Маҷаллаи Сафо
Маслиҳати муфид
Номаҳо
Номи нек ва корномаи пуршараф
Ростӣ ва покӣ – ду арзишеанд, ки Луқмони Ҳаким онҳоро беҳтарин пирояи инсон мешуморид. Зиндагӣ ва фаъолияти Абдӣ Авазов, омӯзгори хидматнишондода ва раиси номдори хоҷагии “Масква”-и ноҳияи Восеъ, намунаи равшани амалишавии ҳамин арзишҳост. Ӯ бо меҳнати ҳалол, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба халқу Ватан номи худро дар таърихи кишвар абадӣ сабт гардонд.
Аз Луқмони Ҳаким пурсиданд:
– Кадом пироя аст, ки бар марду зан некуст?
Гуфт: Ростӣ ва покӣ.
Хушбахтона, дар ҷомеаи мо шахсиятҳое ҳастанд, ки бо дилу дидаи пок, меҳнатдӯстӣ ва садоқат ба халқу Ватан умри бобаракати худро сарфи ободию пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ намудаанд. Онҳо бо заҳматҳои пайваста ва фидокориҳои бемисл дар рушди маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ ва дигар бахшҳо саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Яке аз чунин шахсиятҳои бузургу шарафманд Абдӣ Авазов мебошад, ки тамоми умри пурбаракаташро ба кори пуршарафи омӯзгорӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ бахшид. Зиндагинома ва фаъолияти пурсамари ин фарзанди баруманди диёр барои наслҳои имрӯзу фардо мактаби ибрат аст.
Муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи орденҳои “Ленин”, “Револютсияи Октябр”, “Байрақи сурхи меҳнат”, “Нишони фахрӣ” ва чандин мукофоти олии давлатии замони шуравӣ Абдӣ Авазов қариб 30 сол раиси хоҷагии овозадори ба номи “Масква”-и ноҳияи Восеъ буд. Хизматҳои шоиста ва фидокориҳои ӯ дар рушди кишоварзӣ то имрӯз аз хотири мардум нарафтааст.
Ба нишони эҳтиром ва қадршиносии хизматҳояш ҷамоати деҳоте, ки хоҷагӣ дар ҳудуди он ҷойгир буд, номи Абдӣ Авазовро гирифт. Имсол сокинони ҷамоат ва роҳбарияти ноҳияи Восеъ ҷашни 105-солагии ин қаҳрамони арсаи меҳнат, яке аз пирони деҳқонони Хатлонзамин – Устоди пахтаи тоҷик Абдӣ Авазовро бо самимият ва эҳтироми хоса таҷлил намуданд. Қадршиносии чунин шахсиятҳо рисолати наслҳои имрӯзист.
Абдӣ Авазов соли 1921 дар деҳаи Ғурулдии ноҳияи имрӯзаи Темурмалик, дар оилаи деҳқон ба дунё омад. Кӯдакӣ ва наврасии ӯ ба давраҳои пурошӯби барқароршавии Ҳокимияти шуравӣ, ҳаракати босмачигарӣ ва таъқибҳои солҳои 30-юми асри гузашта рост омад.
Фаъолияти меҳнатиашро ҳанӯз дар 15-солагӣ ҳамчун ҳисобчӣ дар яке аз хоҷагиҳои навтаъсис оғоз кард. Баъдан курси яксолаи муаллимтайёркуниро хатм намуда, дар мактабҳои маҳви бесаводӣ фаъолият бурд. Бо кӯч бастани оила ба ноҳияи Восеъ ӯ ҳамчун номзади арзанда муовини раиси хоҷагии ба номи Ленин таъйин гардид.
Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (факултети таърих) ва чанд соли фаъолияти самаранок, Абдӣ Авазов котиби ташкилоти ҳизбии хоҷагӣ интихоб шуд. Кор дар паҳлуи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Миралӣ Маҳмадалиев барои ӯ мактаби бузурги таҷриба, масъулият ва одамгарӣ гардид.
Соли 1966 Абдӣ Авазов бо тавсияи Миралӣ Маҳмадалиев ва дастури Котиби Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон Мирзо Бобоев раиси яке аз хоҷагиҳои қафомондаи ноҳия – колхози “Масква” таъйин шуд. Ӯ ҳамзамон, ғоибона Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бомуваффақият хатм карда, ихтисоси иқтисодчӣ гирифт.
