Бойгонӣ
Октябрь 2026 (3)
Сентябрь 2026 (26)
Июль 2026 (25)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)

НАТИҶАИ ЗАҲМАТ ВА ТАЛОШ


Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду пешрафти назаррас дошта, барои ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ватандӯстӣ заминаҳои мусоид фароҳам гардидааст. Мактаби варзишии ноҳияи Данғара низ дар ин самт фаъолияти назаррас дошта, варзишгаронаш дар мусобиқаҳои сатҳҳои гуногун натиҷаҳои шоиста ба даст меоранд. Дар бораи дастовардҳо, имкониятҳои мавҷуда ва нақши варзиш дар тарбияи ҷавонон бо Раҳимзода Ҳасан Худойназар, муовини директор оид ба таълими Муассисаи давлатии мактаби варзишии ноҳияи Данғара, мусоҳиба анҷом додем.

– СОЛИ 2026 БАРОИ ТОҶИКИСТОН СОЛИ ТАҶЛИЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БУД. МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА ИН ҶАШНИ БУЗУРГРО БО ЧӢ ДАСТОВАРДҲО ИСТИҚБОЛ ГИРИФТ?
– Боиси хушнудист, ки 35 - солагии ҷашнии Истиқлол барои варзишгарони муассисаи мо соли пур аз муваффақиятҳо гардид. То охири моҳи август варзишгарони мактаби варзишӣ дар мусобиқаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин чемпионатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 242 медал ба даст оварданд. Аз ин шумора 79 медали тилло, 64 медали нуқра ва 99 медали биринҷӣ мебошанд. Ин натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки фаъолияти мураббиён ва талоши варзишгарон самараи хуб додааст.
– АГАР ИН НАТИҶАҲОРО БО ҲАМИН ДАВРАИ СОЛИ ГУЗАШТА МУҚОИСА НАМОЕМ, ЧӢ ТАҒЙИРОТ БА НАЗАР МЕРАСАД?
– Дар муқоиса бо соли 2025 пешрафти назаррас мушоҳида мешавад. Агар соли гузашта варзишгарони мо аз мусобиқаҳои байналмилалӣ 5 медал ба даст оварда бошанд, соли ҷорӣ ин нишондод ба 7 медал расид. Ҳамчунин шумораи медалҳо дар чемпионатҳои ҷумҳуриявӣ аз 19 ба 24 адад афзоиш ёфт. Дар маҷмуъ, дастовардҳои муассиса нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 30 фоиз зиёд шудаанд.
– БА АНДЕШАИ ШУМО, ОМИЛҲОИ АСОСИИ ЧУНИН ПЕШРАФТ КАДОМҲОЯНД?
– Пеш аз ҳама, фазои сулҳу субот ва амнияти кишвар. Маҳз дар шароити оромиву соҳибихтиёрӣ мо метавонем варзишгаронро ба мусобиқаҳои сатҳи гуногун сафарбар намоем ва барои рушди истеъдодҳои онҳо шароити мусоид фароҳам созем. Инчунин заҳмати пайвастаи мураббиён ва ҳавасмандии худи варзишгарон низ дар ин натиҷаҳо нақши муҳим доранд.
– ИМРӮЗ БАРОИ МАШҒУЛИЯТИ ҶАВОНОН ВА НАВРАСОН ДАР МАКТАБИ ВАРЗИШӢ ЧӢ ГУНА ИМКОНИЯТҲО МУҲАЙЁ ГАРДИДААНД?
– Бо дастгирии давлату Ҳукумат ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олии кишвар, дар муассисаи мо барои машқу тамрин аз рӯи 10 намуди варзиш шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, бахшҳои гӯштини миллӣ, гӯштини тарзи озод, бокс, футбол, волейбол, муайтай, тениси рӯи миз, шашка ва шоҳмот фаъолият доранд. Айни замон 589 нафар наврасону ҷавонон ба машғулиятҳои варзишӣ ҷалб шудаанд ва имконият доранд истеъдоди худро рушд диҳанд.
– ДАР БАРОБАРИ ТАРБИЯИ ВАРЗИШГАРОН, МАСЪАЛАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТО КАДОМ АНДОЗА ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲИ ШУМОСТ?
– Ин яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мост. Дар ҳамаи гурӯҳҳои таълимӣ ва машқӣ мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ баргузор мегарданд. Мо ба ҷавонон дар бораи дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва пешгирӣ аз гаравиш ба андешаҳои ифротӣ маълумот медиҳем. Ҳадафи асосӣ тарбияи ҷавонони солимфикр, масъулиятшинос ва ватандӯст мебошад.
– ДАР АНҶОМИ СУҲБАТ БА ҶАВОНОН ЧӢ ГУФТАН МЕХОҲЕД?
– Миллати тоҷик аз қадим мардуми паҳлавон ва варзишдӯст буда, варзиш ҳамеша ҷузъи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёфт. Имрӯз низ ҷавонон бояд ба ин анъанаҳои нек пайравӣ намоянд. Ба ҳамаи наврасону ҷавонон тавсия медиҳам, ки ба варзиш машғул шаванд, тарзи ҳаёти солимро интихоб намоянд ва барои таҳкими неруи ҷисмонӣ, рӯҳӣ ва ахлоқии худ пайваста талош варзанд. Варзиш на танҳо василаи таҳкими саломатист, балки инсонро ба интизом, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ ҳидоят мекунад.
– ТАШАККУР БА ШУМО БАРОИ ПЕШНИҲОДИ МАЪЛУМОТ ВА АНДЕШАҲОИ ҶОЛИБ. БА ҲАЙАТИ УСТОДОНУ ШОГИРДОНИ МУАССИСАИ МАЗКУР МУВАФФАҚИЯТ МЕХОҲЕМ.
– Саломат бошед, сипосгузорем.

М. Акрамов
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий