Соҳибкорони ташаббускор

- Иқдомҳои созанда -


- Ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷавонмардони ҳимматбаланди зиёд дорад. Ҳар нафаре, ки ба ин ноҳия меояд, шоҳиди гуфтаҳои боло мегардад. Дар умри нимасраи худ дар ҷое надида ва нашунидаам, ки шоҳроҳи моҳияти ҷумҳуриявидоштаро соҳибкорон пурра азнавсозӣ карда бошанд. Раиси ноҳия низ дар ин кори хайр нақши асосӣ дорад. Барои чӣ дар давраи роҳбарии дигар раисони ноҳия ин иқдом амалӣ нашуд, шояд Бозоралӣ Одиназода раиси ноҳияи Ҳамадонӣ дилёбу муносибати хуб дорад. Бо соҳибкорон доимо ҳамкорӣ дораду ин кори наҷиб ба ў даст дод, ки соҳибкорони ноҳия ин кори хайру бузургро баҳри дастгирӣ оғоз карданд. Аз роҳбар бисёр чиз вобастагӣ дорад. Як муносибати хуб чӣ қадар корҳоро амалӣ мекунад. Одамонеро медонам, ки маблағ доранд, вале аз робита набудан ва носозгорӣ маблағи доштаашонро дар дигар ҷо сарф мекунанд, – бо хушнудӣ ва қаноатмандӣ андешаашро ба банда иброз дошт ҷавонмарди ҳамсафарам.

- Аз моҳҳои феврал, марти соли ҷорӣ сар карда, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сардори «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ, бо дастгирии мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аҳли ҷамоатчигии ноҳия ва дастгирии бевоситаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асосан бо техникаву таҷҳизот таъмин кардааст, барқарорсозии роҳи автомобилгарди моҳияти ҷумҳуриявидошта аз даромадгоҳ ба ноҳия, ки дарозии ин роҳ 13,1 км мебошад, оғоз шудааст. То ба имрўз ба дарозии 6,4 км роҳ пурра ҷавобгў бо тамоми меъёрҳо мумфарш карда шуда, дар масофаи 8 км роҳ барои мумфарш кардан омода гардида, дар наздикии километри 10 –ум бошад корҳои сохтмонии заминӣ идома доранд. Асосан дар сохтмон ва барқарорсозии ин роҳ техникаҳои Вазорати нақлиёт ва соҳибкорон иштирок доранд,- мегўяд Ҷамшед Ализода сардори Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. Корҳои мумфаршкунӣ аз тарафи соҳибкорони ноҳия пурра амалӣ шуда истодааст. Ба ҳисоби мутахассисон барқарорсозии 1 км роҳи моҳияти ҷумҳуриявӣ дошта зиёда аз 1 миллион долларро ташкил мекунад. Мо асфалти куҳнаи роҳро пурра канда, асфалти нав кашонида рехта, таҳкурсии роҳро аз нав шурўъ кардем. Аз болои он як қабат омехтаи қуму шағал, боз як қабати дигар барои пеш аз мумфарш кардан рехта, баъд бо ғафсии 7 см асфалт шуда истодааст. Хато накунам то ба ҳамин вақт дар сатҳи ҷумҳурӣ роҳи аҳамияти ҷумҳуриявӣ доштаро, ки ба тариқи ҳашар ва дастгирии соҳибкорон пурра аз сари нав барқарор карда бошанд, надидаем ва нашунидаем. Ҳар нафаре, ки ба ноҳияи Ҳамадонӣ шаш моҳ ва ё як сол пеш сафар карда буд, медонанд, ки ин роҳ дар кадом ҳолати вазнин қарор дошт. Ҳоло дидед ба пуррагӣ барқарор шуда истодааст. Ба ғайр аз ин дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Чубек, дар деҳаи Тудабоӣ дар масофаи 1,8 км роҳ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ пурра мумфарш карда шуд. Ҳоло кормандони идора барои хати байни роҳ ва ҷойҳои пиёдагардро кашидан омодагӣ мегиранд, – иброз дошт Ҷ. Ализода.


