Бойгонӣ

Ашки модагург

Ҳикоя


Дар айёми баҳорон завқи дили шикорчиён ба шикору шикоргоҳ зиёд мешавад.

Иттифоқан рӯзе дар ин айёми зебои табиат ҳамсояи Сабури Тит, мӯйсафеди ҳафтодсолаи асобадаст- Назришоҳ меҳмони хонадони ӯ гашт. Муйсафед гуфт, ки наберааш бемор аст ва табибони мардумӣ ба ӯ ҷигари гургро тавсия кардаанд . Пирамард аз Сабур, ки гоҳ-гоҳе ба шикор машғул буд, хоҳиш намуд, ки ба шикор барояд ва барои ў фармудаи табибонро дастрас намояд .

Сабур номи шикорчӣ ва бо сабаби дар суханрониаш зиёд ба забон овардани калимаи "тит" ў дар деҳа бо номи Сабури Тит маъруф буд. Сабури Тит - ҷавонмарди қавипайкари 35-36 сола хоҳиши мӯйсафедро рад кардан нахост. Рӯзи дигар, субҳи барвақт ба пуштакӯҳи маъруф ба Заки Авдӣ равона шуд. То дергоҳ дар кӯҳу камар гашт, чанд кабкакеро сари тир кард, лекин аз гург осоре наёфт. Аз ин рӯ, қарор дод, ки амалиёти "бобо"-иро анҷом диҳад. Дар пастхамие наздики шахи баланд, канори ҷангалзори дарахтони анбӯҳи арча доми дандонадореро ҷой кард. Кабкеро паркан намуда, ба дом ниҳод ва худ ба хона баргашт…

Дар наздикӣ ғоре буд, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш модагурги бӯри калон бори аввалин ду бача таваллуд намуда буд. Гургбачаҳои нав чашмкушода, дар оғӯши модар баҳузур пистонҳои сершири модарро макида, аз шири ҷонбахши модар ҳузур мекарданд. Модагурги ҷавон аз ин амали фарзандони худ ҳаловат мебурд. Онҳоро мелесиду мебӯид. Гоҳ-гоҳ бо навозиш гардани якеро ва думи дигареро оҳиста мегазид ва аз садои винг-винги онҳо рўҳи тозае мегирифт. Чашмонашро мепӯшид ва аз ин саодати худу бачаҳояш изҳори қаноатмандӣ менамуд.

Модагурги ҷавон дам ба дам ба бачаҳои мисли худаш бӯррангу пахмоқмӯи худ назар андӯхта, бо тамоми ҳастӣ онҳоро навозиш мекард. Гоҳ-гоҳе гургбачаҳо гургӣ карда пистонҳои модагургро сахт мегазиданд ва дар ин ҳолат модагургро безобита сохта, ба як вингосу чашмони пурҷозибаи модар назар андухта, дарҳол хатогии худ ва дарди модарро ҳис карда, худро аз ин амал қафо мекашиданд ва ҷисми хурдакаки худро ба оғӯши модар меандохтанд. Модагург дар ин ҳолат тамоми сахтиҳои дарди пистонро аз хотир бароварда, гургбачаҳоро мебӯсиду мебӯид, гӯё ҳеҷ серие надошт…

Модагург ду рӯз боз луқмаеро ба даҳон нагирифта буду сахт гурусна монда буд. Вай гургбачаҳои масти хобро бӯида, бо умеди ёфтани қути лоямут аз ғор поин фуромад.

Дар ҳамвории теппа қадре ором-ором нафас кашида, ба самои нилгун дида дӯхт ва манзараи атрофро бодиққат зери мушоҳидаи амиқ қарор дод. Ба ҳар як овоз, вазиши шамол, ҳаракату хазидани ҷонзодҳо диққат медод. Аз ҳавои тозаи баҳорӣ чуқур - чуқур нафас кашида, бо оҳистагӣ аз шах поён, канори ҷангалзори анбӯҳи арчазор поён мефаромад. Модагурги ҷавон атрофро бӯй кашида, бо чашмони тезбинаш туъмаи худро меҷуст.

