Бойгонӣ

МОҲШАРИФИ ЧАКАНДӮЗ

Чевари гулдӯзам ман,

Чодари зебо дорам,

Риштаи рангинам аст,

Лулую лоло дорам…

Моҳшариф зери лаб зам-зама карда ин сурудро мехонду косагули нотамоми куртаи чакани дӯхтаистодаашро пур мекард. Бонувони ҳунарманди ҳамроҳаш бошанд, ҳар кадоме паи дӯхтани маҳсули дасти худ буданд.

Моҳшариф Шарифова сокини деҳаи Кӯчабоғ, ҷамоати деҳоти Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ аст. Вай муддати 36 сол аст, ки ҳунари чакандӯзиро пеш бурда истодааст. Гирандаи Гранти президентӣ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии   Тоҷикистон мебошад. Тӯли 12 сол аст дар самти чакандӯзӣ бо шогирдонаш кор мекунад.

- Устоди ман Дасторгул Фармонова мебошад. Гарчанде синнаш ба 73 расида бошад ҳам, баробари мо чакан дӯхта истодааст. Дар ин ҷода истеъдоди худодод барои шахс муҳим аст. Барои мисол, ман муддати 6 сол аст ба 25 нафар шогирдон ҳунари чакандӯзиро меомӯзам, вале дар баъзеашон истеъдод, ки нест, завқи омӯхтан надоранд. Қаламзанӣ ва дӯхтани чаканро ба пуррагӣ дар ин муддат ҳамагӣ 3-4 нафар ёд гирифтаасту халос.

 - Дилхоҳ пешаи мардумӣ аз ҷониби нафари ҳунарманд баҳри бартараф кардани камбудии зиндагӣ ва фоида дидан амалӣ карда мешавад. Талабот дар бозор ва хоҳишмандони чакан зиёд бошанд, нафарони ҳунарманд ҳамон қадар зиёд кор мекунанд ва хоҳишмандони ин ҳунари гулдӯзӣ низ зиёд мешаванд, - мегӯяд чакандӯзи чирадаст.

Дасторгул Фармонова - ҳамдеҳа ва устоди Моҳшариф ба гуфтаҳои шогирдаш илова мекунад, ки ӯ ҳунари чакандӯзиро аз модару бибияш омӯхта, то ба имрӯз ин пешаро идома дода истодааст. Дар ин солҳои тӯлонӣ шогирдони зиёд низ тарбия кардааст. 

- Моҳшариф аз ҷумлаи беҳтарин шогирдонам мебошад, ки дар ин ҷода хеле пеш рафта овозадор шудааст. Ростӣ, одами ҳунарманд бекор нишаста наметавонад. Масалан, ман агар ҳафтае дарзе, гулдӯзиеро ба дастам нагираму надӯзам,   чизеро гумкарда  эҳсос мекунам худамро. Муддати 7-10 сол пештар таваҷҷуҳ ба чакану гулдӯзӣ камтар буд. Бо дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ эҳё гардиданд. Махсусан чакану гулдӯзӣ. Боиси ифтихор аст, ки чакан ҳатто ба феҳристи ёдгориҳои моддии ЮНЕСКО ворид гардид. Муддати се- чор соли охир талабот ва таваҷҷуҳ ба чакану гулдӯзӣ чанд карат афзуд. Дар деҳаи мо бонувони чакандӯз хеле зиёданд, - қисса мекунад устоди чакандӯзон Дасторгул Фармонова.

Пешаи чакандӯзӣ кори саҳл нест, зеҳн ва заҳматро талаб мекунад. Барои пур кардану ба намуди зебо табдил додани гулдӯзӣ вақти зиёд ва сабру тоқати ҳунарманд зарур мешавад. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки хоҳишмандони ин пеша дар байни ҷавондухтарон камтар ҳастанд. Иқдоми хубе аз ҷониби Ҳукумати кишвар роҳандозӣ гардид, ки дар мавсими баҳору тирамоҳ, яъне дар вақти таҳсил барои толибилмон пӯшидани либоси миллӣ- чакану атлас иҷозат дода шуд. Ин иқдом талаботро ба куртаи чакан зиёд намуд.

Ҳар гоҳе, ки муштариён аз нақшу нигору гулдӯзиҳои Моҳшариф изҳори миннатдорӣ мекунанд, ӯ худро хушбахттарин бонуи чакандӯз эҳсос мекунад. Вай хурсанд аз он аст, ки дар баробари шавҳару писаронаш дар пешбурди зиндагии аҳли хонаводааш саҳм гузошта истодааст. Ҳеҷ вақт меҳнати шахс барабас намеравад, агар он аз сидқ ва арзанда анҷом дода шуда бошад. Фармоиш барои сару либоси чакан аслан барои ин бонуи ҳунарманд аз моҳи октябр сар шуда, то моҳи март идома меёбад.

