РУШДУ НУМӮИ ДЕҲАҲО

               - 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ -


Тайи ду соли аввали эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ки дар мамлакатамон ҳазорҳо иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, дар баробари таъмини ҷойи кору шуғлҳои музднок дар мамлкат пешравиҳои бузург дида мешавад.

Дар Ҷамоати деҳоти «Фрунзе»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки зиёда аз 26 ҳазор нафар аҳолӣ зисту зиндагонӣ доранд, дар баробари дастовардҳои бузург дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ҳамчунин, аз ҷониби фаъолону сокинони ватандӯсти маҳаллаҳо ташаббусҳои наҷиби созандагӣ ба чашм мерасад. Аз ҷумла, ба истиқболи ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рустоҳои гуногуни деҳоти мазкур бунёди 29 иншооти гуногуни хизматрасонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 11 адад аз ин лоиҳаҳо мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Чуноне ки Абдурасул Насимов, раиси Ҷамоати деҳоти «Фрунзе», иброз дошт, дар доираи бунёдгузории иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти кишвар дар ҳудуди деҳоти мазкур бинои дуошёнаи МТМУ №48 барои 610 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон дар ин давра, дар ду маҳаллаи деҳоти мазкур марказҳои саломатӣ сохта бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Қобили зикр аст, ки лоиҳаҳои мактаби дуошёнаи хуштарҳу замонавӣ бо маблағгузории Бонки Рушди Олмон ва ду адад марказҳои саломатӣ бо дастгирии молии Бонки Ҷаҳонӣ ва саҳми сокинони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Ҳамчунин, дар ин давра бо ташаббусу дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар маҳаллаҳои гуногуни деҳоти мазкур як чойхонаи замонавӣ, 2 майдончаҳои варзишӣ, як кӯдакистони замонавӣ, 3 адад сардхона ва чанд ададӣ сартарошхонаву бунгоҳҳои тиббӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Сокинони ҷамоати деҳоти «Фрунзе» бо рӯҳбаландӣ аз раванди корҳои созандагӣ софдилона заҳмат кашида, аз заминҳои ҳосилхези хоҷагиҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигии худ ҳосили фаровон бардошта, дар ғанӣ намудани бозорҳои кишвар бо меваю сабзавоти тару тоза саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

- Дар пайравӣ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар бобати рушди деҳот ва беҳбудии шароити иҷтимоии аҳолӣ дар тамоми самтҳои хоҷагии қишлоқ ба дастовардҳои шоён ноил гардида, дар баробари рушди соҳаи пахтакорӣ, бунёди боғу токзорҳо ба парвариши сабзавоти барвақтӣ ва дигар зироатҳои кишоварзӣ, инчунин барои дар тамоми фаслҳои сол таъмин намудани бозорҳои кишвар бо маҳсулоти ниёзи мардум теъдоди гармхонаву сардхонаҳои замонавиро зиёд карда истодаем,- иброз дошт зимни суҳбат раиси Ҷамоати деҳоти Фрунзе Абдурасул Насимов. – Иқлими мусоиду хоки зархези ин водии файзбор имкон медиҳад, ки мардум заминро манбаи асосии пешбурди рӯзгор дониста, аз ҳисоби даромади софи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигиашон саҳми худро дар корҳои ободонию бунёдкории диёри худ гузоранд.

Носирқул Раҳимқулов аз зумраи мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки баъди ба нафақаи синусолӣ баромадан дар заминаи 6 гектар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Шерзод» парвариши зироатҳои гуногунро ба роҳ мондааст. Баъди огаҳӣ аз моҳияти ташкили гармхонаву сардхонаҳо ӯ тасмим гирифт, ки бо бунёди гармхонаи замонавӣ дар таъмини бозорҳои маҳаллӣ бо маҳсулоти серғизо мусоидат намоянд. Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, бо масрафи 54 ҳазор сомонӣ гармхонаи замонавӣ бунёд намуда, итминон дорад, ки аз фоидаи ду чиниши аввали помидори хушсифат хароҷотҳои кардаашро бароварда метавонад.

- Гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ ба деҳқонони диёри мо имкон фароҳам овард, ки соҳиби замину воситаҳои гуногуни хоҷагидорӣ шуда, дар баробари таъмини рӯзгори хонавода, фарзандонамонро хононда соҳиби касбу кори гуногун намоем. Ҳамзамон, аз ҳисоби даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ соҳиби молу амволе шавем, ки дар аҳди шӯравӣ онро орзу ҳам карда наметавонистем,- изҳор дошт Н. Раҳимқулов.

- Сипосу миннатдории бепоён ба Сарвари давлатамон, ки дар баробари ҷудо намудани саҳмияҳои замин моро ба таъсиси гӯшаҳои деҳқон ҳидоят намуданд. Ин аст, ки айни замон дар назди заминҳои хоҷагиҳои деҳқониам, ки дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Панҷи Поён воқеъ аст, гӯшаи деҳқон ташкил намуда, ҳосили ба дастовардаамонро аз сари замин бо нарху навои дастрас фурӯхта истодаем. Ин ва дигар шароиту имкониятҳои дар заминаи таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ба мо имкон медиҳад, ки чанд тан сокинони деҳи худро ба шуғлҳои музднок таъмин намоем.

Ба мисли Носирқул Раҳимқулов дар деҳоти «Фрунзе»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ теъдоди зиёди деҳқонон бо таъсиси гармхонаҳо аз заминҳои хоҷагӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигии худ ҳосили фаровон мебардоранд. Уктам Норбутаев, як тан аз сокинони ин деҳистон солиёни чандест, ки ба парвариши зироатҳои дар шароити гармхонаҳо машғул аст. Ба гуфтаи ӯ бо бунёди гармхонаҳо метавон тамоми фаслҳои сол бозорҳои кишварро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намуд. Дар муқоиса ба дигар зироаткороне, ки ба заминкориҳои маъмулӣ машғуланд, мо аз қитъаҳои зери гармхонаҳои худ се-чаҳор баробар бештар фоида ба даст меоварем,- иқрор меояд Уктами помидорпарвар.

Имсол дар гармхонаҳоямон тухмии помидори навъи «Замира» -ро парвариш намуда истодаем, ки нисбат ба дигар тухмиҳои воридотӣ ба касалиҳои мавсимӣ тобовар аст. Мо ба ғайр аз корҳои деҳқонӣ дар шароити гармхонаҳо шуғли дигар надорем, зеро ки аз парвариши помидору бодиринг ва дигар маҳсулоти серхаридор даромади хуб ба даст меорем.

Аз суҳбат бо деҳқонону дигар сокинони касбу кори гуногуни деҳоти «Фрунзе»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бармеояд, ки ин мардуми заҳматқарину меҳандӯст, дар баробари пешбурди шуғлҳои барзгарӣ, ҳамзамон корҳои ободонию бунёдкориро дар зодбуми хеш вусъати тоза бахшида, дар амалӣ намудани ҳадафҳои пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар самтҳои рушди деҳот, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

                         Юсуфи СОБИР, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Добавить комментарий