Бойгонӣ
Апрель 2025 (10)
Март 2025 (31)
Февраль 2025 (1)
Декабрь 2024 (12)
Ноябрь 2024 (24)
Октябрь 2024 (27)

САҶДА ОРАМ ПЕШИ ПОЯТ, ҚИБЛАГОҲАМ- МОДАРАМ

                                                                     - Занони пешоҳанг -


Пайроҳаи қисмат ҳамвору ноҳамвориҳо дошта, барои пой гузоштану роҳ рафтан инсонро заҳмат, матонат, иродаи қавӣ, ғурур ва сабру таҳаммул мебояд, ки дар пастию баландиҳо қадам гузорад. Албатта, пастию баландиҳо, гармию сардиҳо ва талхию шириниҳо инсонро дар зиндагӣ обутоб медиҳад. Шояд хонандаи азиз ба андешае фурӯ равад, ки ин хислатҳоро танҳо мардон дороанд. На, имрӯз матлаби омоданамудаи банда оид аз ҳаёти зане қисса хоҳад кард, ки зан асту аммо, қалбу ғурури мардонагиро дорост.

Барқиёр Саидова дар деҳаи Баҳораки Ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара аз зумраи заноне буд, ки бо хислати наку, масъулиятшиносию мушкилнописандиаш аз бригадир то раиси ҷамоат расид ва дар хизмати мардуми он мавзеъ қарор дошт. Ин модари заҳматдӯст бисёр ғамхори мардум буду дар ҳалли мушкилоти сокинонаш мардонавор мекӯшид. Талош менамуд, то масъулияте, ки ба зиммааш вогузошта шудааст, босифат иҷро намояд. Фиреб, бадгӯию нописандиро намепазируфт. Шиораш дар зиндагӣ «Меҳнат шараф аст» буд. Яке аз заҳматҳои ӯро то имрӯз метавон дар пистазори деҳаи Баҳорак дид, ки маҳсули обилаи дастони Барқиёр Саидова мебошад, ки то имрӯз аз он баҳра мегиранд. Албатта, ҳамаи ин машаққату ободсозиҳо аз назари давлату ҳукумат дур намондааст. Холаи Барқиёр дар сафи пешсафон буда, пайваста бо туҳфаҳо ва сипосномаҳо қадрдонӣ мешуд, ки сарфароз шудан ба медали «Хизмати шоён» аз ҷумлаи онҳост.

Дар деҳаи Баҳорак дар оилаи ин модари заҳматдӯсту ғамхор тифле чашм ба дунёи равшан во мекунад, ки ӯро ном Зебонисост. Зебонисое, ки зеби хонадон, зеби ҳаёту рӯзгор ва зеби маҳфилу ҷамъомадҳост. Чӣ гунае, ки дар урфият мегӯянд «Модар чӣ гуна, духтар намуна». Ҳақ аст ин гуфтаҳо. Зебонисо Саидова ва дигар фарзандон дар ин оила меҳнатдӯстию қавииродагиро пешаи худ қарор дода, дар пайроҳаи пурпечу тоби қисмат мардонавор қадам мезананд, ки ин самараи тарбияи модари бузург мебошад.

Бешак зиндагӣ имтиҳон аст, таҷриба аст ва дар умум як ҳикмат аст. Инак, рӯи сафҳаи сафед мехоҳам қисса кунам рӯзгори Зебониссо Саидоваро, ки зиндагии ин зан низ як мактаби пурэъҷоз аст. Аслан, муаллима ба таърифу тавсифи нафаре эҳтиёҷ надорад. Назарбаланд ҳам нест. Ноадолатию ноҳақиро намепазирад, басе ҳақталошу ҳимматбаланд аст ӯ.

Дар бораи муаллима бисёр шунида будам, вале аз наздик суҳбат накардам. Тасмим гирифтам, ки як субҳ ба наздаш мераваму суҳбаткунон аз хислат ва дунёи ботиниаш ошно мегардам. Ҳамин хел ҳам шуд. Ӯ ғарқи андешаҳои ширин сӯи мактаб мешитофт. Худро муаррифӣ накарда, чун волидайни толибилме суҳбат оғоз кардам. Аёнам шуд, ки ӯ дӯстдори касб асту ба шогирдонаш меҳри беинтиҳо дорад. Ҳар қадаме, ки ба мактаб наздик мемонд, вуҷудашро шодию нишот бештар фаро мегирифт, бобати дониши шогирдонаш бо лутфу муҳаббат сухан мекард.

Муаллима фаъолияти кории хешро соли 1978 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Т. Шевченкои шаҳри Душанбе оғоз бахшида, то имрӯз аз муаллими таърих ва ҳуқуқ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Данғара то директори мактаб ифои вазифа намудааст. Феълан дар гимназияи «Ориёно» (чун ин гимназия барои хонандагони болаёқат аст), зарур шумориданд, ки Зебонисо Саидоваро ба ҳайси муаллимаи таърих ва ҳуқуқ ба кор даъват намоянд.

- Ҳамарӯза дар рафти дарс бештар оид ба таърих ва ҳуқуқ, тамаддун ва гузаштаи ниёгонамон сухан мегӯяму дониши онҳоро месанҷам, то куҷо онҳо фаҳмидаву ба худ қабул кардаанд. Агар аз дарси ман заррае ба худ донише гиранд, он рӯз бароям беҳтарин рӯз аст,- мегӯяд Зебонисо Саидова.

