Маҷаллаи Сафо
Чеҳра
Маслиҳати муфид
Номаҳо
БОХТАР. БУНЁДИ 17 КОРХОНАИ САНОАТӢ ДАР НАҚША
Соли 2025 маҷмуи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Бохтар 419,4 мидлион сомониро ташкил дода, афзоиш ба 126,9 фоиз баробар шудааст. Аз ин ҳисоб ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ 195,2 миллион сомонӣ ё 46,6 фоиз ва сектори хусусӣ 224,2 миллион сомонӣ ё 53,4 фоиз мебошад.
Ин нуқтаро раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Ӯ афзуд, ки аз 57 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ 39 ададаш нисбатан фаъолияти хуб намуда, хаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблаги 88,8 миллион сомонӣ зиёд намудаанд.
Дар баробари ин, 6 корхона истеҳсоли маҳсулотро нисбати ҳамин давраи соли гузашта коҳиш дода, 12 корхона бинобар надоштани маблағҳои гардон ва дигар намудани самти фаъолият, кор накарданд.
Зикр гардид, ки дар доираи 5 солаи рушди соҳаи саноат ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ шудаааст, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони 4 адади онҳо дар соли 2025 пешбинӣ гардида, то имрӯз як корхонаи бетонбарорӣ ба истифода дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар 3 адади онҳо ҷараён доранд.
Инчунин гуфта шуд, ки айни замон дар шаҳр 57 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, самти фаъолияти 11 корхона ба истеҳсоли маҳсулотҳои дӯзандагӣ, 21 адад ба истеҳсоли маҳсулотҳои хӯрокворӣ, 3 адад ба коркарди пахта, 12 адад ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва 10 адади дигар ба истеҳсоли маҳсулотҳои чубин, чопи газетаҳо, маводи шустушӯй, трансформаторҳо, дучарха, барқ ва об равона гардидааст.
С. СУЛТОНОВ
Добавить комментарий
Ахбор
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ 13:44МУЖДА: ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ ДУРНАМОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТАРО 100 ФОИЗ ИҶРО КАРД 13:40ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ 12:16ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ МАКОНИ БУНЁДИ НИШОНИ ДАВЛАТӢ ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 16:34ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ БИНОИ ИЛОВАГИИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ 200 ХОНАНДА БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД 15:30БОЗДИД АЗ РАВАНДИ МУМФАРШКУНИИ РОҲИ МОШИНГАРДИ ДЕҲАИ КӮШОНОБОДИ НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 14:26ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ ПАХТАЧИНӢ ВА СУҲБАТ БО РАИСОНИ ҶАМОАТҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ 12:21РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД 12:11
Серхонандаҳо
ДАВЛАТАЛӢ САИД БО САФИРИ БЕЛАРУС МАСЪАЛАҲОИ ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ ВА КИШОВАРЗИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРМОЯГУЗОРИИ «ХАТЛОН ИНВЕСТ – 2026» ДАР ШАҲРИ БОХТАР БАРГУЗОР МЕГАРДАД
ЁВОН. МУМФАРШКУНИИ 3 КИЛОМЕТР РОҲИ МАҲАЛЛӢ ОҒОЗ ГАРДИД
Гулҳои Гулсара
ПАНДИ МОДАР
Гавҳари зиндагӣ
Як хиёбон дард
ҶАЙҲУН. ҲОСИЛИ САБЗӢ ФАРОВОН АСТ
РАИСИ ВИЛОЯТ БО РАИСОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲО ҶАЛАСАИ КОРИИ МАҶОЗӢ БАРГУЗОР НАМУДАНД
БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ



