Бойгонӣ

ДАСТАИ „XАТЛОН“- АЗ ҲИСОБИ ДУХТАРОН

Футболи занона дар кишвари мо ҳам сол аз сол рушд намуда, ин намуди варзиш миёни мухлисон бахусус, бонувон маҳбубият пайдо карда истодааст. Нахустин дастаи футболи занона дар вилояти Хатлон соли 2003 таъсис ёфта буд.

Ба гуфтаи Ашӯр ГАДОЕВ, мураббии футбол соли 2003 Федератсияи футболи вилояти Хатлон таъсис ёфту дар ҳамин баробар масъалаи ташкили як дастаи футболи занона низ матраҳ шуда буд. Пас аз чанд муддате дастаи футболи занонаи „Вахш“-и шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло „Хатлон“-и шаҳри Бохтар) таъсис ёфт. Бояд зикр намуд, ки ташаббускори асосии таъсиси дастаи занонаи футбол дар шаҳри Бохтар устоди варзиш, шодравон Раҳим Ризоматов мебошад.

- Баъди ташкил шудани дастаи „Хатлон“ (собиқ „Вахш“) Раҳим РИЗОМАТОВ, сармураббии дастаи мазкур таъйин гардида, бо мақсади дарёфт ва ҷалб намудани футболбоздухтарон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар маркази вилояти Хатлон мусобиқаи футбол байни духтарон ташкил карда шуд. Ҳамин тавр, пас аз ҷамъбасти мусобиқа беҳтарин бозингарон ба ҳайати дастаи „Хатлон“ дохил карда шуданд.

Дар ҳайати аввалини дастаи мазкур футболбоздухтарон Қурбонгул ҚУРБОНОВА (ҳоло сармураббии даста), Женя ЭЙЗЕНГЕР, Меҳрангез ШАРИПОВА, Нишона САИДОВА ва дигаронро метавон номбар намуд. Давоми ин солҳо дар мактаби маҳорати дастаи мазкур зиёда аз 200 нафар тарбия ёфтаанд, ки айни замон бештари онҳо дар дастаҳои гуногуни футболи занона бозӣ доранд. Дар дастаҳои футболи то 15 сола ва аз он боло наврасону ҷавондухтарон машқу тамрин дошта, шарафи шаҳри Бохтарро дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он боло мебардоранд. Имрӯзҳо дастаи футболи занонаи „Хатлон“ таҳти роҳбарии мураббиён Қурбонгул ҚУРБОНОВА- сармураббӣ, Ашӯр ГАДОЕВ ва Масоҳат ШАРИПОВА тамрин намуда, ба мусобиқаҳо омодагӣ мебинанд.

Бинобар гуфтаи Ашӯр ГАДОЕВ айни ҳол бонувони дастаи футболи занонаи Хатлон аз қабили Қурбонгул ҚУРБОНОВА, Лайло ХОЛНАЗАРОВА, Шаҳноза БОБОЕВА ва Мавҷуда САФАРОВА ба ҳайати асосии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи занона шомил гардидаанд.

Доир ба дигар дастовардҳои даста метавон гуфт, ки дастаи мазкур чемпиони чандинкаратаи вилояти Хатлон дар лигаи олӣ ва якум буда, ин даста дар мавсими футболи соли 2018 дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи дуюмро ишғол карда буд. Бозингари дастаи мазкур Лайло ҲАЛИМОВА дар соли 2018-ум „Нишонзани беҳтарин“-и Тоҷикистон аз миёни духтарону занон дониста шуд.

Сармураббии дастаи „Хатлон“ Қурбонгул ҚУРБОНОВА изҳори миннатдорӣ мекунад, ки ягона сарпарасте, ки дастаи мазкурро аз ҷиҳати дастрас намудани сарулибос, тубҳо, нақлиёти хизматӣ ва ғайра дастгирӣ менамояд, Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ниҳодҳои зертобеи он мебошанд. Ба гуфти ӯ ягона муш­килиеки ҳайати мураббиёни дастаро ба ташвиш овардааст, ин надоштани сарпарасти доимӣ мебошад.

- Дастаи „Хатлон“-и шаҳри Бохтар аз соли 2003 инҷониб фаъолият дорад. Аммо дар ин муддат ягон корхона, ширкат ё мақомот (ба ғайр аз ФФТ ва сохторҳои зертобеи он) дастаи моро сарпарастӣ намекунад. ФФТ моро танҳо аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ мекунад, ки нокифоя аст. Мо барои реклама ва тарғиб намудани молу маҳсулоти ин ё он корхона, ширкат ё мақомот имконият дорем. Яъне, дастаи футболи занонаи Хатлон омодааст, ки бо сару либосҳое ба майдон барояд, ки рамзу нишонаҳои сарпарастонро нишон диҳад. Бо ин роҳ мо корхонаву ширкатҳои ватаниро муаррифӣ намуда, ҳамзамон вазъи иқтисодӣ-молиявии дастаро беҳтару хубтар карда метавонем, - иброз дошт Қурбонгул ҚУРБОНОВА.

Барои пурзӯр намудани даста бо бозингарони нав роҳбарияти даста дар ҳамбастагӣ бо мақомотҳои дахлдор мусобиқаи футбол миёни толибаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ва шаҳр ташкил намуда, аз миёни онҳо беҳтаринҳоро интихоб менамоянд.

- Ҳоло дастаи мо ҳафтае шаш рӯз дар варзишгоҳи „Ҷавонӣ“-и шаҳри Бохтар тамрин карда истодаанд. Ин ҷо аз фурсати муносиб истифода бурда, ба ҳамаи ҳаводорони футбол ва мухлисони дастаи „Хатлон“ муроҷиат намуда, гуфтаниам, ки ҳамеша ба варзиш машғул шаванд. Зеро варзиш қосиди сулҳу дӯстӣ асту кафили солимии ҷомеа, - иброз дошт дар фароварди суҳбат сармураббии дастаи „Хатлон“ –и шаҳри Бохтар Қурбонгул ҚУРБОНОВА.


Толиб ТОЛИБЗОДА
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019