Аз рӯзҳои аввали раисӣ тамоми ҳастии худро ба кори саҳро бахшид. Шабу рӯз пайи меҳнат буд. Вақте дар авҷи ҷамъоварии пахта ба ӯ хабар доданд, ки писари хурдиаш бемор аст, иҷозат диҳад, ки бо мошини хизматӣ ба беморхона баранд, бо қатъият гуфт:
«Мошини колхоз аз раису аз оилааш нест. Писарамро бо автобус баред, ман бегоҳӣ ба хабаргирӣ меоям».
Ҳамон рӯзи аз беморхона рухсат шудани писараш хоҷагӣ нақшаи “тиллои сафед”-ро барзиёд иҷро намуд.
Сол ба сол хоҷагӣ на танҳо дар пахтакорӣ, балки дар чорводорӣ, парандапарварӣ ва зироаткорӣ низ пешрафт кард. Сатҳи зиндагии мардум боло рафт, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо, хати оби нӯшокӣ ва даҳҳо иншооти иҷтимоӣ бунёд гардиданд. Хоҷагии “Масква” ба яке аз хоҷагиҳои бой ва намунавии ҷумҳурӣ табдил ёфт.
Абдӣ Авазов роҳбари поквиҷдон, хоксор ва шикастанафс буд. Дар солҳои ноороми ҷанги шаҳрвандӣ, вақте гурӯҳҳои мусаллаҳ аз ӯ талаб карданд, ки моликияти давлатиро таслим кунад, бо ҷасорат гуфт:
«Маро парронед ҳам, ба моликияти давлат хиёнат намекунам».
Соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд. Дар қасри фарҳанги хоҷагии “Масква” бо сокинону фаъолони ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар бораи заҳматҳои пайваста ва комёбиҳои ба даст овардаи сокинони ноҳия ёдовар шуда, дар қатори раисони фаъоли хоҷагиҳои номдори ҷумҳурӣ – Саидхӯҷа Урунхоҷаев, Абдуғаффор Самадов, Миралӣ Маҳмадалиев, Карим Исмоилов, Талбак Садриддинов номи деҳқони фидокору раиси номдор Абдӣ Авазовро ҳам бо эҳтиром зикр намуд. Агарчи имрӯз инсони бузургу шарафманд, раиси шуҳратёри ҷумҳурӣ Абдӣ Авазов дар қайди ҳаёт набошад ҳам, фарзандони бонангу номусаш – Шодмон, Анвар, Нуралӣ, Баҳодур, Юсуф, Абдураҳим, Расул ва Донагул кору пайкори ӯро идома дода, номбардори қиблагоҳи худ ҳастанд.
Оре, ёди неки чунин бузургмардон ҳамеша дар дилҳо боқӣ хоҳанд монд.
А. БОБОЕВ, ноҳияи Восеъ
Добавить комментарий
Ахбор
БЕШ АЗ 432 МИЛЛИОН СОМОНӢ РУХСАТПУЛИИ ОМӮЗГОРОН ПАРДОХТ ШУДААСТ 17:40ПЕШРАФТ ДАР СОҲАИ МАОРИФИ ХАТЛОН: АЗ СОХТМОН ТО ДАСТОВАРДҲОИ ОЛИМПИАДАВӢ 12:36ЗИЁДА АЗ 27 ҲАЗОР ҚОНУНВАЙРОНКУНИҲО ОШКОР КАРДА ШУД 12:30ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР 16:57Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт 13:45ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ 14:33ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД? 14:30БОНУИ МАТИНИРОДА 13:39
Серхонандаҳо
РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО РАИСИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ ШИРКАТИ SHAANXI APPLE GROUP CO., LTD. МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА БОҒДОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ҶАЙҲУН ДАР МАСИРИ РУШДИ УСТУВОР ВА СОЗАНДАГӢ
БОХТАР. ТАРАБХОНАИ “KFC” БА ФАЪОЛИЯТ ОҒОЗ НАМУД
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 226 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт
БОХТАР. БОЗСОЗИИ МАҶМААИ “ВАҲДАТ” ОҒОЗ ШУД
ТАТБИҚИ ЛОИҲАИ “ШАҲРИ БЕХАТАР” ДАР БОХТАР
АВФ – БАХШОИШЕ, КИ САРНАВИШТҲОРО ДИГАР МЕКУНАД
АВФ – ОҒОЗИ САҲИФАИ НАВИ ЗИНДАГӢ
ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026 ҶАМЪБАСТ ГАРДИДАНД
ТАРБИЯРО АЗ КАДОМ СИННУ СОЛ БОЯД ОҒОЗ КАРД?



