуд. Дар иҷлосия доир ба моҳият ва аҳамияти қабули рамзҳои давлатӣ академик Муҳаммад Осимӣ гузориш дод. Сипас, аз ҷониби вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун рамзҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ” омадааст, ки эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Дар ҳама ҳолат ба рамзҳои давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир нагардад. Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуму моҳияти хосаро дар худ таҷассум менамояд. Он аз як тараф идомаи мантиқии нахустин парчам дар таърихи инсоният бошад, аз дигар ҷониб, ифодагари соҳибистиқлолии комили давлат ва таҷассумгари дурахшони миллати тоҷик аст.
Баробар ба истиқлолият расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи масоили дигар, зарурияти таҳияву таъйини рамзҳои давлатӣ пеш омад. Дар асоси муқаррароти моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шудааст. 12 майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо намуданд, ки аз ду боб иборат аст. Санаи 11 декабри соли 1999 бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тартиб ва ҷойи афрохтани Парчами давлатӣ муайян карда шудааст.
Соли 2009 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва он бо тартиби ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз 19 ноябри соли 2009 ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист.
24 ноябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бунёди пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфт. Пояи парчам, ки 165 метр баландӣ дорад, аз ҷониби бинокорони Корхонаи “Алюминсохтмон” ва Ширкати байналмилалии “Трейдент Саппот” бунёд ёфтааст. Бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоми 30 августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат пешниҳод намуданд, ки ин мавзеи ободу дилрабо Майдони “Парчами давлатӣ” номида шавад.
Дар вилояти Хатлон низ бо шарофати соҳибистиқлолӣ қариб, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо майдони Парчами давлатӣ ва Нишони миллӣ бунёд гардиданд, ки имрӯзҳо ҷойи гашту гузору истироҳату фароғати сокинон шудааст.
Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар низ бо баландии 65 метр Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтааст. Ҳоло ин майдон бо гулгаштҳои ҷолибу назаррабо ба макони сайругашт, истироҳату фароғати мардум табдил ёфтааст.
Парчамат бодо парафшон, эй Ватан!
                         Сулаймон СУЛТОНОВ
Добавить комментарий