Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Ҷавонтарин вакил
Дар 25-солагӣ бисёриҳо ҳанӯз роҳи худро меҷӯянд, аммо қаҳрамони матлаби навбатии мо дар ҳамин синну сол ба ҳайси ҷавонтарин вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб интихоб шуд. Ӯ дар бораи нақши занон таҳқиқ мекунад, аммо худ аллакай дар минбари намояндагии мардум қарор дорад. Шаҳноза Нусратова имрӯз на танҳо намояндаи мардум, балки чеҳраи насли нави занони фаъол дар идоракунии давлатӣ маҳсуб мешавад.
– Албатта, роҳи расидан ба ин сатҳ осон набуд, – аз рӯзҳои гузашта нақл мекунад Шаҳноза. – Синну соламро барои чунин масъулият ҳанӯз ҷавон мешумориданд, аммо маҳз ҳамин суханҳо маро водор карданд, ки бештар омӯзам ва худро собит созам, то ҳамчун як вакил дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб интихоб шавам.
СИРРИ МУВАФФАҚИЯТ
– Вақти набарди зеҳнӣ аксаран ба монеаҳо ва мушкилию камбудиҳо диққат мекунанду ноумед мегарданд. Ман бошам, баръакс, ба имконияту минбари ҷавонӣ, дастгирии занону духтарон ва фазои ороми кишвар такя карда, неру ва илҳом мегирам, – мегӯяд Шаҳноза Нусратова. – Метавон сулҳу субот ва амнияти сартосарии Тоҷикистони азизро омили муваффақияти ман дар озмунҳо шуморид. Зеро дур намеравему ба кишвари ҳамсояи худ – Афғонистон назар мекунем: давлати ҷангзада, ҷавонони гумроҳ, занони бесарпаноҳ. Ин қиёсҳо маро водор мекунанд, ки қадри сулҳу субот ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакатро нисбат ба занону ҷавонон бештар эҳсос намоям.
Ба гуфтаи Шаҳноза, мо дар давлате зиндагӣ мекунем, ки тамоми имкониятҳоро барои таҳсил гирифтан, мутолиа кардан, мутахассис шудан ва рушд намудан фароҳам овардааст. Дар воқеъ, ҷавонӣ давраест, ки аксарият ҳанӯз дар фикри сохтани ояндаанд, аммо вақте ҷомеа ба онҳо эътимод мекунад, ин давра на танҳо давраи камолот, балки давраи муваффақият мегардад.
– Китоб, дониш ва ирода метавонад роҳнамои занон бошад, – зикр мекунад Ш. Нусратова. – Аз ин рӯ, ман тайи ин солҳо на танҳо ба ҳайси як унвонҷӯ дар масъалаи нақши занон дар ҷомеа таҳқиқ мегузаронам, балки бештар ба мутолиа машғул шуда, донишҳои навро аз худ мекунам. Ҳамзамон, дар озмунҳои сатҳи гуногун ширкат карда, пирӯз ҳам гаштаам.
Ба гуфтаи қаҳрамони матлаб, агарчи аксаран сармояро танҳо дар ҳисобҳои бонкӣ мебинанд, аммо ӯ сармояи беҳтарро дар рафҳои китобхонаҳо пайдо кардааст. Зеро китоб ганҷест, ки инсонро ғанӣ месозад, ҷаҳонбиниашро васеъ мекунад, андешаҳояшро сайқал медиҳад ва роҳнамои ӯ дар ториктарин лаҳзаҳои зиндагӣ мегардад. Дақиқан, китоб сармояест, ки на арзишаш коста мешавад ва на аз даст меравад, балки ҳар қадар бештар истифода шавад, ҳамон қадар афзунтару пурқиматтар мегардад.
– Ниҳоят ғолиб шуданам дар озмуни “Ману китоб” на танҳо маро руҳбаланд кард, балки муносибатамро ба китоб дигаргун сохт, – мегӯяд ӯ. – Пештар мутолиа танҳо як машғулият буд, имрӯз бошад, ба як ниёзи руҳӣ табдил ёфтааст. Ҳар вақте китоберо варақ мезанам, қаҳрамонҳо пеши назарам зинда мешаванд, саҳнаҳо мисли филме дар хаёлам ҷараён мегиранд. Лаҳзае ҳам фаро мерасад, ки дигар ман китоб намехонам — ман дар дохили он зиндагӣ мекунам. Шояд ширинтарин лаззати мутолиа ҳам ҳамин бошад.
Ба андешаи Шаҳноза Нусратова зане, ки китоб мехонад, дер ё зуд садояш ба минбар мебарояд. Маҳз ҳамин мутолиа ба ӯ ҷуръат додааст, ки андешаҳояшро ошкоро баён намояд ва дар минбарҳои сатҳи гуногун аз ҳуқуқу имкониятҳои занон сухан кунад. Зеро дониш, вақте бо ирода ҳамроҳ мешавад, ба неруи тағйир табдил меёбад.
ШИНОСОӢ БО ШАҲНОЗА
Шаҳноза Нусратова зодаи шаҳри Кӯлоб буда, имрӯз низ фаъолияташро дар ҳамин шаҳр идома медиҳад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад – ду муассисае, ки заминаи илмӣ ва идоракунии касбии ӯро ташаккул додаанд.
Роҳи касбии ӯ аз солҳои донишҷӯӣ оғоз ёфта, марҳила ба марҳила ба фаъолияти давлатӣ пайваст. Аз коргузорӣ дар муассисаи таълимӣ то фаъолият дар бахшҳои таҳлил ва сиёсати дохилӣ – ҳар зина барои ӯ як мактаби таҷриба буд. Фаъолият дар сохторҳои таҳлилӣ ба ӯ имкон дод, ки масъалаҳои ҷомеаро амиқтар дарк намояд ва дар минбар бо далелу мантиқ сухан гӯяд.
Дар идомаи роҳ ӯ дар бахшҳои гуногуни мақомоти маҳаллӣ фаъолият бурда, таҷрибаи кор бо муроҷиатҳои шаҳрвандон ва идоракунии сохториро андӯхт. Маҳз ҳамин таҷрибаҳо имрӯз дар фаъолияти вакилиаш нақши муҳим доранд.
Заҳмату талош, донишу иродаи қавӣ боис шуданд, ки ӯ борҳо дар озмунҳои сатҳи гуногун ширкат варзида, сазовори диплом ва ифтихорномаҳо гардад. Ахиран дар озмунҳои “Маърифати ҳуқуқӣ”, “Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон” ва “Ману китоб” ба пирӯзӣ ноил шудааст.
ХУЛОСА
Ҳикояи Шаҳноза Нусратова нишон медиҳад, ки эътимод ба ҷавонӣ метавонад натиҷа диҳад. Зеро вақте дониш, ирода ва масъулият ба ҳам меоянд, синну сол дигар нақши ҳалкунанда намебозад. Шояд маҳз ҳамин гуна ҷавонзанон собит месозанд, ки ояндаи ҷомеа на танҳо дар қарорҳои бузург, балки дар иродаи қавии як насли нав шакл мегирад.
Н. Исо, ш. Кӯлоб
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
1147 НАФАР АЗ МУАССИСАИ ИСЛОҲИИ №3/6-И НОҲИЯИ ЁВОН БА ОЗОДӢ БАРГАШТАНД



