Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ХУШХАБАР. ЧИЛ (КАБКИ ЗИРАК) ПАРАНДАИ СОЛИ 2026 ЭЪЛОН ШУД
Имрӯз, 28-уми ноябр, дар толори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмуни “Парандаи сол – 2026” баргузор гардид, ки лаҳзаҳои он барои дӯстдорони табиат басо хотирмон буданд. Ин чорабинӣ, ки бо ибтикори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии ҷумҳурӣ солона ташкил мегардад, ба ҳифзи намудҳои нодири парандагон равона шудааст.
Озмуни “Парандаи сол” нахустин бор соли 1971 дар Олмон роҳандозӣ шуда, аз соли 2008 инҷониб дар Тоҷикистон низ баргузор мешавад. Соли гузашта бо иштироки фаъоли дӯстдорони табиат Дуғдоғ ҳамчун парандаи соли 2025 интихоб гардида буд. Имсол бошад барои дарёфти унвони парандаи сол даҳ намуд, аз ҷумла бедона, дурроҷи сиёҳ, зоғобӣ, доснул, иқгуи даштӣ, чархресак, булбули гардансафед, парандаи кабуд ва дигарон пешниҳод шуданд.
Ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои биологӣ Мирзораҳимзода А.К. ва доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов дар назди ҳозирин таъкид карданд, ки баргузории чунин озмунҳо далели афзоиши дӯстдорони табиат ва таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзи парандагони нодир аст. Ҳамчунин, онҳо дар бораи меъёрҳои интихоби номзадҳо, хусусиятҳои биологии парандагон ва 45 намуди парандаҳои шомили Китоби сурхи Тоҷикистон маълумот доданд.
Дар ҷараёни муҳокима дурроҷи сиёҳ, чил ва чанд намуди дигар ҳамчун номзад пешниҳод шуданд. Дар ниҳоят, пешниҳод оид ба интихоби чил (кабки зирак) дастгирӣ ёфт ва ин паранда бо натиҷаи 17 овоз парандаи соли 2026 интихоб гардид.
Чил яке аз намудҳои зебову беозор буда, дар ҳолати нестшавӣ қарор дорад ва ба Китоби сурхи байналмилалӣ дохил шудааст. Ин намуд асосан дар минтақаҳои Зарафшон, поёноби рӯдҳои Кафарниҳон, Вахш, Панҷ ва Бадахшон паҳн гардидааст. Ҷойи зисти он даштҳои санглох ва нимбиёбон буда, одатан 2–3 тухм мегузорад ва дар давоми 20–26 рӯз чӯҷа мебарорад.
Интихоби чил ҳамчун парандаи соли 2026 барои дӯстдорони табиат фоҷеи хурсандиовар гардид. Ин парандаи нодиру зебо, ки болҳояшро васеъ паҳн карда лона месозад ва ҳаёти орому сариштаро пеш мебарад, аз ин ба баъд бештар зери ҳимояи ҷомеа қарор мегирад.
Интихоб шудани чил (кабки зирак) ҳамчун парандаи соли 2026 муборак бод!
Маҳмадалӣ Маҳмадалиев
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?
ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ
АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ
БОНУИ МАТИНИРОДА