Албатта, омӯзгор аст, ки пайроҳаи ақлу донишро дар ҳаёти кӯдак мекушояд. Ба ояндаи дурахшони онҳо умеди зиёд мебандад. Зеро шаҳди меваи дониш боз ҳам ширин мегардад. Муаллима Зебониссо Саидоваро дар Бохтари бостонӣ ҳамагон мешиносанду аз масъулиятшиносиаш бохабаранд. Ӯ омӯзгорест, ки қариб ҳаёти нимасраи хешро ба донишандӯзии насли наврас бахшидааст. Муҳим аз ҳама дилбохтаю дӯстдори касби хеш аст.

Заҳмату кордонии ин зани сарсупурдаи касб самараи хуб ба бор овард. Қариб 15 нафар шогирдонаш дар олимпиадаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ малакаи баланд ва дониши хуби хешро нишон дода, сазовори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ шудаанд. Яке аз шогирдонаш, ки бо ифтихор номашро мегирад Шаҳнозаи Иброҳим буда, соли 2011 дар озмуни «Дурахшандагон» сазовори ҷои аввал гашта, худи ҳамон сол ба яке аз донишгоҳҳои шаҳри Рязани Федератсияи Россия дохил шуда, онро бо сари баланд хатм намуд. Бо дониши баланд имрӯз Шаҳноза дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз пайи иҷрои кор аст. Солҳои охир шогирдони Зебонисо Саидова барои сайқали дониш дар олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъолона дошта, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд. Муаллима як хислати хуби инсонӣ дошта, дар баланд бардоштани савияи дониш ва тарбияи толибилмон басо сахтгиру серталаб аст. Рӯзе, ки хонанда бе сабабҳои узрнок ба дарс ҳозир нашавад, худи ҳамон рӯз ба хонадони онҳо рафта, сабабро муайян ва дарсро муфассал фаҳмонида, сипас паи иҷрои кори дигар мешаванд. Ин заҳмату эҳтироми касб аст, ки пайваста муваффақиятҳо насибашон гашта.

- Ман омодаам тамоми ҳастиамро фидои модар созам. Зеро модари бузургворам, ки бо амри тақдир аз соли 1991 бо нокомию шикастҳои қисмат рӯ ба рӯ шуданд, моро танҳо ва бо меҳнати ҳалол парваридааст. Барои бахти худ чандон аҳамият намедод. Фаромӯш намекунам он замони даҳшатбори ҷанги шаҳрвандиро, ки барои мо фарзандон шуда, зери тиру туфанг барои хариди нон навбат мепоид, ки он замон барои зан ин кори мушкил буд. Яъне, таъмини хонадон бо маводи ғизоӣ ва сипаре будан баҳри амнияти оила. Ин рӯзҳо ҳам паси сар шуданд. «Ҳар шом, ки ояд зи паи он саҳаре ҳаст» гуфтаи шоир бесабаб нест. Ҳамин тавр ҳам шуд. Мо- фарзандонро дар роҳи худшиносии миллӣ, ватандӯстию хизмат ба халқу меҳан ба камол расонда, соҳибмаълумот низ гардонданд. Имрӯз мо фарзандону наберагон ҳама соҳибкасбему дар роҳи илму дониш, ҳунару маҳорат бо дуои модар равонем. Чун дар ин моҳи муборак қиблагоҳам ба синни мубораки 63 қадам мегузоранд, барояш беҳтарин лаҳзаҳо ва хушбахттарин айёми қисматро хоҳонам. Ва гуфтаниам, ки саҷда орам пеши поят, қиблагоҳам модарам,- мегӯяд писари муаллима- Отахон Саидов, директори Театри вилоятии мусиқӣ- мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов.

Феълан боғи қисмати Зебонисо Саидова меваи пурбор дорад, яъне ин боғ аз 6 фарзанд ва 15 набера иборат мебошад, ки ҳар яки ин меваҳо шаҳди худро доранд.

Барои тарбияи хубу намунавӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расонидани фарзандону наберагон соли 2016 дар озмуни «Оилаи беҳтарин» дар вилоят Зебонисо Саидова сазовори ҷойи аввал гаштааст, ки ҳамаи ин аз заҳмату матонат ва сабурии ин зани оқила дарак медиҳад. Инчунин Зебонисо сазовори нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», дорандаи «Ифтихорнома»-и раиси вилояти Хатлон, «Ифтихорнома»-и озмуни «Муаллими сол» ва дигар  сипосномаю ифтихорномаи соҳавӣ низ мебошад. Яке аз мукофотҳои давлатие, ки барояш аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 тақдим гардид, медали «Хизматҳои шоиста» маҳсуб меёбад, ки барояш мояи ифтихору сарфарозист.

Айни замон муаллима Саидова Зебониссо Назруллоевна дар литсейи давлатии «Ориёно» ба шогирдон аз фанни таърих ва ҳуқуқ дарс медиҳаду ба онҳо муҳаббати ватандўстӣ ва эҳтироми обу хоки ин сарзамини биҳиштосоро меомўзад.

                                         Махфират ШОИМОВА

Добавить комментарий