Бойгонӣ

Қадрдонии иштирокчиёни ҶБВ

Дар арафаи таҷлили 75 – солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузургӣ Ватании солҳои 1941 – 1945 ба 57 нафар иштирокчиён ва маъюбони ин набард бо қарори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 145 ҳазору 500 сомонӣ ҷудо гардид.
 

Мукофоти молиявии раиси вилоят ба ҳар яки онҳо дар ҳаҷми 2500 сомонӣ зимни аёдати шахсӣ дар манзили зисташон тақдим карда шуд.
Ҳамчунин ба ҳар яки онҳо аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ кумаки яквақтаина тақдим карда шуд.
 

Феълан дар вилояти Хатлон 24 нафар иштирокчиён ва 33 нафар маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ умр ба сар мебаранд.
                                                                   Сулаймон СУЛТОНОВ

Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019