Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ифтитоҳи гулгашти 70-солагии азхудкунии Водии Вахш ва Нишони давлатӣ дар шаҳри Бохтар
Нимаи дуюми рӯзи 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Бохтар гулгашти “70-солагии азхудкунии Водии Вахш” ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.Гулгашт дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30 -солагии Истиқлоли давлатӣ бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд шудааст.Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз соли 2018 оғоз гардида, роҳрав ва майдончаву сутуни Нишони давлатӣ бо истифода аз санъати миллӣ оро ёфтааст.
Дар бунёди гулгашти 70 - солагии азхудкунии Водии Вахш, ки аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шуда буд, соҳибкорони ватанӣ низ саҳм гузоштаанд.Дар рафти сохтмон барои зебову назаррабо ва дилкашу дилнишин кардани як гӯшаи шаҳр дар ду тарафи наҳр дарвозаҳои даромад сохта шуда, роҳравҳо сафолакпуш ва майдони боғ сабзазор гардидааст. 4 фаввораи гулгашт бо сангҳои хоро ва мармар ороиш дода шуда, барои равшаннамоии майдони боғ 75 адад фурӯзонак насб гардидааст. Дар як тарафи наҳр 2 шаршараи сунъӣ бо тарҳи хеле зебо сохта шуд.
Дар тарафи рости наҳр Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 30 метр ва худи нишон ба андозаи 2,6 метр бо санги хоро оро ёфта сохта шуд.
Ду пули пиёдагарди болои наҳр ва як пули калон аз ороишоти дигари боғ мебошад.
Дар майдони боғ зиёда аз 89 ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ ва гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, аз ҷумла гули катарантас, гули тагетс, тоҷи хурус, мехчагули туркӣ ва салвия.
Дар ҳудуди гулгашт дарахтони нодири ороишӣ, аз ҷумла арча 330 адад, акатсия 5 адад, писарвӣ 35 адад, липа 35 адад ва сирена 15 адад шинонида шудааст.Майдони гулгашти “70-солагии азхудкунии Водии Вахш” ва ҳам назди Нишони давлатӣ ба як макони хушбоду ҳаво бо манзараҳои дилкаш ба мавзеи хуштарҳу замонавии сайру гашти сокинону меҳмонон табдил ёфта, минбаъд имкон аст дар ин ҷо чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда шавад.

Добавить комментарий
Ахбор
ОҒОЗИ МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР БОХТАР 13:00ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД 12:56ҲУНАРМАНДИ АСИЛ, МАҲБУБИ ДИЛҲО 12:52ХАТЛОН: ДАВРИ ДУЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРМАНДИ СОЛ» БАРГУЗОР ГАРДИД 12:49ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БУНЁДГУЗОРИ МАРҲИЛАИ НАВИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН 11:29ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 11:34Пешвои миллат ва рушди соҳаи тандурустӣ: аз сиёсати созанда то тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ 11:25ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР ГАРДИД 11:21
Серхонандаҳо
РОССИЯ: ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ФОРУМИ II КИШОВАРЗИЮ ОЗУҚАВОРИИ СИБИР
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ
ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД
БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ПОЯНДА БОД


