Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Истиқлол — сарчашмаи саодат ва омили рушди Тоҷикистони соҳибиқбол
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар миллат бузургтарин неъмат, рамзи соҳибихтиёрӣ ва пояи устувори давлатдории миллӣ ба шумор меравад. Барои мо — мардуми шарафманди Тоҷикистон — Истиқлолият на танҳо як санаи таърихӣ, балки арзиши муқаддасе мебошад, ки ба шарофати он миллат соҳиби роҳи мустақили рушду пешрафт гардид. 9 сентябри соли 2026 Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли давлатии худро таҷлил менамояд.
Дар тули ин 35 сол таҳти сиёсати созанда ва дурбинонаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари маҳбуби мо роҳи пурифтихори давлатсозӣ ва рушди устуворро тай намуд. Истиқлол барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва боло бурдани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овард.
Мо, кормандони соҳаи тандурустӣ, хуб дарк мекунем, ки яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди ҷомеа саломатии мардум мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ низ ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон ва дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд. Ин раванд моро водор месозад, ки ба хотири ҳифзи саломатии мардум боз ҳам масъулиятшиносона ва содиқона хизмат намоем.
35 соли Истиқлол барои ҳар яки мо бояд на танҳо мояи ифтихор, балки мактаби ватандӯстӣ, худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ бошад. Ободии Ватан аз меҳнати содиқона, эҳсоси масъулият ва саҳми ҳар як шаҳрванди бонангу номус оғоз меёбад. Аз ин рӯ, вазифаи мо — махсусан аҳли соҳаи тандурустӣ — аз он иборат аст, ки бо меҳнати ҳалол, муносибати самимӣ ба мардум ва хизмати содиқона ба Ватан дар таҳкими дастовардҳои даврони истиқлол саҳм гузорем.
Имрӯз Тоҷикистон таҳти парчами истиқлол ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшон қадам мегузорад. Рамзи расмии 35-солагии Истиқлол низ бо мафҳумҳои озодӣ, сулҳу субот, рушди устувор ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ пайванд ёфтааст.
Бигзор Истиқлоли давлатӣ ҷовидон, сулҳу ваҳдат пойдор, осмони Ватан софу беғубор ва Тоҷикистони азизамон ҳамеша ободу пешрафта бошад. Орзу менамоям, ки ҳар хонадони тоҷик аз файзи истиқлол саршор, фарзандони миллат солиму саодатманд ва фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам равшану пурифтихор бошад.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Иброҳим Мусозода,
сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ
ПАНДИ МОДАР
АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС
Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ
ВАТАН ДАР ҶОН


