Бозичаҳо
А. С. Грин (адиби рус)
(тарҷума)
Дар яке аз шаҳрчаҳои наздисарҳадии Фаронса, ки олмониҳо зери тасарруфи худ дароварда буданд, марде мезист бо номи Алваж, марде, ки гузаштаи торик дошт, аммо на ба маънии бади ин ибора, балки ба ин маънӣ, ки ҳеҷ кас дар бораи зиндагии ў тамоман чизе намедонист. Алваж марди озурда ва аз зиндагӣ дилсард буд. Ў якаву танҳо, бе сару садо умр ба сар мебурд. Ягона дилхушии ў дар зиндагӣ бозичаҳо буданд, ки онҳо ба Алваж воқеияти мураккабу вазнинро иваз мекарданд. Вай фермаҳои олиҷаноби картонӣ дошт бо модаговҳояшон, бо чоҳҳояшон; шаҳрҳо, қалъаҳо, тўпҳо, ки бо донаҳои нахўд мепаронданд, сарбозчаҳои чўбин, кавалеристҳо, сафинаю киштичаҳо дошт. Алваж зуд-зуд байни артишҳои бозичагии худ ҷангҳои намунавӣ ташкил мекард, артишҳоро дар болои ду мизи қартабозӣ, ки дар ду гўшаи утоқ меистоданд, саф мекашониду аз тўпчаҳо бо нахӯдҳои тар мепаронд. Дар ин шуғли безарар вай Симония ном шарики кару гунге дошт. Вале Симонияро чанд рўз пеш олмониҳо тирпарон карда буданду пирамард бо бозичаҳояш танҳо дилхушӣ мекард.
Чӣ хеле ки гуфтам, олмониҳо шаҳрро забт карда буданд. Аз истилои шаҳрча панҷ рўз гузашта буд, ки боре шомгоҳон капитан Пупенсон роҳи ратуша ё бошишгоҳи мирро пеш гирифт, то ин ки ба тирборон шудани сӣ тан фаронсавиҳои гаравгонафтода роҳбарӣ намояд.
Роҳи Пупенсон аз назди хонаи Алваж мегузашт. Пупенсон сахт ба тааҷҷуб афтод, ки бо вуҷуди манъ будан тирезаи паҳлуйии намои хона баъди соати ҳашт равшан аст. Пупенсон аз гулзори ҳавлӣ гузашт, поида – поида ба тиреза наздик шуд ва ба дохили утоқ назар андохт. Ба назари ў манзараи аҷибе намоён шуд. Мўйсафеди фартут, ки дар сар кулоҳи шабпўшӣ ва дар тан хилъат дошт, ба тўпча тир пур мекарду мегуфт: - Ҳа – маатонро титу тор мекунам. Ҳоло биистед! Ва донаи нахўд бо ғалоғула якчанд сарбозҳои қатории аз чўби санавбар тарошидашударо аз по дарафтонид, ки онҳо бо қомати рост, дастҳояшон бо баданашон часпида ғелида хоб мерафтанд.
Пупенсон шамшерашро шақарросзанон аз тиреза худро дохили утоқ гирифт. Алваж натарсид. Ў фарҷоми ин ҳодисаро интизор буд.
- Шумо чӣ кор мекунед? - пурсид Пупенсон, магар шумо кўдакед?
- Ҳарчи мехоҳед, фикр кардан гиред. Ба шумо бозии худатон писанд аст, ба ман- бозии худам. Бозии ман беҳтар аз бозии шумост. Майл доред як даст бо ҳам бозӣ кунем?
Пупенсон китф дар ҳам кашида, бо табассум артишеро, ки бо ҳама маҷмӯи тўпхонаҳояш, нақлиёташ, кавалерияаш, салёрҳояш хеле дуруст
ҷо ба ҷо гузошта шуда буд, тамошо мекард. Ин бозичаҳоро худи Алваж сохта буд.
- Хуб, хуб, - бо лаҳни нарм гуфт Пупенсон, ки дар даст тӯпчаеро бозӣ медоронд. – Ин чӣ тавр кор мекунад? Ҳамин тавр?
Ҷозибадор аст чизи наву аҷиб!
Як соату ду соат гузашт… Дар утоқ ду нафар менишастанд: Яке Пупенсони ҳаяҷонзада ва оташин, дигарӣ Алваж - фотеҳи хурсанд. Алваж, ки таҷрибаи кофӣ дошт, бидуни таваққуф ба артиши Пупенсон зарба болои зарба мезаду Пупенсон фурсат намеёфт лоақал даҳ- бист сарбози ӯро аз по биафтонад. Донаҳои нахӯд бошиддат рӯи фаршу болои мизҳо ҷастухез мекарданд.
Оқибат Пупенсон кореро, ки бояд иҷро мекард, ба ёд овард ва бо дили нохоҳам Алваж ва артиши аҷибу ғариби ӯро тарк гуфт. Аммо ӯ дер карда буд- ним соат пеш фармони қатли гаравгонон бекор шуда буд. Зеро фаронсавиҳо таҳдид карда буданд, ки дар шаҳри ҳамсоя олмониҳои гаравгонро тирборон хоҳанд кард. Ва аммо агар вай дер накарда буд, кори сӣ нафар, пеш аз бекор шудани фармони парондан, тамом шуда буд. Эҳ кош агар ҳамаи ҷангҷӯёни олам бо бозичаҳои олиҷаноби мӯйсафеди Алваж мусаллаҳ мебуданд.
Аз русӣ тарҷумаи А. Сиёвуш