Маҳсули ҳунари ӯ - чаканҳои зебову нақшини дастӣ дар дилхоҳ чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Моҳшариф дар озмуни вилоятии «Сад ранги чакан»-и соли 2018 сазовори мақоми аввал шуда буд.

- Ҳукумати кишвар, хоса Пешвои миллат дар Паёмҳои ироа намудаашон баҳри эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба ҳунармадон имтиёзҳои зиёде пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, аз андоз озод намудан ва боз чанд имтиёзи дигар шаҳодати ин иқдомҳост. Ҳамаи ин ғамхориҳо моро дилгарму хушбин менамояд, то ҳунари аҷдодиро идома диҳем. Модари ман Заҳро Гулмадова чакандӯз буданд ва боз даҳҳо ҳунари дигарро низ доштанд. Дар байни ҷавондухтарон ҳастанд нафароне, ки ба чакандӯзӣ шавқу рағбат доранд, бо завқ шурӯъ мекунанд, аммо дарҳол он завқ мемирад. Дар ҳақиқат гулдӯзӣ кори саҳл нест, сабру тоқат лозим аст. Гуфтаниям, ки баъзе ҷавондухтарони имрӯза мушкилписанд нестанд. Куҷост дар дунё кори саҳлу осон?! Зиндагӣ худ барои одами зинда осон нест, бояд талош кунӣ ва зиндагиатро пеш бубарӣ. Дар пешаи чакандӯзӣ ва қаламзанӣ ё нақшофарӣ бештар эҷодкорӣ лозим аст. Бояд дар нақшҳои офаридаат диди нав ва тозакорӣ дида шавад ва он мувофиқи завқи муштарӣ бошад. Агар ин чизҳо набошанд, пешаравӣ дар касбат намешавад. Дар муқоиса ба 7-10 сол пештар тарзи завқ ва фармоиши куртаи чакан дигаргун шудааст. Гулҳо ва бо шумораи кам ё зиёд шудан бо косагулҳо дар пеши доман ва ё атрофи остин ва дигару дигар доим тағйир меёбад. Бештар гулҳои чакани қадима аз нав эҳё шуда истодааст ва бонувон ба он завқ доранд. Ҳамчунин, талабот ба тоқиҳои чакан чи занона ва ҳам мардона низ зиёд аст,- иброз медорад ҳунарманд.

Арзиши як тоқии чакани мардона то ба 50 сомонӣ, як куртаи чакани духташуда аз 800 то 1500 сомонист. Як тоқии чаканро ҳунарманди асил дар ду ё се рӯз медӯзад. Ҳунарманди моҳир як куртаи чаканро дар 20-22 рӯз дӯхта метавонад. Имрӯз низ чодардӯзӣ (гулдӯзӣ) эҳё гардида, талабот ба он бештар аст. Як чодар арзишаш 4-5 ҳазор сомонӣ мебошад. 

-  Чодари гулдӯзинашуда, яъне матоъро аввал дузанда пора мекунад, сипас қаламзан аввал қалам мезанад, чор - панҷ нафар дӯзандагон он пораҳоро гулдӯзӣ мекунанд ва баъди пурра дӯхта тамом кардан, боз пораҳоро мувофиқи гулҳояш медӯзанд ва чодар пурра шаклашро гирифта тайёр мешавад-иброз медорад ӯ.

 Моҳшариф ишора мекунад, ки вай дар давоми се моҳ беш аз чил курта барои дӯхтан қалам задааст. Қалам задани як курта 100 сомонӣ арзиш дорад. Ин бонуи ҳунарманд куртаи чакан, чодари барои тахти домоду арӯс, кӯрпачаи пеши тахт, суфраву элакҳои атрофаш гулдӯзишуда, рӯймоли гулдӯзии тӯёна, болишти гулдӯзӣ, рӯймоли секунҷаи гулдӯзӣ, барои роҳаткурсӣ, дастбандаки гаҳвора, кӯрпачаи рӯи гаҳвораи кӯдак, сарандози гулдӯзии арӯсӣ ва чандин номгӯи дигарро омода ва пешкаши муштариёни ин ҳунари воло менамояд.

Билоли ШАМС, ноҳияи Восеъ


Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019