ДИЛБОХТАИ КАСБ


Ситорамоҳ Исупова аз бонувони ҳалиму донишмандест, ки аз давраҳои ҷавонӣ риштаи омӯзгориро фаъолияти ҳамешагии хеш интихоб намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми назаррас дорад. Ӯ моҳи майи соли 1971 дар деҳаи Куҳнашаҳри ҷамоати Зарбдори ноҳияи Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушод. Айёми наврасии Ситорамоҳ бо муҳаббату навозиши волидон тай шуда бошад ҳам, дар рӯзи Иди меҳнатакашон ба дунё омаданаш ҳикматҳои худро дошт. Соли 1978 мактаби №22–и зодгоҳашро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, бо тавсияи устодон роҳ сӯи донишгоҳ гирифт.

-Новобаста ба андешаҳои хурофотию афкори носолими баъзе одамони аз таҳсил дар канормонда, ки таҳсилдидаҳоро дар ғайбашон таъна мекарданд, аммо шавқу ҳаваси омӯзгорӣ ва иродаи соҳибкасб шудан насли моро аз амалӣ намудани орзуҳои ҷавонии хеш намегардонид, – мегӯяд Ситорамоҳ.

Ба мушкилоти рӯзгор нигоҳ накарда, соли 1988 падари Ситорамоҳ, шодравон бобои Абдусаттор ҳуҷҷатҳои духтарашро ба шуъбаи рӯзонаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ супорид. Баъди донишҷӯ шудан аз ҳамон сол дар мактаби №10 –и колхози Шатал ба ҳайси котиба ба фаъолият шурӯъ намуд. Солҳои 1991-1992 зери роҳбарии омӯзгори хушсалиқа Моҳшариф Файзуллоева таҷрибаомӯзиро ба итмом расонид.

Соли 1993 баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №41 –и шаҳри Кӯлоб фаъолияти хешро идома дод. Баъдан аз соли 1995 дар мактаби зодгоҳаш, ки маъмани орзуҳои кӯдакиаш буд, ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик кор кард. Аз соли 2010 то инҷониб дар МТМУ №6–и шаҳри Кӯлоб муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик аст. Ғолибияти шогирдонашро дар озмунҳои гуногун аз лаҳзаҳои хотирмони ҳаёти хеш медонад.

Ҳамкоронаш дар симои омӯзгори соҳибтаҷриба шахси донишманду дар пешаи интихобнамудааш садоқатмандро мебинанд, ки ҳама ҳастии худро ба кори таълиму тарбияи насли наврас бахшидааст. Сарвари МТМУ №6-и шаҳри Кӯлоб нақши омӯзгор Ситорамоҳ Исуповаро дар омӯзиши фанни забон ва адабиёти тоҷик ва таълими шогирдони муассиса муҳим арзёбӣ менамояд.

Ситорамоҳ Исупова соли 2007 дар озмуни “Муаллими сол” иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм ва бори дуввум соли 2013 дар ҳамин озмун ҷойи сеюмро ишғол намуд. Дар баробари фаъолияти омӯзгорӣ даҳҳо мақолаҳои ӯ дар рӯзномаҳои “Навиди Кӯлоб” ва “Кулябская правда” нашр гардидаанд. Матолиби “Куҳнашаҳр”, “Домани устод гиру шод шав”, “Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад”, “Ҳаёти чилсолаи устод” ва ғайраҳо аз матлабҳои муаллимаи эҷодкор маҳсуб меёбанд, ки ба мавзўъњои гуногун бахшида шудааст.

Мавриди зикр аст, ки муаллима Ситорамоҳ дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” дар даври шаҳрӣ аз рӯи номинатсияи хондану аз ёд кардани адабиёти классик дар гурӯҳи калонсолон иштирок намуд. Бо хондани зиёда аз 100 китобҳои илмиву публитсистӣ ва бадеӣ ҷойи аввалро ишғол намуда, ба даври вилоятӣ роҳ ёфт.

Шурӯъ аз соли 1983 то инҷониб муаллима Ситорамоҳ аъзои фаъоли китобхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба номи Садриддин Айнӣ буда, ҳамчун китобхони беҳтарини китобхона, аз калонсолон ба ҳисоб меравад.

Аз суҳбат бо ин бонуи фазила бармеояд, ки омӯзгориро пешаи ҳамешагии хеш қарор дода, кӯшиш менамояд, ки дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро гузошта бошад.

- Шукри истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишвар дорам. Худованд ба миллати тоҷик Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ато намуд, ки дар баробари дигар корномаҳои мондагораш қадри занону модаронро дар ҷомеа баланд бардошта. Бешубҳа ҳама дастоварду комёбиҳо ва умуман ҳаёти хурраму иқболу сарбаландиҳои бонувони кишвари мо аз дастгирию ғамхориҳои Сарвари давлатамон сарчашма мегирад,- мегӯяд Ситорамоҳ Исупова.- Албатта, ин нуктаро қайд кардан ба маврид аст, ки нафареро илму дониш омӯзондан, навиштану хонданро ёд додан ва ӯро ба сӯи маданияту маърифат раҳсипор намудан ин вазифаи аввалиндараҷаи омӯзгор ба шумор меравад.

                       Акмал ҚУРБОНӢ, донишҷў

Добавить комментарий