24 окт 14:39АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият

Омилҳои норасоии об дар шаҳри Кӯлоб

-  Мушкилот  -
Норасоии оби нўшокӣ аз мушкилоти умдаи сокинони шаҳри Кӯлоб аст, ки солиёни зиёд ҳалли худро наёфта буду инак бо таъйини Қодир Вализода ба симати раиси шаҳр тарҳҳои таъминоти як қисми аҳолӣ бо оби ошомиданӣ амалӣ шуда истодааст. Мутаассифона, қариб тайи ду даҳсолаи охир раисон ҷойи якдигар меомаданду мерафтанд, аммо лоақал бо амалӣ намудани лоиҳае ягон маҳалла ё кӯчаеро бо об таъмин накарданд, ки то имрӯз вазъи таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ каме осонтар мешуд. Ҳамин тавр, аз як тараф бемасъулиятии роҳбарони пешин, аз сӯи дигар мавқеи номувофиқи ҷуғрофии шаҳри Кӯлоб имрӯз таъмини сокинони баъзе кӯчаву маҳаллаҳои ин шаҳри бостонӣ бо оби ошомиданӣ мушкил шудааст.
Ба гуфтаи Навиштамоњи Сафар, сокини кўчаи Сайдалї Вализодаи шањри Кўлоб, баъди солҳои зиёди мушкилоти беобӣ, дар замони соҳибистиқлолӣ бо ба кор даровардани чоҳи амудӣ дар деҳаи Тӯдакавш бошандагони кӯчаи онҳо ҳам бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин, бо истифода аз ин чоҳи амудӣ мушкили норасоии об дар чанд деҳаҳои атроф низ ҳалли худро ёфт.
Аз суҳбат бо сокинони деҳаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб маълум мешавад, ки онҳо аз ташаббусҳои раиси тозатаъйини шаҳри Кӯлоб бобати таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ огаҳӣ дошта, итминон доранд, ки марҳила ба марҳила мушкили норасоии об дар тамоми маҳаллаҳои шаҳр ҳалли худро пайдо мекунад. - Дар солу замоне, ки сирояти бемории коронавирус тамоми ҷаҳонро ба ташвиш оварда истодааст, таъмини сокинон бо оби тоза масъалаи аввали масъулони соҳаи марбута ва шаҳрдории Кӯлоб арзёбӣ мегардад. Албатта, дар маҳаллаи мо ин мушкилӣ ҳалли худро ёфтааст, аммо дар деҳоти атрофи мо норасоии об мушоҳида мешавад,- мегӯяд, сокини мањаллаи Фурудгоњи куњна Марворид Наврўзова.
Дар маҳаллаи Ҷумъа Алӣ бошад ба гуфте тибқи реҷа обро таъмин мекунанд, аммо бинобар паст будани фишор об ба ҷумакҳои истифодабарандагон намеояд. Намояндаи шабакаи обтақсимкунӣ дар ин маҳалла иқрор меояд, ки вақте дар соати муайянгардида мурувати обтақсимкуниро мекушояд, аз сабаби паст будани фишори об ҳатто дар пасттарин мавзеи маҳалла ҳам мардум аз ҷумакҳо об гирифта наметавонанд.
Дар ҳамин ҳол Миралӣ Шарифов, сардори идораи обу корезии шаҳри Кӯлоб иброз медорад, ки дар муқоиса ба дигар навоҳии минтақа дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб пайдо кардани манбаҳои баровардани обҳои амудӣ мушкилот дорад. Чаро ки заминҳои шаҳри Кӯлоб мисли дигар ноҳияҳо дар як сатҳ ҳамвор нест, то ки аз як чоҳи амудӣ обро ба масоҳати бештари атроф равон намуда, ба теъдоди зиёди муштариён хизмат расонем. Масалан аз манбаи аввали об то нуќтаи нињоии обрас сатҳи замин 210 метр фарқ дошта, барои то нуқтаи охирин расонидани об бояд дар се ҷой насосҳои обкаш насб намуд. Яъне, аз лиҳози релефи номуносиб таъмини тамоми ҳудуди шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ мушкилоти зиёд дорад. Аз сӯи дигар, агар дар дигар шаҳру ноҳияҳо об аз боло ба поён ҷорӣ шавад, вале барои қаламрави шаҳри Кӯлобро ба оби ошомиданӣ тақсим намудан, баръакс бояд обро аз мавзеи поёнӣ ба канораҳои баландӣ расонид.
-Сабаби дигари норасоии об дар шаҳри Кӯлоб ин аз ҷониби сокинони болооб риоя накардани сарфакории об мебошад, -қисса мекунад Ғарибшо Ғаюров, истиқоматкунандаи маҳаллаи Ҷумъа Алӣ.
