Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Маслиҳати муфид
Номаҳо
АЁДАТИ РӮЗНОМАНИГОРОНИ СОБИҚАДОР ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР

Дар арафаи иди саиди Рамазон намояндагони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба аёдати чанде аз собиқадорони матбуоти тоҷик дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб рафтанд.
Бо ташаббуси роҳбарияти ИЖТ ба 10 нафар рӯзноманигорони хушному пуртаҷрибаи Хатлон, ки тӯли солиёни мадид қаламкашию нигорандагӣ кардаанд, кумакҳои якдафъаинаи пулӣ расонида шуд. Ҳаҷми умумии кумакҳои ихтисододаи ИЖТ ба собиқадорон беш аз 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ин кумак барои устодони журналистикаи тоҷик Сайидалӣ Бобохонов, Ҳақназар Ғоиб, Ғайбулло Ҳалимов, Шамсиддин Муҳаммадиев, Рустам Одинаев, Боймурод Сайидалиев, Саидҷаъфар Баёзӣ, Давлат Султонов, хонаводаи марҳум Рӯзимади Тоҳир пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, идораи нашрияҳои вилоятии "Хатлон", "Новий Хатлон", "Дӯстлик", маҷаллаҳои "Сафо" ва "Меҳровар" низ ба собиқадорони матбуот, кормандони эҳтиёҷманду бемор, инчунин ятимону маъюбон кумакҳои пулӣ, ғизоӣ ва маводи доруворию антисептикӣ расониданд.
Добавить комментарий
Ахбор
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД 14:30ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД 14:28Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст 13:58ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН 13:03ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ 12:57Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид 15:36СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД? 15:52МАН ОРИЁИЯМ, АЗ НАСЛИ ОФТОБ 15:48
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ПЕШВОИ ҶОИЗАЗЕБИ ҶАҲОН
ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ


