Бойгонӣ
Июль 2026 (16)
Июнь 2026 (33)
Май 2026 (43)
Апрель 2026 (27)
Март 2026 (12)
Февраль 2026 (31)

АЗ ҚАЪРИ ГИЛИ СИЯҲ ТО АВҶИ ЗУҲАЛ


Модарони ин миллат беҳтарин донишмандони риштаҳои гуногуни илм, мутафаккирони барҷаста, қаҳрамонҳои миллӣ ва чеҳраҳои мондагори таърихиро ба дунё овардаву ба камол расонидаанд, ки бо хизматҳои шоистаи худ дар рушди ҷомеаи башарӣ саҳми арзанда доранд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои бузурги ин донишманди нобиға ва муаррифии илми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Осори гаронбаҳои ӯ, хусусан китоби машҳури «Қонуни тиб» ба садҳо забони ҷаҳон тарҷума ва борҳо бознашр гардида, то имрӯз ҳамчун дастури рӯимизии донишҷӯён, олимон ва пажӯҳишгарони соҳаи тиб истифода мешавад. Доир ба ин мавзуъ бо Маҳмадҷон Абдуқодирзода, сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон мусоҳибае анҷом додаем:

– Ба андешаи шумо, таъсиси “Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” барои баланд бардоштани мақому нуфузи илми тибби тоҷик дар арсаи байналмилалӣ чӣ нақш хоҳад дошт?
– Ин иқдоми наҷибе, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат амалӣ гардид, идомаи тадбирҳои таърихсозест, ки мо рӯзҳои охир шоҳиди он гардидем. Бо ибтикори Президенти мамлакат хоки фарзандони фарзонаи миллат – Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз Федератсияи Русия ба Ватан оварда шуд, ки ин воқеан ҳам намунаи эҳтиром ба таърих ва шахсиятҳои бузурги миллат мебошад. Дар ҳамин замина таъсиси Ҷоизаи байналмилалӣ низ барои боз ҳам баланд бардоштани нуфузи илми тоҷик ва муаррифии шахсияте, ки дар рушди илми тибби ҷаҳон саҳми беназир гузоштааст, аҳамияти бузург дорад. Фаъолияти илмиву эҷодии Абуалӣ ибни Сино на танҳо дар замони худ, балки баъд аз садсолаҳо низ аҳамияти худро нигоҳ доштааст. Осори ӯ то ҳол ҳамчун манбаи арзишманди илмӣ барои олимон, табибон ва донишҷӯёни ҷаҳон хизмат мекунад. Аз ин рӯ, чунин қадрдонӣ аз ҷониби Пешвои миллат метавонад ба рушди илми тиб дар сатҳи байналмилалӣ такони ҷиддӣ бахшида, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба омӯзиш ва истифодаи мероси илмии ин нобиға бештар намояд.
– Ин Ҷоиза то куҷо метавонад табибон, олимон ва муҳаққиқони ҷавонро ба ихтироъкорӣ, навоварӣ ва рушди илми тиб ҳавасманд гардонад?
– Бешубҳа, таъсиси чунин ҷоизаҳо барои ҳавасманд намудани табибон, олимон, донишҷӯён ва умуман пажӯҳишгарон ангезаи қавии эҷодӣ фароҳам меорад. Ин иқдом онҳоро водор месозад, ки бо кашфиёт ва навовариҳои илмии худ дар рушди тибби муосир саҳми бештар гузоранд.
Итминон дорам, ки «Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» ба рушди корҳои таҳқиқотӣ ва пажӯҳишӣ такони ҷиддӣ бахшида, ба пешрафти соҳаи тиб дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат хоҳад кард.
– Аз назари шумо, кадом дастоварду хизматҳои кормандони соҳаи тиб пеш аз ҳама сазовори «Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» мебошад?
– Имрӯз дар самтҳои гуногуни илми тибби тоҷик пешрафт ва навовариҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд. Дар ҷаласаҳои ҷамъбастии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мо пайваста аз дастовардҳои муҳими илмӣ ва технологияҳои нави ташхисиву табобатӣ огоҳ мегардем. Олимон ва пажӯҳишгарони тоҷик усулҳои нави ташхису табобатро таҳия ва дар амал ҷорӣ намуда истодаанд. Бинобар ин, таъсиси чунин ҷоиза метавонад раванди корҳои илмӣ, пажӯҳишӣ ва ихтироъкориро боз ҳам фаъолтар намояд. Қобили зикр аст, ки агар солҳои пеш бархе шаҳрвандон барои муолиҷаи баъзе бемориҳо ба хориҷи кишвар муроҷиат мекарданд, имрӯз ин ҳолат ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Ҳоло дар тамоми минтақаҳои кишвар шароити муосири ташхису табобат фароҳам буда, шаҳрвандон дар маҳали зисти худ аз хизматрасониҳои босифати тиббӣ истифода мебаранд.