– Аз рӯи мушоҳидаҳоям айни замон дар маҳаллаҳои Чапаев ва Заводи равған низ сокинон аз норасоии об азият мекашанд.
Қаблан, зимни нишасти матбуотӣ раиси шаҳри Кӯлоб иттилоъ дода буд, ки бо дастгирии як қатор саховатмандон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва шаҳрдории Кӯлоб дар чаҳор минтақаҳои гуногуни ин шаҳр чоҳҳои амудӣ ба кор дароварда мешаванд ва баъдан ин тарҳҳо амалӣ гардиданд.
Як сабаби дигари норасоии оби ошомиданӣ ин афзоиши шумораи аҳолии шаҳри Кӯлоб аст. Таи солҳои охир мардум масъалаи обро ба эътибор нагирифта, дар мавзеъҳои болотар аз сатҳи чоҳҳои амудӣ манзил бунёд карда истодаанд, ки ин дар оянда талабот ба бунёди насосҳои обкашро ба маҳаллаҳои аҳолинишин меафзояд. Тибқи баъзе маълумотҳо дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб даҳҳо маҳаллаҳои навбунёданд, ки на хати обгузар доранду на роҳҳои ҳамвори мошингузар. Ба ин мисол шуда метавонад маҳаллаи ба номи Қурбон Зардаков, ки барои гузаронидани хати обгузар ва таъмини сокинони он бо оби ошомиданӣ 174 ҳазор сомонӣ лозим меояд.
Сокинони маҳаллаҳои Ҷумъа Алӣ ва «1-уми май» бошанд, аз тариқи чоҳи амудии воқеъ дар деҳаи Тебалай таъмин мешаванд. Чоњи амудии дењаи Тебалай, ки соли 1938 канда шуда, 83 сол боз ба мардум хизмат мекунад, имрӯз аз такшинҳо пур шуда, ҳаҷми ғунҷоиши обаш кам шудааст. Тӯли ин солҳо шумораи истифодабарандагони оби ошомиданӣ чанд баробар зиёд шудааст. Аз сӯи дигар, дар шаҳри Кӯлоб ба ҷуз оби ошомиданӣ дигар намуд обҳо, аз қабили оби техникӣ ва оби полезӣ мавҷуд нест ва сокинон барои обёрӣ замину боғистонҳо ва ҳам таъминоти молу чорпои хонагӣ аз ҳамин оби чоҳҳои амудӣ истифода мебаранд. Дар баробари ин, аз ҷумакҳои манзилҳо ва деҳоти маҳаллаҳои наздики чоҳҳои амудӣ об беҳуда ҷорӣ мешавад. Масъулони идораи обу корезии шаҳри Кӯлоб итминон доранд, ки бо насби ҳисобкунакҳои обӣ дар ҷумакҳои манзилҳои истиқоматии сокинон метавон мушкили норасоии обро барои сокинони мавзеъҳои болоии шаҳри Кӯлоб каме осон намуд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар рӯзҳои ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар деҳаҳои Тӯдакавши шаҳри Кӯлоб ва рустои Тутои Ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод чоҳҳои амудӣ ба истифода дода шуд, ки бо ин васила даҳҳо деҳу маҳаллаҳои атрофи он бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин айни замон коркарду омода намудани чоҳҳои амудии ҳудуди идораи коммуналии шаҳр ва як чоҳи дигар дар назди осорхонаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб идома дорад. Пӯшида нест, ки ҳанӯз дар шаҳри Кӯлоб мушкилоти нарасидани оби нўшокӣ зиёд аст.
Бинобар маълумотҳои Миралӣ Шарифов, сардори идораи обу корезии шаҳри Кӯлоб, айни ҳол дар доираи як лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ барои сокинони шаҳри Кӯлоб аз ҷониби Бонки рушди Аврупо 15 миллион доллар ҷудо карда шудааст, ки бо амалӣ шудани ин лоиҳа вазъи таъминоти аҳолии шаҳри Кӯлоб бо оби ошомиданӣ беҳтар мегардад. Аммо дар ин баробар, масъулони соҳаҳои марбутаро мебояд, ки дар самти огоҳии мардум оид ба сарфакории оби ошомиданӣ корҳои фаҳмондадиҳиро бештар ба роҳ монанд. Зеро то замоне, ки муштариён тарзи сарфакорона истифода бурдани оби ошомиданӣ ва тартиби пардохти саривақтии ҳаққи хизматрасониро риоя накунанд, дигар мушкилоти соҳаи обу корезӣ ҳалли худро намеёбанд.
                          С. ХАЛИЛИЁН, шаҳри Кўлоб
Добавить комментарий