Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ЁВОН. МАРКАЗИ САЛОМАТИИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Ёвон низ ҷиҳати шоиста истиқбол намудани ин ҷашни пурифтихори миллат, корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза касб намудаанд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба “Сафо” иттилоъ доданд, дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҳудуди ноҳия иншооти зиёди иқтисодиё иҷтимоӣ, варзишию фарҳангӣ ва саноатии зиёде бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Дар идомаи чунин созандагиҳо бо ибтикори роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорону сокинони ватандӯст дар деҳаи Челонзори Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов бо иштироки раиси ноҳия Икромиддин Вализода санги асоси маркази саломатии наву замонавӣ гузошта шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида шуд.
Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, бо санъати баланди меъморӣ сохта мешавад ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, зиёда аз 3500 нафар аҳолии деҳаҳои Челонзор ва Дарагӣ бо беҳтарин хизматрасонии тиббӣ фаро гирифта хоҳанд шуд.
С. СУЛТОН
Добавить комментарий
Ахбор
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД 15:48АҲЛИДДИН ШАРИФЗОДА: ХИЗМАТ БА МАРДУМ — РИСОЛАТИ МУҚАДДАС 15:20ДАР ХАТЛОН ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ, ДУРНАМОИ ПАХТА ВА ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН БАРРАСӢ ГАРДИД 15:16ЗАБОН- НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ 13:19Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:14Тоҷикистон аз нигоҳи 35 шаҳрванди хориҷӣ 13:11ВАТАН ДАР ҶОН 13:07РӮЗИ ЗАБОН МУБОРАК БОД! 13:03
Серхонандаҳо
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ БА САФҲОИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР РӮЗИ АВВАЛ 76 ФОИЗ ИҶРО ШУД
ОЗМУНИ “РӮДАКИХОНӢ” БАРГУЗОР ГАРДИД
Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун пурра таъмиру навсозӣ гардид
Хатлон. Дастоварди варзишгарон шоёни таҳсин аст
Дар Бохтар нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта иҷро шуд
Дилрабои Ҳотамшо мураббии соли Тоҷикистон шуд
“Хушдомани беҳтарин” муайян гардид
ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ НАВ БАРОИ САНҶИШИ СИФАТИ ОБИ НӮШОКӢ
ХАТЛОН. 271 ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ СОХТА МЕШАВАД
СУРУДИ МИЛЛӢ КАЙ САДО ДОД?




