Бойгонӣ
Июль 2025 (6)
Июнь 2025 (61)
Май 2025 (74)
Апрель 2025 (36)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)

ПАХТА-2020: ЛЕВАКАНД МУЖДА ДОД


Кишоварзони заҳматқарини шаҳри Левакант дар ҷумҳурӣ ва вилоят яке аз аввалинҳо шуда аз иҷрои дурнамои истеҳсолии пахтасупорӣ баромаданд.

Субҳи 7-уми октябри соли равон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба шаҳри Левакант сафари корӣ доштанд. Раиси вилоятро намояндаи ҲҶТ оид ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, Раиси шаҳри Левакант ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Нахуст дар майдони Парчами давлатии шаҳри Левакант маросими туҳфасупорӣ ба пешсафони маъракаи ҷамъоварии пахта ва мулоқот бо фаъолону сокинони шаҳр доир гардид. Дар шаҳри Левакант соли ҷорӣ дар майдони 1084 гектар кишти пахта гузаронида шуда, санаи 3-юми октябри соли ҷорӣ дурнамои истеҳсоли пахта таъмин гардидааст. Зарофарони шаҳр ба ҷои 2 ҳазору 410 тоннаи дурнамо ба миқдори 2 ҳазору 411,2 тонна пахта супориданд, ки 100,5 фоизро ташкил дода, ҳосилнокӣ аз як гектар ба 22,2 сентнерӣ расонида шуд. Хоҷагиҳои пахтакории шаҳр иқдом гирифтанд, ки ҳосили боқимондаро то охири мавсим ба пуррагӣ ҷамъоварӣ намуда, ҳосилнокиро аз ҳар як гектар ба 25-30 сентнерӣ расонанд. Дар шаҳр хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки самташон ба пахтакорӣ нигаронида шудааст, 43 ададро ташкил намуда, ба пуррагӣ аз иҷрои нақша баромаданд. Дар қисмати зиёди хоҷагиҳои деҳқонӣ тухмии Австралягӣ, Флеш, Хатлон-2014 кишт намуда, ҳосили хуб ҷамъоварӣ намудаанд. Зимни вохӯри қайд гардид, ки барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи пахтакориро бояд рушд диҳем. Аз ин рӯ, кишт ва парвариши пахта дар ҷумҳурӣ аҳамияти худро гум накарда, зарурат ба истеҳсоли маҳсулоти он рӯз то рӯз меафзояд. Ҳукумати кишвар инро ба хубӣ эҳсос намуда, оид ба корҳои селексионии навъбарории марбут ба пахта ва вусъати фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии пахтакор қарорҳои дахлдор ба тасвиб расондааст.

Қурбон Ҳакимзода ба кишоварзон ва пахтакорони шаҳри Левакант барои сарбаландона баромаданашон аз иҷрои дурнамои истеҳсоли пахта изҳори сипос намуда, ба хоҷагиҳои пешқадами шаҳр сипоснома ва туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

                                            С. Шералӣ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019
Серхонандаҳо
СУХАНРОНИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲАТАРАМ ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМ ВА НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ “ХАТЛОН-ҚАЛБИ ГАРМИ САЙЁҲӢ” ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ЛОИҲАИ НАВИ БЕМОРХОНАИ КАСАЛИҲОИ ДИЛ ВА МАРКАЗИ ЭНДОКРИНОЛОГИЯИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ШАҲРИ БОХТАР Хатлон. Беш аз 190 ҳазор нафар кӯдакону наврасон ба истироҳату фароғат фаро гирифта мешаванд БЕШ АЗ 3 ТОННА МАВОДҲОИ ДОРУВОРӢ СӮЗОНИДА ШУД Ҷ. БАЛХӢ: БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ҶАРАЁНИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ ВА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ Кӯлоб. 25 километр роҳ мумфарш мегардад ТАҶДИДИ МАКТАБ, БУНЁДИ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ ВА ТАҚВИЯТИ СОХТОРҲОИ ОТАШНИШОНӢ ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ Ёвон. Ҷалби беш аз 10 ҳазор кӯдак ба истироҳатгоҳҳо ЛЕВАКАНТ. КӮДАКОН БА ИСТИРОҲАТУ ФАРОҒАТ ФАРО ГИРИФТА ШУДААНД