Соли гузашта дар масофаи 20 км роҳҳои автомобилгарди ҳудуди Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бо тамоми меъёрҳои роҳсозӣ: бо хати рўшноиву чароғонкунонӣ, новаҳои дутарафа, пайроҳаи пиёдагарди алоҳида сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамчунин дар ду тарафи роҳ дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шуда буд, ки хеле намуди зебо ва диданӣ гирифтааст. Ҳозир ин роҳи моҳияти ҷумҳуриявӣ доштаро, ки аз ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Меҳнатобод ва Қаҳрамон мегузарад, соҳибкорони ин маҳал чароғонкунии ду тарафи роҳи ҳудуди ҷамоатҳои худашонро ба уҳда гирифтаанд.

Айнан чунин корҳои созандагӣ дар дигар ҷамоатҳо низ бомаром рафта истодааст. Ҳоло дар Ҷамоати деҳоти Дашти гуло бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 3 км роҳро барои мумфарш кардан тайёр кардаанд.

Ҷамшед Ализода мегўяд, ки аслан касе боварӣ надошт, ки соҳибкорон роҳро азнавсозӣ кунанд. Раиси ноҳия тавонист, ки соҳибкоронро ба ин кори хайр ҷалб намояд. Ҷавонмардон, соҳибкорони баномус корро сар карданд. Мо пештар ҳамин роҳро дар институти лоиҳакашӣ бо арзиши маҳсулоту сузишворӣ се, чор сол пеш лоиҳаи инвеститсионӣ карда будем, ки наздик ба 7 миллион доллар шуда буд. Дар он азнавсозии се, чор пулҳо ҳам буд. Имрўз тақрибан зиёда аз 5 миллион доллари амрикоӣ барои азнавсозии ин роҳ масраф шудааст. Ҳозир бошад ҳамон пулҳое, ки панҷараҳои ҳимоявиашон, ки шикастаанд ва ё корношоям шудаанд аз нав карда истодаем. Пуле, ки таъмири бештар мехоҳад, таъмир карда истодаем. Хароҷотҳо камтар шуда истодааст, барои он ки соҳибкорон маблағи нақлиётҳои шахсиро дар ҷояш ҳисобӣ намуда, сари вақт бо сўзишворӣ таъмин менамоянд. Соҳибкорони ташаббускор ҳалолкоранд. Онҳо мегўянд, ки ягон нафарро дар роҳ маҷбурӣ ва ё бе пул кор нафармоед, мо худамон ҳаққи меҳнаташонро дар ҷояш ҳисобӣ мекунем, то ки дар ин кор баракат бошад.

Ҳамин соҳибкорони саховатманду дасткушод дар арафаи иди Қурбон як маблағи муайян идона хайр карданд. Онҳо қурбонӣ карда ба ҳамаи нафароне, ки дар азнавсозии роҳ ширкат доранд, тақсим карданд. Мо аз таҷриба одамонеро низ медонем, ки агар кореро оғоз карданд,ин

қадарашро ман кардам, идомаашро дигар кас бикунад, мегўянд. Ин ҷавонмардон аз ин тоифа нестанд. Дар ноҳия корхонаи шағалбарорӣ дорем, ки роҳбари он марди сахӣ аст. Ба ҳар нафаре, ки ба кори хайр даст мезанад, барои бунёди роҳ, роҳи деҳа, мактаб, масҷид, оромгоҳ ва амсоли инҳо шағалро бепул хайр медиҳад. Чунин ҷавонмардони саховатпешаву накукор дорад ноҳияи Ҳамадонӣ, ки аз пайкорашон боз як гўшаи диёр ободтару зебо мегардад.

Билоли ШАМС, ноҳияи Ҳамадонӣ

Добавить комментарий