Нохост дар канори ҷангал ӯ бӯи гўшту хунро ҳис кард. Гӯшҳои модагург сих шуданд, ӯ оҳиста-оҳиста, эҳтиёткорона ба сӯи бӯйи "гуворо" пеш мерафт. Дар масофаи 5 - 6 метр дуртар аз туъма бозистод, гирду атрофро аз назар гузаронид. Чун душманеро дар гирду атроф надид, ба сӯи туъмаи худ - гӯшти паркандаи кабки даштӣ сарозер шуд ва бо дандонҳои тези худ аз канораи он дошт. Дар ҳамон лаҳзаи даҳон задан ногаҳон дарди ҷонкоҳеро дар рони пойи чапи худ ҳис кард ва луқмаро аз замин набардошта худ якпаҳлу ба замин афтид.

Модагург дар талвосаи ҷон шуд. Гумон кард, ки хасми баде ба ӯ ҳуҷум кардааст. Зуд аз ҷой хеста ба атроф назар кард, лекин боз дарди ҷонкоҳи пойи чап ӯро афтонд. Баъди ором гирифтан ба пойи чапаш назар дӯхт…

Доми "бобоӣ"-и шикорчӣ кори худро карда буд. Доми фӯлодин ва забончаҳои тези он рони пойи чапро аз ду тараф сахт зер карда, аз гӯшту пӯст гузашта, ба устухон даромада буданд. Хун фаввора мезад. Модагург акнун аз зӯрии дард ба танг омада, бо тамоми сӯзиши дил уллос мекашид. Садои нолаи ҷонсӯзи модагург байни кӯҳҳо ва порасангу харсангҳои азим, шаху дараҳо бархӯрда, акси садо медод ва оромии табиати баҳориро дар ин мавзеи зебо ба якборагӣ халалдор месохт.

Модагург то дергоҳ афтону хезон, бо душмани хеш - "дом" дар мубориза буд. Домро мегазид, гоҳ меламсид, кӯшиш мекард, ки ин адуи лаънатиро аз пояш халос кунад. Лекин ҳаракатҳои модагург барабас мерафтанд. Бо ҳар як ҳаракату ҷасту хези ӯ забонакҳои дандонаи дом ҳамоно амиқтар, жарфтар ба устухони пойи гург медаромаданд.

Модагург, нолаю фиғонкунон соате чанд дар мубориза буд. Ин манзара, манзараи мубориза барои ҳаёт, барои ояндаи худ ва насли хеш буд. Ахиран, соате чанд баъд модагург аз хунравии зиёд аз ҳол рафт, дигар мадори уллоскашӣ, нолакунӣ надошт. Модагурги гушна оҳиста - оҳиста аз мадор мерафт. Пеши чашмонашро сиёҳӣ зер мекард. Ба замин хоб рафт. Акнун аз чашмони зираки модагург, ки аз дарду азоби чандсоата ва талошҳо барои ҳаёт, хеле ғамнок ва хаста шуда буданд, оҳиста-оҳиста ашк ҷорӣ мегашт.

Қарибиҳои соатҳои 2-и шаб модагург охирин нафасҳои умри худро кашида, ашк дар чашмон аз фироқи фарзандон, чашмони пуразоб ва пуралами худро абадӣ пӯшид. Соате пас табиати зудтағйирёбандаи баҳорӣ дар он мавзеъ борони сахту бошиддате сар дод. Гӯё табиат низ барои фарзандони пурармони модагурги пуралам ва ятимони ӯ мегирист.

Қарибиҳои субҳ борон монд. Баъди чанде офтоб аз қафои қулла намоён гашт, гирду атрофро мунаввар кард. Гургбачаҳо бегоҳӣ аз хоб бедор шуда, модарро паҳлуи худ надиданд, лекин то хеле вақт ором истоданд, зеро медонистанд, ки модар куҷое набошад, бо пистонҳои пуршир назди онҳо хоҳад омад. Интизории онҳо тӯл кашид, акнун онҳо аз гушнагӣ ва тарс вингос мезаданд.

Шабона овози раъду барқ, боду шамол онҳоро тарсонд. Даруни ғор, ки хеле сард буд, шабона гургбачаҳои ятимро қариб карахт ва беҷон намуда буд.

Пагоҳӣ баъди ба ғор расидани шуълаҳои хуршеди баҳорӣ гургбачаҳои гушна аз ғор ба муҳити табиат баромаданд. Гургбачаҳо беҷуръатона, афтону хезон аз шах ба ҷангалзор фуромаданд. Он ҷо бо ҳамон ҳиссиёт ва ғаризаи гургона ба машоми онҳо бӯи гуворое расид. Ин бӯй барояшон ошно - бӯйи модарашон, бӯи модагург буд!

