ШИРИНИИ СЕБУ ТУТ АСТ ИНҶО

    - Наргис, ҳамроҳи Шабнам аз мошин банкаҳоро ба дохили сех кашонда, омодаи пур кардани онҳо бошед, - садо кард роҳбари корхона ба бонувони коргоҳ, ки онҳо пиёзи анзури дар деги калон рехташударо ҳамроҳи дигар духтарон ба табақҳои пластикӣ ҷой мекарданд.

Муқаддас бошад, пиёзҳои анзури аз дег ба табақҳои пластикӣ ҷойкардаро оварда ба зарфе, ки аз он ба банкаҳои яклитраи шишагӣ пур мекарданд, мерехт. Бонуи дигар банкаҳои пуркардашударо ба назди дастгоҳи сарпӯшмаҳкамкунӣ мегузошт. Қисми дигари духтарон банкаҳои сарпӯшашон маҳкамкардашударо ба қуттиҳо гузошта, баъдан онҳоро ба гӯшаи бино бурда захира мекарданд. Дар дохили сехи коркард ва истеҳсоли маҳсулот ҳар нафар вазифаи худро медонист ва пайи иҷрои он буд. 

     - Дар оила мо ҳафт нафар ҳастем. Модарам, ман ва хоҳаронам ин ҷо кор мекунем. Кори мо мавсимӣ буда, 450 сомонӣ  моҳона мегирем. Ҳар як бонуи кӯҳистон орзуи доштани чунин ҷои кориро мекунад. Ҳарчанд он мавсимӣ ҳам бошад. Муддати се сол аст мо дар ин коргоҳ фаъолият  дорем. Ин ҷо аз пиёзи анзур, помидор, бодиринг консерва тайёр мекунем ва баъдан мева хушк менамоем. Аз меваи хушк нӯшоба низ тайёр мекунем,

- мегӯяд. Наргис Сафарова, сокини деҳаи Кишти Ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.       

Абдуғаффор Наҷмиддинов - раиси Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии ба номи Нуриддин Маҳмудов ва роҳбари ҶДММ «Ёғук» дар суҳбат ба мо гуфт, ки коргоҳи онҳо пештар дар сехи куҳна фаъолият мекард. Чор сол боз инҷониб дар доираи лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон бо кумаки Маркази дастгирии лоиҳаҳои СММ   ва  бо маблағгузории Ҳукумати Ҷопон Литака сехи нав сохта ба истифода доданд. Коргоҳи  нав  ду сол боз мавсимӣ кор мекунад. Бо технологияи муосир ва ҳама шароитҳои ба талаботи коркарди консерва мувофиқ фаъолият дорад. Пештар коргоҳи мо ду-се намуди маҳсулот истеҳсол мекард. Айни замон шаш - ҳафт намуд маҳсулот, аз ҷумла консерваи пиёзи анзур, помидор, бодиринг, нӯшобаи олуча, мураббои дулона, мураббои олуча, мураббои себи  биҳӣ ва ширинии тут истеҳсол карда истодаем,- мегӯяд Абдуғаффор Наҷмиддинов. 

Шумораи умуми коргарони ҶДММ «Ёғук» 12 нафар буда, 9 нафари онҳо зан ва 3 нафарашон  мардонанд. Аслан пиёзи анзурро мардум дар замини наздиҳавлигиашон мекоранд. ҶДММ «Ёғук»   ин маҳсулоти  хомро аз онҳо  мехарад.

- Мавзеи Даштиҷум дорои захираи калони маҳсулот буда, барои коркарди он имкониятҳои васеъ дорад. Ҳар сол маҳсулоти зиёди ин мавзеъ талаф меёбад. Мушкилоти асосии мо  нарасидани маблағ аст. Мо барои фаъолияти хоҷагидорӣ ва коркарди маҳсулот лоиҳаҳо пешниҳод кардаем ва алҳол қисме аз онҳо дар ҳолати баррасӣ қарор доранд. Маблағи калон даркор аст, ки истеҳсол, коркард ва банду басти онҳоро анҷом диҳем. Олучаи хушк, себ, тут ва дигар маҳсулотҳои моро аз  шаҳри Хуҷанд омада харида  мебаранд. Банду баст мекунанд ва баъдан содирот менамоянд. Мо бошем, чунин шароит надорем, ки маҳсулоти худамонро банду баст  карда, ба хориҷи кишвар содирот намоем.

Порсол мо 21 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол кардем. Имсол нақша дорем, ки 30 ҳазор қуттии шартӣ маҳсулот истеҳсол намоем. Пиёзи анзурро дар зарфҳои шишагии 1 литра (0,7) барои фурӯш омода мекунем.  Маҳсулоти истеҳсолкардаи мо ба вилояти Суғд, ВМКБ, шаҳри Бохтар, Душанбе ва дигар ҷойҳо фиристода мешавад. Талабот ба маҳсулоти мо сол ба сол зиёд  мешавад. Бештар талабот ба пиёзи анзур, консерваи бодиринг ва ширинии тут зиёд аст. Масалан, ширинии тути кӯҳистон, ки хеле болаззат буда, хусусияти табобатӣ низ дорад, талабгорони зиёд пайдо кардааст. Алҳол беш аз 300 литр ширинии тутро аз аҳолӣ харидорӣ кардем, ки онро баъди коркард ба зарфҳо ҷо ба ҷо карда, ба фурӯш омода мекунем, - иброз дошт А. Наҷмиддинов.


С. ХАЛИЛИЁН,

ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Добавить комментарий