Маҷаллаи Сафо
Шеъру адаб
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
ШУҶОАТ ВА МАСЪУЛИЯТ: ҲИКОЯИ ЯК ГЕНЕРАЛИ ТОҶИК
Дар таърихи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ номҳои афсароне ҳастанд, ки бо иродаи устувор барои пойдории давлат хизмат карданд. Нуралӣ Фақиров аз зумраи онҳое буд, ки фаъолияти касбиаш ба мактаби садоқат ва масъулияти низомӣ табдил ёфт.
Нуралӣ Фақиров 12 декабри соли 1966 дар ноҳияи Кӯшониён, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Пас аз гирифтани маълумоти миёнаи нопурра ба омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №60-и ноҳияи Вахш дохил шуда, соҳиби ихтисоси дуредгар-сохтмончӣ гардид. Сипас, қариб чор сол дар коргоҳи мебелсозии ноҳияи Кӯшониён фаъолият кард.
Соли 1987 хизмати ҳарбиро дар Федератсияи Россия адо намуда, бо рутбаи сержанти калон ба зодгоҳаш баргашт. Орзуи низомӣ шудан дар дилу ботинаш ҳамеша аланга мезад. Бо ҳамин ният ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Калинин (Федератсияи Россия) дохил шуда, соли 1991 онро бо дипломи аъло хатм намуд.
Солҳои 1990–1991 барои Тоҷикистон айёми ҳассосу пурошӯб буд. Ҷанги таҳмилӣ кишварро фаро гирифта, махсусан, дар манотиқи ноҳияҳои Кӯшониён ва Вахш вазъ муташанниҷ гардид. Нуралӣ, ки ҷавони боору номус буд, барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва амнияти мардум бо ҳамдеҳагонаш бархост. Онҳо занону кӯдаконро аз минтақаҳои хатарнок ба ҷойҳои амн кӯчонида, барои оромии диёр талош мекарданд.
Дар ҳамин айёми душвор бо талошҳои сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи кишвар тадриҷан ба эътидол омад ва ҷанги таҳмилӣ хотима ёфт. Мардуми кишвар ба зиндагии осоишта баргашта, баҳри ободию созандагӣ аҳлона меҳнат намуданд.
Соли 1993 Нуралӣ Фақиров ба ҳайси муовини сардори қисми ҳарбии №07017 таъйин гардид. Чанде пас командири ҳамин қисми ҳарбӣ шуд. Ӯро ҳамкорон бо эҳтиром «Нури Фақир» меномиданд. Дар ин ниҳод ӯ дар тарбия ва ҷобаҷогузории афсарону сарбозон, баланд бардоштани сатҳи малакаи ҳарбию сиёсӣ ва азхудкунии техникаю лавозимоти муосири ҳарбӣ саҳми назаррас гузошт.
Ӯ ҳамеша таъкид мекард, ки низомиён бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳимояи Ватан омода бошанд. Ба афсарони оиладор, бо дастгирии роҳбарияти давлат, барои таъмини манзили зист мусоидат менамуд.
Соли 2003 бо фармони Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи вақти ҷумҳурӣ Нуралӣ Фақиров комиссари ҳарбии вилояти Хатлон таъйин гардид ва чандин сол ин вазифаи пурмасъулиятро бар уҳда дошт. Дар давраи роҳбарии ӯ нақшаи даъвати наваскарон ҳамасола пурра ва ҳатто барзиёд иҷро мегардид. Даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳӣ, инчунин «Рӯзи даъватшаванда» дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор мешуданд.
Бо ибтикори ӯ аёдати падару модарон дар қисмҳои ҳарбӣ ба роҳ монда шуда, вохӯриҳои хизматчиёни ҳарбӣ бо хонандагону донишҷӯён мунтазам баргузор мегардид. Барномаҳои фарҳангию сиёсӣ бо иштироки санъаткорон ва собиқадорони ҷангу меҳнат ба анъана табдил ёфта буданд.
Хизматҳои шоёни ӯ аз ҷониби давлат қадршиносӣ гардида, ба ӯ рутбаи олии ҳарбии генерал-майор супурда шуд. Инчунин, Нуралӣ Фақиров бо орденҳои «Ситораи сурх» ва «Шараф» сарфароз гардидааст. Ӯ аз зумраи дастпарварони мактаби Пешвои миллат буд, ки то охирин лаҳзаҳои ҳаёт ба савганди низомӣ содиқ монд.
Дар тули фаъолияти худ даҳҳо шогирд тарбия намуд, ки имрӯз дар қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои низомии кишвар ва берун аз он фаъолият доранд. Писараш Илҳомҷон низ роҳи падарро идома дода, дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ хизмат мекунад.
Мутаассифона, тирамоҳи соли 2024 Нуралӣ Фақиров пас аз бемории кӯтоҳ аз олам даргузашт. Марги нобаҳангоми ӯ барои аҳли оила, ҳамкорон ва мардуми Хатлон талафоти бузург буд. Гарчанде марг ӯро аз байни мо бурд, аммо номи неки ӯ боқӣ монд.
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Музаффар Муродов, бойгонишиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Добавить комментарий
Ахбор
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД 16:49ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД 13:01ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 15:05Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД 15:02РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА ХОНАВОДАИ МАРҲУМ ФАЙЗАЛӢ РАҲИМОВ ИЗҲОРИ ҲАМДАРДӢ НАМУДАНД 16:55РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ КОРҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ БОЗДИД НАМУДАНД 14:49РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ПАЁМАДҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ АЗ НАЗДИК ШИНОС ШУДАНД 12:43ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД 16:53
Серхонандаҳо
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ДАР ЧИЛДУХТАРОНИ МУЪМИНОБОД
МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТАЛӢ САИД БО НАМОЯНДАГОНИ МАГАТЭ: ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БАРОИ РУШДИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
БОХТАР. БОЗ ЯК КӮДАКИСТОНИ НАВУ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД
ДОНОРОНИ ХУН ЗИЁД ШУДААНД
Ҷ. БАЛХӢ. АЗ НАҚША ЗИЁД ИНШООТ БУНЁД ШУД
Ҷ. Балхӣ. Мумфаршкунии 6 километр роҳ оғоз гардид
ДАНҒАРА. МАЙДОНЧАИ НАВИ ВАРЗИШӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД
ЖУРНАЛИСТЕ, КИ ҶАҲОНРО БО ДИЛ МЕШУНАВАД
БОХТАР. БЕШ АЗ 11 ҲАЗОР НАФАР КӮДАКОНУ НАВРАСОН БА ИСТИРОҲАТ ФАРО ГИРИФТА МЕШАВАНД
ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ ДАР ЯК ХОНАДОНИ ТОҶИК