– Маврид ба ёдоварист, ки Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар баробари табиби ҳозиқ ва донишманди бузург будан, яке аз поягузорони илми дорусозӣ низ маҳсуб меёбад. Кашфиёт ва таҷрибаҳои ӯ то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Ба назари шумо, дар даврони соҳибистиқлолӣ меросбарони ин мактаби илмӣ дар рушди соҳаи дорусозӣ то куҷо муваффақ шудаанд?
– Ман ҳамчун хатмкардаи факултаи дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино фаъолияти меҳнатии худро аз муассисаҳои дорусозии ба меросмонда аз давраи шуравӣ оғоз намудаам. Хатмкунандагони факултети дорусозӣ низ мисли дигар табибон савганди «Ворисони Сино»-ро ёд мекунанд. Бо такя ба мероси гаронбаҳои илмии Абуалӣ ибни Сино дорусозони тоҷик дар самти таъсис ва рушди корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд. Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 48 корхонаи истеҳсоли доруворӣ фаъолият дошта, номгӯи гуногуни доруҳо ва маводи бастабандиву тамизнамоиро истеҳсол мекунанд.
Бо вуҷуди ин, ҳаҷми истеҳсоли доруворӣ ҳанӯз ҳам талаботи бозори дохилиро пурра қонеъ карда наметавонад. Аз ин рӯ, рушди минбаъдаи ин соҳа аҳамияти махсус дорад.
Хушбахтона, рӯзҳои наздик Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030 қабул гардид, ки тамоми самтҳои рушди саноати дорусозиро фаро мегирад. Амалӣ гардидани ин барнома барои коҳиши вобастагӣ аз воридоти доруворӣ, пешгирии гардиши доруҳои қалбакӣ ва таъмини бозори фармасевтии мамлакат бо маҳсулоти босифат мусоидат хоҳад кард.
– Ба фикри шумо, таъсиси Фонди байналмилалии Ҷоизаи мазкур дар рушди илм, корҳои таҳқиқотӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири тиббӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
– Албатта, барои роҳандозии чунин Ҷоизаи сатҳи байналмилалӣ таъсиси Фонд зарур аст. Амалӣ намудани ин гуна ташаббусҳо маблағгузорӣ ва захираҳои ҷиддии моддиву технологиро талаб мекунад.
Маҳз тавассути чунин механизмҳо метавон фаъолияти олимон, муҳаққиқон ва донишҷӯёнеро, ки дар соҳаи тиб навовариҳо пешниҳод менамоянд, дастгирӣ кард. Ин имконият медиҳад, ки корҳои илмӣ густариш ёфта, технологияҳои нави тиббӣ бештар татбиқ гарданд.
– Аз татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси «Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб» чӣ интизориҳо доред?
– Мо аз натиҷаҳои ояндаи ин Ҷоиза интизориҳои зиёд дорем. Дар даврони соҳибистиқлолӣ олимон ва пажӯҳишгарони тоҷик дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар бахши дорусозӣ, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Бовар дорам, ки “Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” ба рушди минбаъдаи илми тиб, тавсеаи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ба даст овардани комёбиҳои нави илмӣ аз ҷониби табибон, олимон ва дигар мутахассисони соҳаи тандурустӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Мусоҳиб Юсуфи Собир,
“САФО”
Похожие новости:
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Ҷамъият / Фарҳанг / Варзиш / Ҷавонон / Маориф / Иҷтимоъ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АМРИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АСОСӢ / Ахбор / Ҷамъият / Фарҳанг / Ҷавонон / Иҷтимоъ / Мақомот Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон 24.02.2022, шаҳри Бохтар АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Маориф / Мақомот / Сохтмон ва меъморӣ Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон АСОСӢ / Ахбор / Саноат ва кишоварзӣ / Сиёсат / Ҳуқуқ ва амният / Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ / Мақомот / Иқтисод / Сохтмон ва меъморӣ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ АСОСӢ / Сиёсат / Мақомот
Добавить комментарий
Маҷаллаи №6-2019