Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳиро пурра иҷро кард
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати иҷрои пурраи нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ чорабинии тантанавии «Рӯзи даъватшаванда» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид Мубин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар шаҳр дар рӯзи аввали даъват иҷро гардид. Ба гуфтаи ӯ, ин натиҷаи ҳамкории муштараки мақомоти давлатӣ, комиссариати ҳарбӣ, фаъолони ҷомеа, ҷавонон ва волидайни онҳо мебошад.
Раиси шаҳр аз ҳисси баланди ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии ҷавонон, инчунин аз саҳми падару модарон дар тарбияи фарзандон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, барои ҳамкориашон сипосгузорӣ кард.
Баъди қисмати расмӣ барои иштирокдорони чорабинӣ барномаи фарҳангӣ пешниҳод гардид. Ҳунармандон бо суруду таронаҳои ватандӯстона хотири ҳозиринро болида намуда, иштирокдорон зери савту навои мусиқӣ рақсу шодӣ карданд.
Ҳамчунин, ба ифтихори ин рӯйдод дастархони идона ороста шуда, меҳмонон ва ҷавонони даъватшуда аз он баҳравар гардиданд.
Ҳамзамон ба даъватшавандагон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, ба даъватшавандагони фаъол ва волидони онҳо сипосномаҳо тақдим шуд.
Чорабинии «Рӯзи даъватшаванда» дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, рамзи қадршиносӣ аз ҷавононе арзёбӣ шуд, ки барои адои қарзи шаҳрвандии худ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд.
М. Акрамов
Добавить комментарий
Ахбор
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН 15:25ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД 11:14НАТИҶАИ ЗАҲМАТ ВА ТАЛОШ 15:23Бохтар нақшаи даъвати тирамоҳиро пурра иҷро кард 15:17БА ОМӮЗГОР 15:13МАРДИ МЕҲНАТ 15:01“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид 12:19МАВЛОНО ВА ВАҲДАТИ БАШАРӢ 12:37
Серхонандаҳо
ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
БОХТАР – ШАҲРИ РУШДУ БУНЁДКОРӢ
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?




