АНҶИР

                                                                Табиат мекунад моро табобат!


Дар тибби мардумии Осиёи Миёна анҷирро барои муолиҷаи чандин дардҳо истифода бурда, ҳатто барои фасли сармо онро хушконида мегиранд. Зеро анҷирро пас аз бемориҳои тўлонӣ барои барқарор шудани саломатӣ бештар истеъмол мекунанд. Аз ҷумла, анҷир хусусияти рафъи шамолхурӣ дошта, табъи баландро низ паст мекунад. Дар таркиби анҷир кислотаи фолиевӣ зиёд аст, ки он ба занҳои ҳомила муфид аст. Он нафароне, ки аз қабзияти шикам азият мекашанд, истеъмоли анҷир давои беҳтарин буда, кори рўдаю меъдаро хуб мекунад. Калий, ки дар таркиби ин мева мавҷуд аст, ба беморони дилу рагҳо шифо мебахшад. Маҳз зиёд будани калий ва магний дар таркиби анҷир қобилияти мустаҳкам намудани иммунитет, рафъ намудани бактерия ва вирусҳоро доро аст.

Дар таркиби анҷир инчунин оҳан ва калий зиёд буда, он ба кори системаи асаб манфиатбахш аст. Истеъмоли анҷири дар шир ҷўшонида барои сулфаи хушк давои хуб буда, барои рафъи шамолхўрӣ низ мусоид аст. Ба он нафароне, ки мехоҳанд аз вазни зиёдатӣ халос шаванд, истеъмоли анҷири пухтарасида, ки калорияи кам дорад, тавсия дода мешавад. Аз ҷумла, нафарони камхунро зарур аст, ки бештар ин меваро истеъмол кунанд, зеро мавҷудияти зиёди оҳан дар таркиби ин мева давои хубест ба ин беморӣ.

Меъёри якрўзаи анҷир 4-5 дона мебошад. Ба шахсоне, ки диабети қанд, захми меъда, шамолхўрии рўда, бемории гурда доранд, аз истеъмоли анҷир бояд даст кашанд. Аз ҷумла, нафароне, ки фишорбаландӣ доранд, дар истеъмол эҳтиёткор бошанд, зеро истеъмоли анҷир зуд фишорро паст мегардонад.

Бояд гуфт, ки кадбонуҳо аз анҷир хўриш таом ва барои захираи зимистон мураббо омода мекунанд, ки ҳама намуди он барои саломатӣ муфид аст.

                                                 Таҳияи Фарангис АНВАРЗОД

Добавить комментарий