Онҳо оҳиста ба сӯи он бӯй наздик рафтанд. Модарашонро диданд. Чӣ қадар хушбахт буданд гургбачаҳо ! Модарашон ин ҷо будааст, онҳоро тарк накардааст. Афтону хезон, вингоскунон ба обу лой ғӯтида ба назди модарашон, ки дом дар пой якпаҳлу хобида буд, расиданд. Модарро мебӯсиданду мебӯиданд. Баъди чанде дарди шикамҳои гуруснаи худро ҳис карда, ба пистонҳои модари беҷон ва дардкашида часпида, ба макидан шурӯъ карданд. Пистонҳои модагург шир надоштанд.

Ба зудӣ онҳо бо рони модар, ки то ҳанӯз хун мешорид, часпиданд ва ба макидану лесидани хуни пойи модар сар карданд. Бо ақли тифлонаи онҳо ин шири модар буд. Бо қаноатмандӣ шикамчаҳои худро аз "шири арғувонии модар" сер карданӣ мешуданд.

Дар ҳамин асно, шикорчӣ Сабури Тит ба назди доми гузоштааш наздик шуд. Аз ин манзараи ҳузнангез ва фоҷиавӣ дили Сабури Тит ба риққат омад. Ба замин нишаст. Беихтиёр аз чашмонаш ашк шорид. Худро маломат мекард, ки чаро ба ин кор розӣ шуд ва доми сабилмондаро гузошт. Аз рўи шунидаш аз қадим модагургро куштан гуноҳи азим аст.

Бо ин андеша ва муқоисаи ин фоҷиа Сабури Тит дар ин мавзеъ дигар тоқат накарда, ҳунгосзанон ба гиря даромад. Гургбачаҳо баъди чанде аз садои ӯ хавотир гашта, назди модар ҷафстар шуда, ба амали ӯ бодиққат, маъюсона назар мекарданд. Бешубҳа онҳо низ бо ақли кӯчаки худ ҳис мекарданд, ки бадбахтие рӯй додааст, бас азим. Лекин омадани чӣ бадбахтиро онро ҳис намекарданд. Аниқтараш ақлашон намегирифт.

Баъди чанде Сабури Тит ором гирифта, аз ҷой хест ва ба сӯи модагург қадам зад. Даст ба дом зада, онро аз пойи модагург кушоданӣ шуд. Гургбачаҳо бошад ба ин кор розӣ нашуда, вингосзанон дум ҷумбонда, ба ӯ ҳуҷум карданӣ мешуданд. Бо азобе домро аз пойи гург ҷудо карда, онро бо қаҳр ба қаъри дара ҳаво дод ва дар пастхамие модагурги аламзадаро, ки чашмонаш кушода ва беҳаракат буданд гӯр кард.

Яқинан модагург дар интизори рӯи фарзандон ҷон додааст, аз дил гузаронид шикорчӣ. Гургбачаҳо чун ба кори ӯ мароқ зоҳир карда диданд, ки модарашонро шикорчӣ ба чуқурӣ тела дода рӯяшро хокпӯш мекунад, акнун далер гашта, ба ӯ дарафтоданӣ мешуданд, нолишкунон овози ғамолудеро аз худ сар медоданд. Сабури Тит бо як азобе аз гургбачаҳо ҷудо гашта, модагургро зери хок кард.

Баъди чанде ҳардуро гирифта, аз ин мавзеъ ба сӯи деҳа поён фуромад. Гургбачаҳо сари худро қафо гардонида, ба ҷои гӯронидаи модар назар карда, нолиш мекарданд.

Сабури Тит гургбачаҳоро бо худ овард. Дар хонааш онҳоро муддати қариб як сол бо шири гову буз ва дигар ғизо парвариш намуда, баъди чанде ба мавзеи назди қабри модагург сар дод. Ба ҳамсояаш мӯйсафеди Назришоҳ бошад, иброз дошт, ки дарди набераашро дар дигар ҷо ҷӯяд.

                                              Варқа ЗАЙНИДДИН, узви ИЖТ

           

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019