«ДАСТИ РОСТ» (ҳаҷвия)
Сергей Авдеенко
Ҳамааш аз он сар шуд, ки маро, мутахассиси ҷавонро комсорг (Комсорг-роҳбари ташкилоти ҷавонони корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо дар замони Шўравӣ) интихоб карданд. Фикр кардам, ки чӣ илоҷ, шуъбаи мо хурд аст. Моҳе як маротиба ҳаққи аъзогӣ ҷамъ кардан он қадар мушкилӣ надорад- ку? Розӣ шудам. Рўзи дигар сардор маро фавран ба ҳуҷраи кориаш даъват карда гуфт:
- Хўш, ки бошад… ту Иванов комсорги шуъба-а ! Ту акнун фаромўш накун, «дасти рост» -и ман ба ҳисоб меравӣ. Байни ману ту ягон хел сирри махфӣ набояд бошад. Аз шуъбаи мо ба базаи сабзавот одамонро барои ёрӣ бояд фиристод. Ин корро ба зудӣ иҷро кардан лозим. Ҳа акнун, ташаббус нишон деҳ.
- Киҳоро барам? - пурсидам аз сардор, -дар шуъба аз мардҳо танҳо худам. Боқимондаи кормандон ҳама занҳоянд. Боз чӣ тавр ман ташаббус нишон медодаам…
- Ту маро ба ҳисоб намегирӣ-а ? Ман ҳам,шукр, мард ку! – табассуми маънидорона кард сардор. Ин албатта, шўхии сардор буд. Ман ба қадри шўхиҳои ў мерасам. Дар шуъба як корманди ҷавон ба рухсатии таваллуд баромадааст, дуюмаш варақаи корношоямӣ дорад, сеюмӣ ба мазмуни зер маълумотномаи тиббӣ гирифтааст: «аз иҷрои тамоми корҳои ҷисмонӣ озод карда шавад»… Ҳайрон мондам. Ба фикр фурў рафтам. Ҳамин ки корро ташкил карда наметавонӣ, маҷбур ҳастӣ, ки ба ҷойи дигарон кор кунӣ. Ман ба базаи сабзавот омадам. Мудири он маро дида:
- Дар нақшаи пешакӣ барои шуъбаи шумо фаровардани як вагон картошка нишон дода шудааст. Бе гапу калоча ба даст панҷшохаи картошкафарориро гирифта ба вагон часпидам…
Баҳор омад. Хурсандии ман ҳадду канор надошт. «Ҳоло то вақти сабзавотҷамъкунӣ аз дигар растаниҳои полезӣ вақт бисёр», аз дил гузаронида будам, ки сардор таъҷилан маро ба ҳуҷраи кориаш даъват карда гуфт:
- Хўш, ки бошад, Иванов! Ту комсорг –а? «Дасти рост»-и ман. Байни ману ту ягон гап махфӣ набояд бошад. Чунин таклиф шудааст, ки одамонро аз шуъба барои хишовакунӣ ба хоҷагиҳо бурдан лозим аст. Ту акнун аз уҳдаи кор мебароӣ. Корро аз ҷавонон сар кун. Метавонӣ, маро ҳам ҳамроҳи худ бигирӣ…
Чизу чораамро ғундошта хомўшона роҳи хоҷагиро пеш гирифтам. Маро бригадир ба як қитъаи замине бурд, ки агар рост ба он сўяш назар афканӣ, поёнашро дида наметавонистӣ.
- Ин барои шуъбаи шумо, -фаҳмонд бригадир, - тамоми кормандони шумо бояд хишова кунанд. Ба кор сар кардам. Чунон босуръат пеш мерафтам , ки бригадир бо мототсикл базўр аз ақибам расида меомад.
- Ту ҳама вақт ҳамин тавр кор мекунӣ ? – пурсид бригадир.
- Набошад чӣ, -гуфтам. Оё кам ё бесифат кор кардаам?
- Не, баръакс. Биё, мо туро ба хоҷагиамон ба ҷои трактори култиватсиякунанда ба кор қабул кунем, -шухӣ кард бригадир ва афзуд: - Дар ҳақиқат чаққон ва ҷусту чолок будаӣ…
Тобистон фирк кардам, ки ягон кори пурсабру тоқат ва боташаббус баромадкунанда набояд бошад. Боз комсорг нав интихоб кунанд, ташвишҳо аз байн мераванд. Танҳо баъд аз якчанд рўз шеф маро наздаш хонда гуфт:
- Хуш, ки бошад Иванов! Ту комсорг-а ? «Дасти рост»- и ман. Дар байни ману ту ҳеҷ вақт ягон сирру асрори ниҳонӣ набуд ва шуда ҳам наметавонист.
Ба тарафҳои Қрим пешакӣ саёҳати туристӣ муайян шудааст. Бояд пешқадамони ҷабҳаи истеҳсолот он ҷо рафта, дам гирифта, кўфти корро бароранд. Аз шуъбаи мо як нафар як нафар рафтанаш лозим аст, ки ҳаққонӣ сазовори эҳтироми коллектив бошад. Ба ту Иванов нигариста дилам месўзад. Аз супоришҳои зиёд мондаву хаста шудагистӣ. Бояд ту дам бигирӣ. Дар бораи номзадии ба саёҳати туристӣ киро фиристодан лозим будунаш бошад, ман худам нағзакак фикр мекунам…
Сардор аз Қрим баргашта зоҳиран тамоман тағйир ёфта буд. Пўсти дасту рўяш офтохўрда, худаш зиндадилу боқувват менамуд. Дасти маро сахт фишурда гуфт:
- Аҳвол чӣ тавр, Иванов? Хеле дам гирифтӣ-а ? Қувваи нав ҷамъ кардӣ? фаромўш накун, ба наздикӣ маҷлиси ҳисоботию интихобии ташкилоти комсомолӣ барпо мегардад. Умедворам, ҷавонони шуъба боз аз нав номзадии туро тарафдорӣ мекунанд. Боз «Дасти рост» -и ман мешавӣ, фаҳмидӣ, Иванов ?
Тарҷумаи Ҳ. Ҳоҷӣ