Бойгонӣ
Июль 2026 (18)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)
Февраль 2026 (31)

НАФАҚА – КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ ДАВЛАТ БА ШАҲРВАНДОН

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон мебошад. Ҳамасола баланд бардоштани андозаи нафақаҳо, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ далели таваҷҷуҳи пайвастаи давлат ба беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум аст.

Оид ба тартиби таъйин ва пардохти нафақа, навъҳои нафақа ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ бо сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Қобилҷон Файзализода мусоҳибае анҷом додаем, ки пешниҳоди хонанда месозем.

– Аввалан дар хусуси синни ба нафақа баромадани шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот медодед?
– Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ», синни ба нафақа баромадан барои мардон 63 ва барои занон 58 солагӣ муқаррар шудааст. Ҳамзамон, барои баъзе гурӯҳҳои шаҳрвандон имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла, заноне, ки панҷ нафар ё бештар аз он фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни ҳаштсолагӣ тарбия кардаанд ва дорои на камтар аз 20 соли собиқаи корӣ мебошанд, метавонанд аз синни 53-солагӣ ба нафақа бароянд.
Андозаи нафақа аз собиқаи корӣ ва ҳаҷми музди меҳнати шаҳрванд вобаста буда, дар раванди таъйини нафақа тавассути барномаи электронӣ ҳисоб карда мешавад.
– Шаҳрвандоне, ки бори аввал ба нафақа мебароянд, бояд ба куҷо муроҷиат намоянд?
– Барои таъйини нафақа шаҳрванд бояд ба раёсат ё шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар маҳалли истиқомати худ муроҷиат намоянд.
– Дар бораи навъҳои нафақа маълумот медодед.
– Тибқи қонунгузорӣ дар Тоҷикистон ду гурӯҳи асосии нафақа мавҷуданд: суғуртавӣ ва давлатӣ.
Ба нафақаҳои суғуртавӣ дохил мешаванд:
нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол;
нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ;
нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон.
Ба нафақаҳои давлатӣ дохил мешаванд:
нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи синну сол;
Нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маъюбӣ;
Нафақаи иҷтимоӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон.
– Нафақаи шаҳрвандоне, ки дар хориҷа, мисол дар Федератсияи Русия фаъолият мекунанд, чӣ гуна таъйин мешавад?
– Барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия фаъолияти меҳнатӣ доранд, таъйини нафақа дар асоси Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини нафақа амалӣ мешавад. Давраи фаъолияти меҳнатии шаҳрванд ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия ба ҳисоб гирифта шуда, нафақа мутобиқи қонунгузории ҳар ду давлат таъйин ва пардохт мегардад.
– Тартиби ҳисоб намудани нафақа чӣ гуна аст?
– Андозаи нафақа пеш аз ҳама аз собиқаи корӣ ва музди меҳнати шаҳрванд вобаста мебошад. Тибқи қонун, барои таъйини нафақаи суғуртавӣ шаҳрванд бояд на камтар аз 60 моҳи собиқаи суғуртавӣ дошта бошад.
Ҳисобкунии нафақаҳои суғуртавӣ тавассути барномаи электронии таъйини нафақа анҷом дода мешавад. Нафақаҳои давлатӣ бошанд, тибқи меъёрҳои муайяншуда дар шаҳру ноҳияҳо таъйин мегарданд.
– Ба андешаи баъзе шаҳрвандон нафақаи онҳо, махсусан барои давраи фаъолияти меҳнатии то истиқлолият, кам ҳисоб мешавад. Сабаб дар чист?
– Таъйини нафақа дар ҳама давру замон аз ду омил – собиқаи корӣ ва музди меҳнат вобаста аст. Ҳар қадаре ки собиқа ва музди меҳнат бештар бошад, ҳамон қадар андозаи нафақа низ зиёд мегардад.
– Давлат барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии нафақахӯрон чӣ тадбирҳо меандешад?
– Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ пайваста барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии шаҳрвандон чораҳои зарурӣ меандешад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, аз 1 сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулиҳо ба онҳо бо назардошти сатҳи таваррум, вале на камтар аз 15 фоиз индексатсия (зиёд) карда мешаванд.
Ин иқдом барои боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии нафақахӯрон равона шудааст.
– Ташаккур барои суҳбат!
– Саломат бошед!

Аъзам Бобоев, шаҳри Бохтар
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019